Абурайҳони Берунӣ (364-440 ҳиҷрии қамарӣ) риёзидон, мунаҷҷим, ҷуғрофиёдон ва файласуфи бузурги форсу тоҷик ва яке аз бузургтарин донишмандони тарих аст. Иллати номгузории ӯ ба Берунӣ он буд, ки дар беруни шаҳри Хоразм чашм ба ҷаҳон гушуд. Ӯ муддатеро дар хидмати Шамсул-маъолии Қобус Вушмагир гузаронид ва китоби "Осор-ул-боқия"-ро ба номи Қобус таълиф кард.
Султон Маҳмуд, ки дӯст дошт шоъирон ва ҳакимону донишмандон дар дарбораш ҷамъ шаванд пас аз тасарруфи Хоразм ӯро бо худ ба Ғазна бурд.
Берунӣ марде буд равшанфикр ва мухолифи хурофот чунончӣ имрӯз ҳам афкори ӯ дар мавориди бисёр бо замони мо мутобиқат дорад ба хотири ҳамин тарзи тафаккур буд, ки бидуни ҳеч таассубе ба мутолиаи адён ва афкори мардуми миллали дигар пардохт, аммо Султон Маҳмуд, ки марде мутаассиб буд аз ин равиши ӯ розӣ набуд ва рӯзе ба хотири он ки Берунӣ бидуни таваҷҷуҳ ба ақоиди ӯ як ҳақиқати илмӣро ба забон оварда дар бораи он пофишорӣ мекард чунон хашмгин шуд, ки дастури қатли ӯро содир кард, аммо дар асари васотати (миёнҷигарӣ) Абунасри Мишкон, ки соҳиби девони рисолати Султон Маҳмуд, ки марде вораста буд аз сари қатли ӯ даргузашт.
Абурайҳон баъд аз он ҳам таслими ақоиди Маҳмуд нашуд ва бо ба хатар андохтани ҷони худ ҳар чиро, ки аз назари илмӣ дуруст ва мантиқӣ медонист, мегуфт ва менавишт.
Идома дорад...
Абдуллоҳи Қодирӣ - сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ