ТАБРИКОТИ ДИРЕКТОРИ МАРКАЗИ ИСЛОМШИНОСӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ

Татбиқи ғояҳои ҷомеаи демократӣ, таҳкими пояҳои андешаи давлати миллӣ, рушди устувори Тоҷикистони соҳибистиқлол, фароҳамгардидани зиндагии шоистаи сокинони мамлакат ва ворид гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сархатти кишварҳои амнтарину оромтарини сайёра давоми солҳои охир ҳама аз таъмини амнияти милливу давлатӣ ва суботи доимии сиёсӣ дар кишвар шаҳодат медиҳад.

Дар таҳкими давлати ҳуқуқбунёд ва демократӣ мақомоти амният мавқеи хосаро ишғол намуда, кормандони ин ниҳоди давлатӣ дар таъмини якпорчагии кишвар, пойдории Истиқлоли миллӣ, ҳифзи марзу буми Ватани азизамон ҷасорати баланд нишон дода, борҳо собит намудаанд, ки хизмат ба халқу кишвари азиз, пуштибонӣ аз сулҳу оромӣ вазифаи асосӣ ва қарзи муқаддастарини ҳар фарди ватандӯст ва хештаншинос мебошад.

Таҷрибаҳои бадастомада аз фаъолияти назаррас, нодир ва таърихии кормандони мақомоти амнияти миллӣ дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат дар муқобили терроризму экстремиз ва ҷангҳои иттилоотӣ собит намуд, ки кормандони ниҳоди мазкур родмардони ҳақиқии Ватан ва муҳофизони истиқлолу озодӣ мебошанд. Қобили зикр аст, ки кормандони ин мақомот вазифаҳои аз ҷониби Президенти мамлакатамон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таъмини амнияти давлат, пешгирии амалҳои террористӣ, ифротгароӣ ва дигар ҷиноятҳои сангин гузошташударо бо сари баланд ва шуҷоату матонат иҷро намуда истодаанд.

Аз ин ҷост, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо арҷгузорӣ ба хидматҳои шоистаи кормандони мақомоти амнияти миллӣ гуфтаанд: «Мардуми Тоҷикистон аз заҳмату хизмати шабонарӯзии Шумо – кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ сипосгузор аст ва ҳукумат низ ин ҷасорату фидокории шуморо дар роҳи дифои манфиатҳои Ватану миллат ҳамеша баланд қадрдонӣ мекунад».

Бо истифода аз чунин фурсатҳои нек ба роҳбарият, кормандон ва собиқадорони мақомоти амнияти миллӣ тансиҳатӣ, хонаободӣ ва ба якояки Шумо родмардони Ватан пирӯзӣ ва муваффақиятҳои рӯзгорро таманно менамоем!

Роҳбарияти Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти ҶТ

Яндекс.Метрика