Шайх Аттори Нишопурӣ (1145-1221) дар таърихи адабиёт на танҳо чун орифи номвар, балки яке аз чеҳраҳои тобноки адабиёти сӯфия ва муаллифи осори фаровони ирфонӣ шинохта шудааст.
"Тазкирату-л-авлиё"-и Фаридуддин Аттори Нишопурӣ аз нахустин тазкираҳои ирфонии адабиёти форсӣ-тоҷикӣ буда, бо шеваи насри аҳди аввали адаби форсу тоҷик эҷод шудааст. Аттор зиндагиномаи мухтасари машоихи сӯфия, ҷаҳоншиносӣ ва русуму суннати эшон, зинаву мақомоти сулук, мабоҳиси муаммои марказии тариқат, тарбияи нафс ва марҳилаҳои камолоти башариро бозгӯ месозад. Дар ин китоб зикри 97 нафар машоихи сӯфия гирд оварда шудааст. Китоб бори нахуст пурра бо ҳуруфи имрӯзин чоп шуда барои муҳаққиқону дӯстдорони забон, адабиёт таърихи тасаввуф ва доираи васеи хонандагон тавсия мешавад.
Бознашр аз саҳифаи Саидҷон Амонов