Паёми солонаи Президент фарогири ҳамаи масъалаҳои муҳим дар сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ буд. Дар шароити кунунии ҷаҳонишавӣ ва тағйирёбии босуръати вазъи ҷаҳон гирифтани тасмими дуруст метавонад муҷиби боландагии як давлат ва баръакс интихоби роҳи хато мардумони як кишварро метавонад ба мусибатҳои бешумор гирифтор кунад. Ҳаводисе ки дар баъзе кишварҳо имрӯз ҷараён дорад далели ҳамин иддаост. Дар Паёми худ Пешвои миллат фармуданд, ки сӣ сол муқаддам Ҷумҳурии Тоҷикистон робитаҳои сиёсӣ ва дипломатияшро бо бештари кишварҳои ҷаҳон истиқрор бахшид. Самараи ин робитаи ҳасанаро мардуми кишвар мебинанд, ки асоситарини он барқарории сулҳу субот дар мамлакат ва тадриҷан беҳтар гаштани вазъи зиндагии мардум мебошад.
Дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон се навъи робитаҳои хориҷӣ эътироф шуда, робита бо шарикони стратегӣ дар ҷойи нахуст қарор дорад. Шарикони стратегии Тоҷикистон кишварҳое дониста мешаванд, ки дар масъалаҳои усулии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ бо давлати мо ҳамраъю ҳампаймон буда, ду тараф аз чунин робитаҳо баҳрабардорӣ мекунанд. Дар панҷ соли охир беҳтарин дастоварди Тоҷикистон оддӣ сохтани робитаҳо бо яке аз кишварҳои ҳамсоя ва талоши раҳбарони ду тараф барои то сатҳи шарикии стратегӣ боло бурдани ин муносибатҳо мебошад.
Муносибати ҳасана бо Шарикони анъанавӣ низ дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон нақши муассир дорад. Дар ин замина кишварҳои бузурги сармогузори Осиё ва Аврупо бо Тоҷикистон ҳамкориҳои дарозмуддати манфиатбахшро ба роҳ мондаанд.
Саввумин самти истиқрори равобити Тоҷикистонро муносибат бо шарикони боэътимод аст, ки дар масъалаҳои усулии равобити байналмиллалӣ пешгоманд. Ин кишварҳо талошҳои раҳбарияти олии кишвари моро арҷ гузошта, омодагии худро барои густариши робитаҳои дуҷониба эълон кардаанд. Узвияти Тоҷикистон дар чандин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ ва ба ҳайси мизбон баромад кардани кишвари мо боиси баланд шудани обруву нуфузи байналмиллалии Тоҷикистон гардид.
Дигар қисмати муҳими сиёсати хориҷии Тоҷикистон, ки дар Паёми имсола ба он ишора шуд, робита бо созмонҳои байналмиллаӣ мебошад, ки дар раъси он Созмони Миллали Муттаҳид қарор дорад. Ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ гузашта аз хидмати арзишманд дар истиқрори сулҳу ризоят дар, кишвари пешниҳодҳои ҷониби Тоҷикистонро омӯхта, дар сатҳи байналмиллалӣ ҷонибдорӣ мекунад, ки эълон шудани соли 2025 ҳамчун «Соли байналмиллали ҳифзи пиряхҳо» аз ҷумлаи чунин дастгириҳо мебошад.
Яке аз нуктаҳои калидии Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муборизаи бомаром бо зуҳуроти номатлуби ҷаҳони муосир – терроризм ва ифротгароӣ мебошад. Бо ин мақсад бо бештари созмонҳои ҷаҳонӣ робитаи пойдор барқарор гардидааст. Дар даҳсолаи охир ду санади муҳим – стратегияҳои муқовимат ба терроризм ва ифротгароӣ қабул гардид, ки муваффақона татбиқ мегарданд. Дар ин муборизаи беамон ба ғайр аз ниҳодҳои масъул бояд тамоми қишрҳои ҷомеа, махсусан рушанфикрон фаъол бошанд.
Шуъбаи пажӯҳиши маъхазҳои исломӣ