ОГОҲ БОШЕД!!!

ИҚТИБОС АЗ КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

1. Барои риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим:
- ба шахсони воқеӣ ба андозаи яксаду даҳ нишондиҳанда (яъне 7480 сомонӣ), ба шахсони мансабдор ба андозаи панҷсаду панҷоҳ нишондиҳанда (яъне 37400 сомонӣ) ва ба шахсони ҳуқуқӣ ба андозаи ҳаштсад нишондиҳанда яъне 54400 сомонӣ ҷарима таъйин карда мешавад.
2. Барои риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим аз ҷониби соҳибкорони инфиродӣ, ходимони ва уламои дин,
- ба андозаи ҳафтсаду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо (яъне 51000 сомонӣ) ҷарима таъйин карда мешавад.

Бознашр аз сомонаи Маҷаллаи" Дин ва ҷомеа"

Яндекс.Метрика