«9.Бигў: «Оё шумо ба Он Зоте кофӣ мешавед, ки заминро дар ду рўз офарид ва барои Ў ҳамтоёнеро муқаррар мекунед? Ин аст Парвардигори оламиён. 10. Ва дар болои замин кўҳҳо пайдо кард ва дар он баракат ниҳод ва дар (бақияи) чаҳор рўз, рўзии аҳли онро дар он андоза кард, ки барои суолкунандагон яксон аст. 11. Сипас, ба сўйи осмон мутаваҷҷеҳ шуд3 ва он (монанди) дуд буд, Пас, ба он ва ба замин (низ) гуфт: «Ба хушӣ ё нохӯшӣ биёед!» 4 Ҳар ду гуфтанд: «Ба хӯшӣ омадем»
Чун амри Худованд расид, ҳар ҷо-ҳар ҷо дудҳо ва зарраҳои чанг дар атрофи як нуқта, яъне маркази худ чархзанон ба ҷамъшавӣ оғоз намуданд. Ҷамъшавии дудҳо ва зарраҳои чанг ба ҷамъшавии калобаи ришта монанд буд, ки бо суръати бениҳоят калон ба вуқўъ меомад. Ҳар чи қадар ин навъ ҷамъшавӣ, яъне, ҷамъшавӣ бо қувваи марказшитоб идома меёфт, ҳамон қадар маркази он зич мешуд, ки ин зичиро инсон тасаввур карда наметавонад. Дар аввал ҷамъшавии дудҳо ва чангҳо дар атрофи марказашон шакли кулча (диск)-ро мегирифт ва оҳиста –оҳиста ба самти тири чархзаниашон васеъ шуда, ба курра мубаддал мегаштанд. Буғи об аз марказҳои дудӣ ва чангӣ ба берун ҷаҳида, ниҳоят абрҳои обиро ба вуҷуд меоварданд. Бархе аз он дудҳо сард ва ба қатраҳои об мубаддал гашта, ба он қатраҳо зарраҳои чанг часпида, онҳо боз шитобон, аз сабаби баланд будани қувваи ҷозиба(чунки суръати баланди чархзании марказҳои таҷаммуъ қувваи баланди ҷозибаро ба вуҷуд меовард) ба сўи материяҳои пайдошаванда бо суръати баланд ҳаракат карда, бо онҳо васл мешуданд.Қисме аз он обҳои дар материяҳо ҷамъшаванда, ҳамон қисме, ки аз марказҳо берунтар буданд, аз таъсири ҳарорати баланд боз буғшуда, ба абрҳои обӣ мепайвастанд.
Бо ҳамин равиш оҳиста - оҳиста абрҳои тафсони дудӣ аз байн мерафтанд ва абрҳои обӣ ҷойи онҳоро иваз мекарданд. Ҳамин тавр, аз абрҳои тафсони дудӣ шумораи зиёди ситорагон ва аз абрҳои тафсони чангу ғубор Замин ва дигар материяҳо (сайёраҳо, кометаҳо ва дигар ҷирмҳои сахти кайҳонӣ) пайдо шуданд.
Ситорагон аз зарраҳои газу дудҳои тафсони ба даври ҳам зич гирд омада таркиб ёфтаанд. Ҳар чизи тафсони ҳарораташ баланд, аз худ нур мебарорад. Адади бешумори ситорагон Коиноти беканорро чароғон гардониданд. Албатта, ҳамаи ситорагон дар як вақт пайдо нашудаанд, бархе аз онҳо чандин миллиард сол пештар ва бархе ҳанўз ҳам аз ҳисоби газҳои байни дигар ситорагон шакл гирифта истодаанд ва пайдо хоҳанд шуд. Ситораҳои нав пайдошаванда, ҳамчунон, монанди калобаи ришта, дар атрофи марказашон чарх зада, дудҳои боқимондаро ҷамъ мекунанд ва ҳатто ситораҳои нерӯгумкардаро чун калоба мекушояндуба худ ҷазб мекунанд.
Дар ҷойи ситорагоне, ки қабатҳои тафсонашонро ситораҳои ҷавон тофта гирифтаанд, хокистари зичу бевазни сиёҳе боқӣ мемонад, ки бо суръати баланди марказшитоб зарраҳои чангу ғуборро ба маркази худ (черная дыра) фурў мебаранд. Чуноне, ки дар Қуръон омадааст: «Савганд ба ситорае, ки фурў афтод» Ё ин ки дар ояти дигар омадааст: «Пас, савганд мехўрам ба афтодани ситораҳо-ва гар бидонед, ки савганди бузург аст . Аз ояҳои боло бармеояд, ки Худованд дар Қуръони Карим оиди пайдоиши «сурохиҳои сиёҳ» (черная дыра) ҳанўз 1442 сол пеш маълумот додааст.
Оиди ин «сурохиҳои сиёҳ» баъдтар маълумот хоҳем дод, ки дар онҳо асрори бениҳоят бузург нуҳуфтааст. Ситорагон ва материяҳои пайдошуда шакли кураро гирифтанд, чуноне, ки дар Қуръони Карим омадааст: «Офарид осмонҳову заминро ба тадбири дуруст. Мепечонад шабро ба рўз ва рўзро ба шаб ва мусаххар сохт офтобу моҳро (ба амри худ), ки ҳар яке ҳаракат мекунад дар замони муайян. Огоҳ бош, Ў зотест Ғолибу Омурзанда» . «Мепечонад шабро ба рўз ва рўзро ба шаб», яъне агар тасмаеро аз қутби ҷануби кураи Замин ба қутби шимоли он бурда ва боз онро тоб дода, бо қутби ҷануб бипайвандем ва ин амалро идома дода, тасмаро аз паҳлуи даври аввал гузаронем, кураи Заминро метавонем пурра, ба пораҳои баробари тарбуз монанд, ба қисмҳо тақсим кунем. Ба ҳамин шакли тақсимшуда дар як тарафи кураи Замин шаб рўзро фаро мегирад, яъне «мепечонад» ва дар тарафи муқобили кураи замин рўз шабро «мепечонад». Аз ин хулоса бароварда мешавад, ки Худованд дар Қуръон чордаҳ аср пеш курашакл будани Заминро ба инсон дар ояи боло, сураи «Зумар», ояи 5, фаҳмондааст. Ҳол он, ки чанд қарн пеш инсоният шакли Заминро ҳар гуна тасаввур мекард, аз он ҷумла, чун ҳамворие.
Дар навбати худ Замин шакли пурраи кураро надошта, ба «геоид» монанд аст, ки тухми шутурмурғро ба хотир меорад. Чуноне дар Қуръон Худованд гуфтааст: «Сақфашро барафрошт ва дуруст кард, шабашро торик кард ва рўзашро рўшан сохт ва пас аз он Заминро бигустурд» Яъне, Замин дар ҳамвории горизонталӣ, экватор васеътар ва дар самти тири чархзаниаш каме фишурдашуда, ҳамвортар мебошаду шакли геоидро дорад. Ҷиҳати шакли геоидро гирифтани Замин банда дар чунин ақида ҳастам, ки вақти ба вуҷуд омадани ҷирмҳои кайҳонӣ, аз он ҷумла Замин, онҳо аввал дар шакли кулчамонанд (диск) аз ҳисоби чангу ғубори ба марказ ҷамъоянда пайдо ва баъд оҳиста-оҳиста ба шакли кура наздик, яъне ба ду тарафи қутб васеъ мешуданд.
Фикр мекунам, ки барои пурра шакли кураро гирифтани Замин абрҳои чангу ғуборе, ки Замин онҳоро ба худ печонида метавонист, ба охир расидаанд ва ба рафти тири чархзанӣ ду қулла, яъне қутбҳои Шимолу Ҷануб дар шакли нисбатан ҳамвор, каме фишўрдашуда боқӣ мондаанд. Шакли геоид гирифтани Заминро боз чунин шарҳ додан мумкин аст: тухми шутурмурғ(чунҳама тухмҳо) то тавлид моеъ буда, болояшро пардаи тунуки мулоим пўшонидааст, баъди ба замин афтоданаш, то фарорасии лаҳзаи оксидшавии қабати болоӣ, бо вазни худ фишурда шуда, шакли геоидро мегирад.
Замин ҳам то хунук шудан,аз сабабе,ки таркибаш сусту мулоим буд, бо вазни худ ба сати тири вертикалӣ (тири чархзанӣ) фишурда шуда , шакли геоидро гирифтааст. Ҳоло қабати қишри Замин (қабати тектоникӣ) маркази тафсону сусти Заминро дар панҷа гирифтааст. Радиуси эквтории Замин ба 6378,160 км ва радиуси қутбии он ба 6356, 777км баробар аст. Аз ин ҷо бармеояд, ки радиуси қутбии Замин аз радиуси экватории он 21,383км кам буда, аз тараф иду қутб ба самти тири чархзаниаш фишўрда шудааст. Мо дар ин боб оиди пайдоиши Замину ситорагон маълумоти умумӣ додем. «Бигў: Оё Худоро аз дини худ хабардор мекунед? Ва Худо он чиро медонад, ки дар осмонҳо ва дар замин аст. Ва Худо ба ҳар чиз доно аст
Мутахассиси пешбари шуъбаи пажўҳиши маъхазҳои исломӣ Исоев Н.