ТАРБИЯИ АҚЛҲО ВА ШИНОХТИ МАНФИАТҲО ҚУДРАТ АСТ

Ҷойи шубҳа нест, ки имрӯз мафкураи насли муосири иддае аз мардуми Ховари миёна таҳти таъсири омилҳои мухталиф ва тарғиби нодурусти арзишҳои сохта бисёр осебпазир ва тундрав гаштааст. Омили аслии ин агар аз як ҷониб манфиатдорони хориҷӣ бошанд, аз ҷониби дигар бесаводӣ ва низоми нодурусти ташаккули мафкураи илмӣ ва миллии худи онҳост. Мафкураи онҳо дар тамизи муносибати неку бади иттилооти рақамӣ, шинохти манфиатҳо ва муносибати баробарвазн намудан бо онҳо мушкилӣ дорад. Пас, ақлҳо бояд тарбия ёбанд, манфиатҳо бояд шинохта шаванд ва бадиҳо бояд тамиз гарданд. Дар ҷаҳони ноором касби ин сифатҳо худ қудрат ва неру аст, неруи бузурги муҳофизи оромӣ ва истиқлол.
Иддае аз тангназарони марказҳои тундрави шарқӣ дар заминаи чолиши андешаҳои озоди ғарбӣ оид ба эътирофи никоҳҳои ҳамҷинс ва дигар аз амалҳои аз назари фарҳанги шарқӣ номақбули ахлоқӣ, реҷаи эътирофи арзишҳои миллӣ ва ё эътиқодиро аз доираи мувозанаи адл берун намуда, даст ба тунравиҳои бештару сахттар мезананд, ки назири онро на таърихи ҳуқуқи шарқӣ ва на мафкураи мусулмонӣ ёд надорад.
Ҳамин тавр, истифодаи нодурусти биотехнология ва технологияи рақамӣ дар сатҳи ҷаҳонишавии манфиатҳо паёмадҳои нобобро барои давлатҳои миллӣ дар роҳи ҳифзи арзишҳои миллӣ ба бор меоварад. Ҷойи усули коркарди чунин технологияҳо ва истифодаи онҳо ба манфиати фарҳанги миллӣ мафкураи иддае аз кишварҳои шарқӣ ба моҷарои мазмуну муҳтавои андешаҳои ин сарчашмаҳо гирифтор шуда, бо дасти ории технологӣ ба ҷанги иттилоотӣ ворид мегарданд. Онҳо мантиқи одиро фаҳмидан намехоҳанд, ки майдон аз онҳост, қонуну қонуниятҳои ҷанг дар дасти онҳост, неру ва симати истифодаи яроқ ба пуррагӣ дар дасти дониши онҳост, онҳо чи тавре ки хоҳанд, ҳамон тавр муноқишаро навъбандӣ менамоянд ва қаҳрамонҳоро месозанд. Ақлҳо дар чунин ҳолат бо сояҳо ва рамзҳо меҷанганд. Онҳо душмани воқеиро аз сояаш тафовут намегузоранд.
Ин аст, ки дар шароити фисқу фасоди алоқаҳои ҳамҷинсу гурӯҳӣ, сиёсисозии эътиқоду боварҳо дар шабакаҳои интернетӣ ва дигар озодиҳои бепардаи ғайриахлоқӣ аз як сӯ ва тарғиби арзишҳои миллии давлатҳои дигар бо усули таърихсозию таърихофарию қаҳрамонсозӣ тавассути моҳвораҳои телевизионӣ ба майнаи ҷавонони мо каҷравиҳои фарҳангӣ, ахлоқӣ ва эътирофи қавмиятбузургии миллатҳои бегона сахт таъсиргузор шудааст.
Ҷойи қаҳрамонони миллии мо Рустаму Суҳроб ва Сиёвушу Деваштиҷу Темурмаликро имрӯз қаҳрамонони сохтаи кӯчманчию ғуломони зархариди Сомониён кӯшиши гирифтан намуда, ҷойи номи зебои тоҷиконаи миллати моро, ки ҳар як мазмун ва моҳияти созандагӣ ва ободкорӣ дошт, номҳои бегонаи бадавиён ғасб менамояд. Мафкураи иддае аз ҷавонони мо дар роҳи ҳимояи арзишҳои миллӣ ба дараҷае ба мушкилӣ мувоҷеҳ шудааст, ки ҳатто ба арзишҳои таърихии худ баҳои дуруст дода наметавонанд, онҳо зери таъсирӣ бегонапарастӣ номҳои худро ба сатҳе бегона мекунанд, ки ҳатто ҳикмати Фаридун ном гузоштани набераашро аз ҷониби Мавлонои Балхӣ, дарк намекунанд.
Маҳз, ба ҳамин хотир Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон аз 21 декабри соли 2021 дастуру супориш доданд, ки «Олимони ҷомеашиноси моро зарур аст, ки якҷо бо зиёиёни эҷодкор дар шароити ҷаҳонишавӣ бо мақсади ҳифзи арзишҳои миллӣ, таъриху фарҳанг ва забону адабиёти миллати куҳанбунёдамон дар роҳи ба ҷаҳониён ҳар чи бештар муаррифӣ кардани таърих, тамаддун ва фарҳанги халқи тоҷик рисолати шаҳрвандиву миллии худро ба таври шоиста иҷро намоянд» (ниг.: Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ». Махзаи электиронӣ https://prezident.tj/event/missives/24850. 21.12.2021 (санаи муроҷиат: 17.07.2024)). Мо бояд кӯшиш намоем, ки мафкураи ҷавонони худро аз олудагиҳои беҷо тоза намоем. Ҷаҳонбинии онҳоро дар роҳи созандагӣ тавассути фарҳанги ахлоқии ниёгонамон бо аслҳои таҳаммулгароӣ, инсондӯстӣ ва меҳру муҳаббати инсонӣ ғанӣ намоем. Маҳз, ҳамин хислатҳо буданд, ки фарзандони модари тоҷик дар масири таърих ҳам адабиёти оламшумул ба мерос гузоштанду ҳам қаҳрамонони бемисл тавлид намуданд дар масрири таърих. Имрӯз душманони мафкуравии мо кӯшиш мекунанд, ки аз ин арзишҳои ҳувиятсози миллӣ фарзандони моро дур намоянд. Мо бояд ин ҳақиқатро дарк кунем, ҷиҳати мубориза бо ин таҳдидҳо дар чунин шароити бархурди манфиатҳо барои ҳифзи мафкураи миллӣ омода бошем. Зеро, онҳо донистаю надониста аз тангназарию тундгароияшон ба фарҳанги миллии мо зарар мерасонанд.
Ин аст, ки тарбиятгирандагони мактабҳои тундрави динии навбаромад ба дарки ҳикмати дӯстии Мавлонои Балхӣ бо Гурҷи Хотун (ниг.: Бред Гуч. Секрет Руми. Жизнь суфийского поэта любви. – Душанбе: «Эр-граф», 2021. – С. 234), ба муҳаббати инсонии ӯ бо Шамс, ба моҳияти инсонгароии нишастҳои шабонаи Мавлоно дар халқаи занони сурудхону раққос (ниг.: Бред Гуч. Секрет Руми. Жизнь суфийского поэта любви. – Душанбе: «Эр-граф», 2021. – С. 235) дуруст сарфаҳм нарафта, дӯстии инсонии ӯро бо фоҳишаи раққос (ниг.: Бред Гуч. Секрет Руми. Жизнь суфийского поэта любви. – Душанбе: «Эр-граф», 2021. – С. 244) беолоиш қабул накарда, зиёрату нишастҳои ӯро дар маъбади Афлотуни юнонӣ бо роҳибони византиёӣ, арманӣ, тирабзонӣ (ниг.: Бред Гуч. Секрет Руми. Жизнь суфийского поэта любви. – Душанбе: «Эр-граф», 2021. – С. 243) бидуни таассуб дар паҳнои манфиати уфуқи ҷанги тамаддунҳои муосир шикаста қабул карда; дар зери таҳоҷуми хурофотии иддае аз тунравони динӣ ба ҳукм ва инкори якҷонибаи арзишҳои миллии мо – таҳаммулгароӣ, инсонгароӣ, эҳтироми волидайн, зан-модар ва ғ. камари ҳиммат бастаанд. Ин навъи миллатдӯстӣ ва исломгароӣ шаҳодати мафкураи носолим буда, сабақи дуруст набардоштан аз фишори ҷаҳонишавии манфиатҳост. Дар чунин шароити бархурди манфиатҳо кур-курона пайравӣ кардан ба фарҳангу тамаддуни бегона хатар ба ҳастии давлатҳои миллӣ маҳсуб меёбад, зеро дар шароити имрӯза ҳамон давлатҳое муваффақу пурқадрат мегарданд, ки шаҳрвандонашон донишу мафкураи созанда доранд.

Холиқзода Абдураҳим Ғафор – директори муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ» дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор
Шосаидзода Шаҳбоз Шосаид – сардори шуъбаи пажӯҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавии муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ» дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ

Яндекс.Метрика