Рафтагон рафтанд, фикри мондагон бояд кунем,
Дар мақоми сабр худро имтиҳон бояд кунем.
Остони худ надида осмон ҷустем чанд,
Остони пасти худро осмон бояд кунем.
Чанд менолӣ, ки миллат пир шуд, чун боғбон
Ин дарахти пир пайванди ҷавон бояд кунем.
Хушк шуд дарёи мо, то рафт бар шохобҳо,
Боз аз ин шохобҳо баҳри дамон бояд кунем.
Тоҷ дар осорхона, як сари шоиста нест,
Як сари шоистаи тоҷи каён бояд кунем.
Сарзамини ориён чун суфраи сагкандаест,
Суфраро озод аз чанги сагон бояд кунем.
Мо зи авлоди Худо ҳастем,мегӯянд, чун
Саҷда сӯи қиблаи бегонагон бояд кунем?
Бояд аз ҳар чакра хуне офтобе сохтан,
З-он ҳама як офтоби ориён бояд кунем.
Шеър: Аз Алии Муродӣ
Тадвин: А.Қодирӣ