ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ ДИРЕКТОРИ МАРКАЗИ ИСЛОМШИНОСӢ БА МУНОСИБАТИ ИДИ САИДИ ФИТР

Аз фурсати муносиб истифода бурда, кулли мардуми саодатманди кишвар бахусус кормандони Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо фарорасии иди саиди Фитр, ки аз ҷумлаи маросимҳои суннатии неки мардуми мусулмон мебошад, самимона табрику таҳният гуфта, бароятон саломативу саодатмандӣ, рӯзгори хушу осуда ва файзу баракатро таманно дорам.

Мо мардуми босаодати Тоҷикистон шукронаи Истиқлолият мекунем, ки имрӯзҳо аз баракати сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суботу оромӣ ва осудагиву хотирҷамъӣ Иди саиди фитрро истиқбол мегирем.

Истиқлоияти давлатӣ имконият фароҳам овард, ки дар фазои орому осуда, озодона ҷашну маросим ва суннатҳои мардумию мазҳабии худро гиромӣ дорем. Иди саиди Фитр дар қатори дигар маросиму ҷашнҳои милливу давлатии мо аз ҷумлаи суннатҳои эътиқодиву динии халқамон маҳсуб гардида, дар марҳилаи давлатдории миллиамон ҳамчун мероси пурарзиши динӣ гиромӣ дошта мешавад.

Дар ин моҳи муборак бо нияти хайр анҷом додани амалҳои нек, дастгирии якдигар, ҳамдигарфаҳмӣ, авфи гуноҳҳо, аз дил баровардани кинаю адоват, аëдати беморон, этироми падару модар ва хешу таборон, аз Худованд талаби оромиву осоиши сарзамин ва рушту шукуфоии онро кардан аз одат ва фазилатҳои аслии милливу динии мардуми бунёдкор ва созанда ба ҳисоб меравад ва бешубҳа дар таҳкими сулҳу салоҳ ва ваҳдату якпорчагии ҷомеа мусоидат менамояд. Аз ин лиҳоз, моро зарур аст, ки муҳимтарин арзишҳои дини мубини исломро дар робита бо дастгирии қишрҳои ниёзманди ҷомеа, ятимону камбизоатон ва маъюбону муҳтоҷон тавсия бахшем.

Имрӯз мардуми сарбаланди тоҷик бо истифода аз ҳуқуқҳои конститутсионӣ ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷрои маросими динӣ озоданд.
Итминони комил дорам, ки мардуми шарифи Тоҷикистон бахусус кормандони Маркази исломшиносӣ дар арафаи ин иди саид суннатҳои волои инсондӯстиву сулҳпарварии аҷдоди некноми худро идома дода, барои ободиву тараққиёти Ватани азизамон ва оромиву осоиши ҳар як сокини мамлакат саъю талош менамоянд.

Бо ҳамин ниятҳои нек ҳамаи Шумоёнро бори дигар ба муносибати фаро расидани Иди саиди Фитр табрик мегӯям ва бароятон хушбахтӣ, сарбаландӣ, тандурустӣ, рӯзгори босаодат, ризқу рӯзии фаровон, имони комил ва хонаи обод орзу менамоям.

Иди саиди Фитр муборак, ҳамдиёрони азиз!

Роҳбарияти Маркази исломшиносӣ
дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Яндекс.Метрика