Модели демократияи либералӣ дар Тоҷикистон, ки дар он манфиатҳои сиёсии аҳзоби сиёсии дунявӣ ва хусусияти динӣ дошта, дар фазои озодии сухан, гуногунандешӣ, озодии муборизаи сиёсӣ, кӯшиши ба ҳам омадан намуданд, аз дастовардҳои бузурги давлатҳои ҷавони мустақил дар даҳсолаҳои охир ба шумор мерафт. Таҷриба нишон дод, ки ба ин дастовард хатарҳои воқеӣ аз зинаи аввал таҳдид дорад. Ин буд, ки ин модел бо дарназардошти гуногунии ҳадафҳо натавонист ба амният ва истиқлоли сиёсӣ содиқона хизмат намояд.
Ба бисёриҳо аз ибтидо маълум буд, ки мавҷудияти унсурҳои (аҳзоби) дунявӣ ва исломӣ дар фазои озоди муборизаи сиёсӣ падидаи муваққатӣ дар ҷамъият аст. Дар ояндаи наздик нуқтаи ниҳоӣ бояд ба яке аз онҳо гузошта шавад. Эҳтимол онҳое, ки аз хориҷ ин моделро пешниҳод мекарданд интизориҳои худро доштанд. Ҳарчанд, ки чунин тундравӣ ва инкорсозӣ ба манфиати ваҳдати миллии мо набуд, вале воқеият ногузирии онро собит сохт.
Дунявият дар чорчӯби Конститутсия, қонунҳои амалкунанда ва уҳдадориҳои байналмилалӣ дар симои Ҳукумат ва давлат рисолати созишии худро то охир дифоъ кард, вале мутаассифона, сиёсисозони ғаразноки исломӣ, аз аввал, ки нияташон бад буд, риояти созишро яксӯ гузошта, аҳдшиканона кӯшиши табаддулоти давлатӣ намуданд. Ҳизби динӣ номумкин будани зуҳури худро дар паҳнои давлати дунявӣ бо рафторҳои зишту террористӣ амалан собит кард. Ин ҳолат бори дигар собит кард, ки беҳтарин роҳ барои мо давлати дунявӣ ва демократию ҳуқуқбунёд аст, ки таъминкунандаи озодиҳои эътиқодии мо баромад менамояд.
Мо аз назари илми ҳуқуқ расман дар шохаи мустақили низоми ҳуқуқии римӣ қарор дорем, ки он аз таҷрибаи ҳуқуқии давлатҳои аврупоӣ тафовутҳо дорад. Неруҳои сиёсии дар майдони мубориза дар фазои давлати демократӣ муборизабаранда, низ бояд ин омил¬ҳоро ба назар гирифта, аз ғалабаи комилу маҳви ҷониби дигар даст кашанд, зеро ҳуқуқи баёни андеша ва интихоби оину шакли зистро таърих ва анъанавият ба тарафи муқобил низ додааст. Аз ҳама муҳим бо такя ба таҷрибаи мазҳаби бобоӣ аз сиёсисозӣ ва махлутгардонии эътиқодамон ва динамон дар оянда эҳтиёт намоем. Зеро шабаҳи он бо усулҳои мухталиф ҳанӯз аз димоғи наберагони туркони оғузию мардуми ба фиғон гирифтори ҳамсоя ба самтҳои мухталифи Ховари Миёна алвонҷ мехӯрад. Чунин раванди сиёсисозии дин ба назари мо дар ҳеҷ сурат ба фоидаи давлату миллату дин буда наметавонад. Барои саодати рӯҳии ҳар мусулмони комил, тоату ибодат кардан, ба Худои худ озодона роз гуфтан, баландтар аст, аз худнамоиҳои динию сиёсӣ ва зоҳирпарастии бемавқеъу хурофотӣ. Чунин фазои озодро имрӯз танҳо давлати демократию дунявӣ ва ҳуқуқбунёд пешниҳод менамояд.
Ғарбикунонии аз ҳад зиёди сиёсат ва ҳуқуқ, маҳдуд кардани ҳисси миллӣ ва динӣ низ ба монанди сиёсӣ намудани боварҳои динӣ барои ояндаи Тоҷикистон хатарноканд. Президенти ҷумҳурӣ дар яке аз маърӯзаҳояшон хеле бамавқеъ гуфтанд, ки мо бояд аз таҷрибаи Эрони қабл аз исломию баъди исломӣ сабақи дуруст бардорем. Дар ин ҳолат ҳимояи ҳуқуқи халқ ва эҳтироми ҳуқуқи ақаллиятҳои миллӣ ва динӣ беҳтар аст.
Албатта, шуури оммаро дар ҳолате, ки аз донишҳои лозимӣ ғанӣ нест, ба ҳар маҷро равон сохтан мумкин аст, вале чунин таҷриба ба он оварда мерасонад, ки иваз намудани хатти марказии инкишофи миллат ба ҳукми одат медарояд. Дар чунин сурат роҳи таърихии мо гирдгардон буда, инкишоф ва пешравӣ дар он дида намешавад. Ба ғайр аз ин, фаъолгардии дин ҳамчун падидаи сиёсӣ ва такяи он ба омилҳои беруна ва дар баъзе мавридҳо ифротгаро, ба татбиқи принсипҳои сохтори давлатие, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, мушкилиҳо эҷод менамояд.
Фармони Президент дар масъалаи таъсиси Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба низоми таълимгоҳи давлатӣ ворид намудани мадрасаи исломӣ беҳтарин ва олитарин иқдомест дар пешгирии хатари мазкур. Имрӯз таҳдидҳое, ки ба фазои сиёсии мо аз самти муқобил ворид мешаванд, аксаран мафкуравӣ ва ғоявӣ мебошанд. Аз ин рӯ, мо низ ба онҳо бо мафкура ва ғояи солим бояд мубориза барем. Мо бояд дар ёд дошта бошем, ки ҷаҳонишавии манфиатҳо моро ҳам аз Шарқ ва ҳам аз Ғарб таҳдид мекунад, зеро мо дар нуқтаи сарҳадии ду тамаддун исломӣ ва ғарбӣ ва ду маданият қарор дорем. Ҳар амали сиёсӣ ва ҳуқуқии мо бояд усулҳои ҳимояи манфиатҳои миллиро аз ин ду хатар дошта бошад. Беҳтарин воситаи ҳимоя аз ин ду хатаре, ки на танҳо аз хориҷ ба мо нигаронида шудааст, инчунин бо таҷрибаи ҳуқуқӣ ва таърихии халқ иртибот доранд, дар садсолаҳои наздик ин ғизо додани ғояи андешаи давлати миллӣ ва бунёди давлати миллии тоҷикон аст.
Давлате, ки тавонад бо усулҳои мутақобили ҷараёнҳои ҷаҳонишавӣ бо истифода аз компонентҳои ҷаҳонишавӣ, манфиатҳои дохилии халқи худ, соҳибихтиёрии давлатӣ ва истиқлолашро бо ҳифзи арзишҳои миллию эҳёи анъанахои таърихӣ ҳифз намояд. Ин давлатест, истифодаи таҷрибаи шарқию ғарбиро дар ҳадди муайян нигоҳ дошта, шаҳсутуни идора, сиёсат ва ҳуқуқи хешро дар таҳкурсии арзишҳои миллӣ, дар мувозинаи манофеи байналмилалии им¬рӯз ва фардо таҳким мебахшад.
Ин давлатест, ки бо ҳама гиромидошту эҳтироми ҷанбаҳои шарқию ғарбии инкишоф махсусияти худро ҳамчун давлати комилҳуқуқ бо арзишҳои миллӣ ва анъанавиаш нигоҳ медорад. Дар даҳсолаҳои наздику дур мо хоҳем нахоҳем компоненти муҳимми ин давлатро манфиати миллати Тоҷикистон ҳамчун халқи Тоҷикистон, бо фарҳанги ягона, забони ягона, оини зиндагии умумиятдошта, ваҳдати умум ва муттаҳидӣ атрофи ғояҳои Пешвои муаззами миллат ҳамчун консепсияи рушди хосаи давлатдории миллӣ ташкил медиҳад.
Холиқзода Абдураҳим Ғаффор – директори муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ» дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор
Шоев Фируз Маҳмадаминович – сармутахассиси шуъбаи пажӯҳиши ҳуқуқи исломии муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ» дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент
Искандаров Шарафҷон Фахриддинович – мутахассиси пешбари шуъбаи пажӯҳиши ҳуқуқи исломии муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ» дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент