Санаи 8-уми декабри соли равон, дар Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шарҳу тавзеҳоти мақолаи коршинос А. Раҳнамо зери унвони “Мавқеи Тоҷикистон ё чаро Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари таҷовузгар нест?” семинари омӯзишӣ бо иштироки кормандони Маркази исломшиносӣ баргузор гардид.
Сараввал, директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Холиқзода Абдураҳим семинари омӯзиширо ҳусни оғоз бахшида, андешаҳои худро ба таври мухтасар чунин баён дошт:“Мақолаи коршинос А.Раҳнамо бо номи “Мавқеи Тоҷикистон ё чаро Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари таҷовузгар нест?”фарогири далелҳои муҳими таърихӣ буда, омӯзиш ва мутолиаи он барои ҳар як фарди худшиносу меҳандӯст ҳатмист.
Дар идома муовини аввали Маркази исломшиносӣ Рустам Азизӣ мақолаи коршинос А. Раҳнаморо шарҳу тавзеҳ дода, зикр кард, ки ҳақиқати раднопазири таърихиро наметавон инкор кард.
Инчунин, мудири шуъбаи пажӯҳиши исломи муосир Далер Баҳромбеков дар бораи мазмуну муҳтавои мақола, заминҳои аҷдодии тоҷикон, далелҳои муҳими таърихӣ, ба имзо расидани созишномаҳо, муноқишаҳои сарҳадӣ ва ҷангҳои иттилоотӣ ҳангоми муноқишаву баҳсҳои марзӣ фикру мулоҳизаҳои хешро баён дошт.
Дар фарҷом, миёни кормандони Маркази исломшиносӣ вобаста ба муҳтавои мақола суҳбати озод ва саволу ҷавоби судманд сурат гирифт.
Абдуллоҳи Қодирӣ - шуъбаи пажӯҳиши исломи муосир