Санаи 1-уми феврали соли 2024 Семинари илмӣ дар мавзўи “Таҳаввулоти назарияи дунявият: таҳлили назариявӣ - амалии вазъ ва амалкарди он дар ҷомеа” бо иштироки ходимони дини шаҳри Душанбе ва олимону муҳаққиқон, пажӯҳишгарони соҳаи диншиносӣ баргузор гардид.
Дар кори семинар котиби илмии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳрамбеков Маҳрамбек иштирок ва суханронӣ намуданд.
Мавсуф таъкид намуданд, ки таҳаввулоти назарияи дунявият дар раванди ҳаёти ҷомеаи мусулмонӣ хеле гуногун ранг аст.Дунявият ҳамчун сохти давлатдорӣ дар ҳамон шакле, ки имрўз пазируфта шудааст, дар таносуб ба меъёрҳои таърихии он кулан нав аст. Бо вуҷуди ин, шарҳҳои гуногуни ин мафҳум миёни мутахассисони касбу кори гуногун мавриди баҳс қарор дорад. Аксар вақт дунявиятро дар мазмунҳои манфӣ, ғайридинӣ ва зиддидинӣ баён мекунанд. Шакли муосири дунявияти давлат ҳамчун падидаи таърихӣ дар Ғарб дар замони мубориза барои қудрат байни низоми подшоҳӣ ва калисои католикӣ ба вуҷуд омада буд [1, 149-162].
Дар асоси ҳамин принсип давлати дунявӣ дар тасмимгириҳои худ аз арзишҳои динӣ дида, ба арзишҳои миллӣ ва дунявӣ бештар такя мекунад. Аммо, ҳамкории он бо ниҳодҳои динӣ дар шаклҳои гуногун мавҷуд буданд ва ин ҳам барои худи давлат ва ҳам барои шаҳрвандони он аҳамияти иҷтимоӣ дошт. Муҳимтарин назарияи муносибати давлат ба дин дар даврони модернизатсияи ғарб ин буд, ки «тафаккури динӣ, амалияи он тадриҷан аҳамияти худро гум мекунанд» ва ҷомеа ба навсозии муносибатҳо дар оянда қодир аст [2,14]. Дар чунин ҳолат, табиати дунявии ҷомеа ба одамон имкон медиҳад, ки бо вуҷуди тафовути эътиқод, ақида ва ҷаҳонбинӣ ба ҳамдигар дар як ҷомеа зиндагӣ кунанд.
Аз ин рӯ, нигоҳ доштани табиати дунявии ҷомеа дар фаҳмиши муосири он бо принсипҳои зерин муҳим аст:
- мустақилияти давлат аз дин - бетарафии давлат нисбат ба ин ё он дин;
- таъмини озодии виҷдон, озодии омӯзиш, иҷрои аҳком ва пешгирии дингароии ифротӣ;
- ягон дини расмӣ эътироф карда намешавад;
- ҳуқуқи ҳар як фард барои пайравӣ кардан ба ягон дини интихобкардаи худ ё пайравӣ накардан ба ягон дин;
- мамнўъ будани тарѓиби дин ва маросимҳои ибодатӣ дар муассиасаҳои таълимӣ;
- таҳаммулпазирӣ нисбат ба динҳои дигар ва эътирофи ҳуқуқи мавҷудияти онҳо.
Бояд гуфт, ки асосҳои дунявии сохти давлатӣ принсипҳои амалии озодии виҷдонро бевосита муайян мекунанд. Давлати дунявӣ ҳуқуқҳои шаҳрвандонро ба озодии эътиқоди динӣ, паҳн ва таблиғи он ба таври қонунӣ кафолат дода, таъмин менамояд. Дар баробари ин хусусиятҳои давлати дунявӣ дар муносибат бо ташкилотҳои динӣ масъалаҳои меҳварӣ ва арзишӣ дар намунаи зерин боқӣ мемонанд:
-иттиҳодияҳои динӣ ба низоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ дохил карда нашудаанд;
-давлат худро ҳуқуқбунёд эълон намуда, ба шаҳрвандон озодии виҷдон, эътиқод ва динро кафолат медиҳад;
-давлат гуногунии идеологиро эълон карда, монополияро дар соҳаи маънавии ҷомеа рад мекунад;
-аъзоёни ҷомеа, сарфи назар аз муносибати онҳо ба дин, мансубият ба ягон дин, ҳуқуқу озодиҳои баробар доранд [3, 273].
Дар аксари кишварҳои ҷаҳон яке аз принсипҳои бунёдӣ дунявият будани давлат мебошад, ки ба таҳкими пояҳои дунявӣ ва пешгирӣ аз истифодаи дин ба ҳадафҳои тахрибкорона нигаронида шудааст. Метавон гуфт, ки сиёсати аксари кишварҳои дунявӣ нишон медиҳад, ки идеяи давлати дунявӣ то чӣ андоза муҳим аст. Равандҳои муосири навсозӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа боиси тағйири назарраси нақш ва мавқеи дин дар фазои ҷамъиятӣ гардидаанд. То имрӯз тибқи нишондиҳандаи низомҳои муносибатҳои давлатӣ-конфессионалӣ аз 197 давлат 12 давлат динӣ, 60 давлат дорои мазҳаби расмӣ, 5 давлат дорои идеологияи зиддидинӣ, 120 давлат принсипи дунявӣ дар сатҳи қонунгузорӣ муқаррар карда шудааст [4, 273].
Маҳрамбеков М. – Котиби илмии Марказ