ПАНДНОМАИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ (барои насли нав)

Аз шоҳроҳи ҳаёти худ дур нашав, ҳарчанд он роҳ пурсанг бошад ва роҳи паҳлӯӣ - суфта.
***
Ҳеҷ кас роҳи дигареро такрор карда наметавонад, бо вуҷуди он ки аз қафои ӯ меравад.
****
Ҳаловати зиндагиро айёш не, балки заҳматкаш медонаду мутафаккир.
****
Вазифаи баланд ҳеҷ касро хурсанд накардааст. Ҳар он, ки инро ҳақиқатан дарк мекунад, одами хушбахт аст.
***
Ҳаёти ҳар одам монанди бозор аст: гоҳ гарм мешавад, гоҳ не. Аммо бозори молимардумхӯр ҳарчанд гарм шавад ҳам, дар охир касод мегардад.
***
Ҳаловати дарёро шиновар медонад ва тамъи обро –ташна.
***
Рӯзе, ки ба меҳнати бунёдкорона гузаштааст, боз меояд бо хурсандӣ.
****
Дарахти зардолуро се чиз мешиканад: офат, табар, серборӣ. Инсон ҳам аз се чиз бештар зарар мебинад: аз фалокат, ҷанг ва ҳирси андӯхтани пулу мол.
***
Ба гаронфурӯшӣ дода нашав, ки арзиши худатро паст мекунӣ.
***
Бурди зиёд хатар дорад, зеро ки одамро аз оянда бепарво мекунад.
***
Ёди мардум монанди як баҳр аст. Аз он касе мегузарад, ки киштиаш аз масолеҳи матин сохта шуда бошаду онро киштибони моҳир идора кунад. Ин масолеҳ – корҳои нек ва киштибон – мақсади наҷиб.
****
Ришва барои инсон чизи фалокатовар мебошад. Ин як вартаест, ки аз он танҳо шахси қавиирода берун омада метавонад.
***
Кас намедонад, ки аз кадом бозёфтҳо муфлис мешавад ва аз кадом талафҳо – бениёз.
***
Аз ин дунё мо танҳо меҳнату машаққатҳои худро мебарем, ки онҳо роҳхати мо мешаванд.
***
Барои гузаштаи миллати худ фахр кардан он маъно дорад, ки ниёгони мо ба ин корнамоиҳо қодир будаанд, бинобар ин, аз дасти мо ҳам бисёр корҳо ва чизҳои хуб баромада метавонад.
***
Вақте ки кас аз Ватанаш берун мебарояд, бояд фаромӯш кунад, ки бегонаҳо ӯро дида, дар бораи миллаташ хулоса пайдо мекунанд.
****
Муҳим он нест, ки мақомат баланд бошад, номат дар ҷамъият барояд, балки муҳимтараш ин аст, ки ба вазифаи инсонии худ мувофиқ бошӣ.
***
Одами доно намемонад, ҳаққаш равад, вале шахси хирадманд намегузорад, ки ҳаққи дигарон ба ӯ монад.
***
Оқил он нест, ки мардумро бо каломи пурмазмуни худ мафтун мекунад, балки он аст, ки ёдаш дили одамонро гарм мекунад.
***
Талафи ҳама чиз талофӣ мешавад, ғайр аз талафи номус, Ватан ва Инсон.
***
Ба бузургони шуҳратманд ҳеҷ ҳасад мабар, ки онҳо бори гарон бар дӯши худ доранд. Ҳар сухани онҳо, ҳар қадами онҳо ранҷ аст, ранҷ аз хавфи коста шудани обрӯю эътибори худ.

Аз моҳномаи "Паёми осорхонаи ҷумҳуриявии академик Бобоҷон Ғафуров"

Гирдоварандаи мавод :
Абдуллоҳи Қодирӣ

Яндекс.Метрика