Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунеро қабул кард, ки барои имрӯзу фардои кишвари азизамон аҳамияти муҳим дорад. Қонун дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон аз 21 боб иборат буда, дар моддаи дуюми он таъкид мешавад, ки он ба мақсади «ташаккул додани айнияти шаҳрвандӣ, сифатҳои баланди ахлоқӣ, ҳувияти миллӣ, тафаккур ва ҳисси ватандӯстӣ» дар ниҳоди шаҳрвандон қабул шудааст. Ҳанӯз сӣ сол муқаддам назарияпардозону сиёсатмадори аврупоӣ пешбинӣ карда буданд, ки ҷомеаҳои кишварҳои пасошӯравӣ гирифтори буҳрони ҳувият гашта, ба мушкили ҷиддӣ мунҷар мегардад. Дар равоншиносии модерн буҳрони ҳувият ба маънои душвор гаштани дастёбӣ ба ҳувияти нафсонӣ дар даврони навҷавонӣ дониста мешавад. Нишонаву иллатҳо ва роҳҳои баратарф кардани он низ дар навиштаи донишмандон то андозае матраҳ гардидааст. Яке аз омилҳои асосии ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон низ ҳамин омил шумурда мешавад.
Дар шароити кунунии ҷаҳони тағйирёбанда ҷавонони кишвари мо низ ҳамчун қисми осебпазир аз равандҳои бегонашавӣ эамин набуда, тамоми шохаҳои ҳокимият дар баробари он эҳсоси масъулият мекунанд. Қабули ин қонун гувоҳи содиқи ин гуфтаҳост. Ин қонуни ҳаётан муҳим қабл аз ҳама сиёсати давлатӣ дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандонро муайян месозад. Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи тарбии ватандӯстии шаҳрвандон асосан мувофиқи қонуни мазкур фароҳам овардани шароити мусоид барои инкишофи иҷтимоӣ, фарҳангӣ, маънавӣ ва ҷисмонии ҳар шаҳрванд муайян карда шудааст.
Қонуни мазкур ба яке аз нуктаҳои калидии муваффақ гаштани худи ин қонун низ таваҷҷуҳ зоҳир кардааст, ки он гузарондани мониторинги низоми тарбияи ватандӯстӣ мебошад. Ҳар қонун бо ҳадафи танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ ва беҳтарсозии фазои ҷомеа қабул шуда, дар назар дорад, ки ҷомеаи беҳтару комилтар бисозад. Таҷрибаи қабули ду қонуни миллӣ дар даҳ соли охир нишон дод, ки онҳо муваффақона татбиқ гашта, вазъи маънавӣ ва иҷтимоии ҷомеаро беҳтар гардониданд. Раванди миллатсозӣ ва бунёди давлати демокративу ҳуқуқбунёду дунявӣ дар кишвар ба воқеияти бебаҳс табдил ёфта, умедворем ки дар даҳ соли оянда ҷомеаи Тоҷикистон дар боло бурдани сатҳи ватандӯстии шаҳрвандони худ низ ба натиҷаҳои чашмрас ноил мегардад.
Шуъбаи пажӯҳиши маъхазҳои исломӣ