(Андешае дар партави мақолаи профессор Э.Насриддинзода)
Мақолаи доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, узви вобастаи АМИТ Эмомалӣ Насриддинзода дар мавзўи «Нақши бузурги Пешвои миллат дар бунёди НБО-и «Роғун» ва аҳамияти байналмилалии ин иншооти аср», ки ба фаъолияти ободкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида шудааст, аҳамияти бузурги сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва тарбиявӣ дошта, як рукни муҳимми давлатсозии халқи тоҷикро дар марҳалаи муосир бо рисолати таърихии пешвояш муаррифӣ менамояд. Мақола аз се нуктаи назар ба назари мо аҳамияти илмӣ, амалӣ ва таърихиро доро аст.
Аввалан, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ин рӯйдоди муҳим баробар ба инқилоби энергетикӣ аст, ки мислашро мардуми аксари кишварҳои ҷаҳон орзу менамоянд. Мо ҳамагӣ шоҳиди он будем, ки Пешвои миллат бо вуҷуди мушкилоти молиявию иқтисодӣ дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, бо дарки масъулияти бузург дар назди мардуми Тоҷикистон тамоми саъю кўшиши худро ба бунёди ин иншооти аср сафарбар намуд. Ҳарчанд, ки бисёриҳо аз дохилу хориҷ шубҳа намуданд, роҳбари мо тавонист ҳамчун Пешво ин масъулияти азимро бо сари баланд паси сар намояд. Роғун танҳо дастоварди бузурги иқтисодии мо не, балки дастоварди навбатӣ ва маънавию ҳуқуқии Пешвои давлатсози мост, ки барои наслҳои оянда чун муҳаррики рушди маънавӣ хизмат менамояд.
Сониян, Роғун идомаи такомули мактаби созандгии халқи мост, ки синфи коргари созанда ва саноатиро таҳти ҳидоятҳо ва роҳбарии Пешво дар майдони иқтисодии кишвар ташаккул дод. Пешво бо Роғун заминаи воқеии саноатикунонии кишварро таҳия намуда, вазифа ва марҳалаи навбатии рушди мамлакатро ба самти дастовардҳои навин ҳидоят карданд. Аз ин хотир, таъкидоти муаллиф роҷеъ ба он ки Роғун аҳли ҷомеа, махсусан насли ҷавонро ба созандагию ободкорӣ дар заминаи иқтисоди сабз ҳидоят менамояд, нишонрас ва воқеӣ аст.
Солисан, Роғун дар зеҳни мардуми мо ғояи ифтихор аз ватану ватандориро талқин намуда, ба халқ ва давлати мо имкон медиҳад, ки муносибатҳои дўстиву ҳамдигарфаҳмӣ ва дастгирию ҳамзистии осоиштаро миёни ҳамсоягон ба маротиб қавӣ гардонад. Он 15 ҷанбаи муфид ва фоидаовари НБО-и Роғун, ки муҳтарам муаллиф ба онҳо ишорат менамояд, воқеан бўъдҳои нусратовари ин иншооти асранд, ки даҳсолаҳои оянда симати инсондӯсту ҳамсояпарвар, созандаю эҷодкор, ҳимматбаланду худшинос будани миллати моро амалан собит менамоянд.
Хулоса, мақолаи профессор Насриддинзода Эмомалӣ дар шароити муосир як сарчашмаи нодири худшиносӣ, меҳангароӣ ва ватандўстӣ буда, эҳсоси гарми қадршиносиро аз заҳматҳои содиқонаи Пешво дар дили мардум эҳё менамояд. Мо аминем, ки баъди пурра ба кор даровардани “Роғун” он Кохи нур, ба боргоҳи бузурги нуру муҳаббат бадал шуда, меҳру муҳаббати мардуми Тоҷикистон ба Пешвои худ, ба ватани азиз ва синфи заҳаматкашаш нури дигаре дар давлатдории миллии мо зам менамояд.
Доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Холиқзода Абдураҳим