Парчам ҳамчун рамз ва намоди соҳибдавлатӣ дар таърихи халқи тоҷик нақш ва мақоми худро дорад. Унсуру аломатҳои парчам инъикосгари рамзи давлатдорӣ ва арзишҳои миллӣ мебошад, ки вобаста ба сохти давлатдорӣ тағйир меёбад.
Халқи тоҷик дар тӯли таърих бо шикасту рехт ва ҳуҷуми аҷнабиён борҳо рӯ ба рӯ шудаанд. Вале бо ин ҳама кашмакашиҳо бо як матонати қавӣ тавонистанд ин рамзи ифодагари фарҳанги миллии тоҷикро ҳифз кунанд. Саъю талошҳои абармардони миллати тоҷик буд, ки дар тӯли таърих парчами тоҷик партавашон буд.
Имрӯз, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибистиқлол аст, парчами бахту иқболаш партавашон аст. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баробарумр бо истиқлол аст.
Ба ҳамагон маълум аст, ки моҳи ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бисёре аз идҳои миллӣ ҷашн гирифта мешаванд.Тавре аз таърихи бунёди давлати миллӣ аён аст, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24-уми ноябри соли 1992 баъд аз Иҷлосияи 16-ум Шӯрои Олӣ қабул гардида, ҳамчун рамз ва намоди давлатдории миллӣ моро ба сӯйи ободкориву созандагӣ мебарад.
Ин ҳама бунёдкориҳо ва созандагиҳои Пешвои муаззами миллат аст, ки дар маркази давлати тоҷикон, шаҳри Душанбе Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарозии 165м қомат афрохтааст. Ин шоҳсутуни миллат соҳибдавлатӣ ва соҳибистиқлолии миллатро ифода мекунад. Қоматафрохтани ин намоди нангу номус аз иродаи қавидоштану фазои ободу озоди Тоҷикистони азиз дарак медиҳад.
Ин аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр доштаанд, ки: “Имрӯз барои миллати соҳибтамаддуни тоҷик парчам сарчашмаи нерӯву тавонмандӣ дар роҳи созандагиву бунёдкорӣ ва сармояи ғуруру ифтихори миллӣ мебошад”.
Воқеан, парафшонии ҳамешагии парчам таваҷҷуҳи сайёҳон ва меҳмонони дохилию хориҷиро ҷалб менамояд, ки рамзи соҳибфарҳангу соҳибтамаддун ва соҳибдавлату соҳибистиқлол будани миллати тоҷикро ифода мекунад. Ҷилваи парчами имрӯзаи давлатӣ сурхии рӯйи ҳар як тоҷик ва соҳиббахту соҳибиқболии миллатро дар худ таҷассум кардааст.
Парчам рамзи давлат, ифтихори миллат, намоди иттиҳоду ягонагӣ, нишонаи фарҳангу тамаддун ва таҷассумгари меҳру муҳаббат аст.
Ҳуҷҷати сулҳи навини тоҷиконам парчам аст,
Пойдории мақоми ориёнам парчам аст.
Фотимаи Шерафкан – мутахассиси шуъбаи пажӯҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавӣ