Абуҳанифа поягузри илми фиқҳ ва асосгузори мазҳабе мебошад, ки бештари мусулмонон аз он пайравӣ мекунанд. Ў ҳамчун олим, аз ҷумлаи муҷтаҳидин ба шумор меравад. Тааҷҷубовар он аст, ки ҳам дар замонҳои гузашта ва ҳам имрўз, дар бораи ин олим, андешаҳои беасос ва рўякӣ қолаб касб намудаанд. Агар пеш душманҳои ғоявиаш бар зидди ў овозаву буҳтонҳои бедалил интишор менамуданд имрўз чунин амалҳоро бо ном салафиҳо идома истодаанд гуруҳе, ки бештарашон дониши асоси динӣ надоранд ё бидуни омӯхтани ҷанбаҳои ҳаёти ин олими барҷаста, онҳо хулосаҳои оҷилона бароварда мегӯянд: "Имоми Азъам дар илми ҳадис заиф буд. Вай ба методологияи қиёс муроҷиат мекард, дар ҳоле ки ҳадиси боэътимод буд ва ҳадисҳои заифро ҳуҷҷат қарор медод”... Онҳо кӯшиш ба харҷ медоданд то хидматҳои Абуҳанифаро беарзиш нишон диҳанд. Дар баробари арзишнок нишон додани афкори олимони дигар. Дар мақолаи мазкур мо кӯшиш ба харҷ додаем, ки ҳолати воқеии масъаларо равшан созем, яъне дараҷаи илмии Абуҳанифаро дар баробари олимони дигар нишон диҳем. (Албатта бо радкардани буҳтонҳои гуфташуда дар нисбати Абуҳанифа).
Аслан, ҳеҷ зарурате ба рўйпӯш намудани дониши илмии Абуҳанифа дар соҳаи илми ҳадис нест, зеро дар мавриди муҷтаҳид будани ӯ ақидаи ягонаи олимон вуҷуд дорад. Яъне фақеҳе, ки дар масъалаҳои ҳуқуқӣ ва ё теологӣ тасмими мустақилро бар асоси меъёрҳои усули - Қуръон, ҳадис, иҷмоъ ва қиёс мегирифт зарурат ба ҳимоя ҳам надорад. Абуҳанифа танҳо муҷтаҳид набуд, балки муҷтаҳиди мартабаи олӣ буд («Муҷтаҳиди мутлақ»).
Дар баробари ин бояд ёдовар шуд, ки шахс то дар илмҳои Қуръон, ҳадис, асар («суннат»-и саҳобаҳо), дониши забони арабӣ, илми қиёс ва таърихи ислом мутахассис набошад, дараҷаи муҷтаҳидиро соҳиб намешавад. Ин шартҳое, ки дар назди муҷтаҳид гузошта шудаанд, барои ҳамаи олимон як аст. Абўханифа аз ҳамаи онҳо ба хубӣ бархурдор буд.