Сабабҳои асосии гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ

Ба ҳамагон маълум аст, ки дар шароити кунунӣ гаравидани наврасону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ бештар ба назар мерасад.Қурбониёни бештари ин гурӯҳҳои тундрав ҷавонон ба ҳисоб мераванд. Ва албатта ин ҳолат боиси ташвишу нигаронист.

Имрўзҳо дар атрофи хатари ифротгароӣ ва тероризм ба сифати омили нисбатан хавфнок, ки бевосита ба ҳаёти ҷамъиятӣ - сиёсии кишварҳо таъсири ногувори худро мерасонад, андешаҳо тариқи воситаҳои гуногуни иттилоотӣ расонида мешаванд. Чун аксарияти истифодабарандагони шабакаҳои интернетиро ҷавонон ташкил медиҳанд.

Бо сабаби дуруст дарк накардани иттилооту маълумотҳо, надоштани саводи кофӣ, нодуруст истифода бурдани шабакаҳои интернетӣ беихтиёр шомили гурӯҳҳои ифротӣ мегарданд.

Дар шароити шиддатёбии ҷаҳонишавӣ ва паҳн гаштани бӯҳрони иқтисодиву молиявии умумиҷаҳонӣ экстремизм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам дар тамоми ҷаҳон яке аз падидаҳои хатарнок ба ҳисоб меравад.

Ифротгароӣ ва тероризм дар воқеъ падидаи нохуб буда, дар замони муосир вобаста ба омилҳои маъмули ҷаҳонишавӣ бо хислат ва шаклҳои гуногун фарогири андеша ва амалҳои як қишри таркибии аҳолии давлатҳо ба хусус ҷавонон гардида истодааст.

Ба андешаи мо, сабаби чунин рух додани ҳодисаҳо пеш аз ҳама дар сатҳи паст қарор доштани тарбияи ҷавонон, робитаи нокифояи падару модарон бо мактаб, риоя нагардидани талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ки боиси ба дарсшиканӣ роҳ додани ҷавонон ва афзоиши ҷинояткорӣ оварда мерасонад, дида мешавад.

Ҳамин тариқ, барои мубориза бурдан ба ин зуҳуроти номатлуби терроризму ифротгароӣ бояд ҳамаи қишрҳои ҷомеа ва махсусан ҷавонон дарки масъулият намуда, дар якҷоягӣ ба он мубориза барем.

Ҷавонон, ки аз ҳама қишри осебпазир дар ҷомеа мебошанд, набояд зудбовар, содда ва фирефтаи суханҳои дурўғини чунин бадхоҳону бадандешон шуда, ба ҳар гуна ҷараёнҳои ифротгарою террористӣ шомил шаванд. Вазифаи ҷавонон танҳо ва танҳо саҳм гузоштан дар пешравию тараққиёти кишвар, пойдор нигоҳ доштани сулҳу субот, осоиштагии ҷомеа ва ҳифз намудани Ватани азизамон аз хатарҳои беруна мебошад.

 

Сиёсатшинос, 

Абдуллоҳи Қодирӣ

 

 

 

Яндекс.Метрика