НАЗАРИЯИ ВАТАНДӮСТӢ ВА РЕШАҲОИ ТАЪРИХИИ ОН ДАР ФАРҲАНГИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН (Дар партави Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» )

Қисми чорум

Адолати иҳтимоӣ талаб мекунад, ки шаҳрванд риояи қонунҳои кишвари худро вазифаи ахлоқӣ ва шаҳрвандии худ донад. Аз тарафи ин ё он шахс нодида гирифтан ва вайрон кардани қонунҳои кишвари худ маънои онро дорад, ки ин шахси вайронкор ё қонуншикан ба ҷои он ки аз онҳо истифода барад, нисбат ба онҳо беадолатона рафтор мекунад.

Аз ин ҷо хулоса баровардан мумкин аст, ки ҳар як ватандӯст шаҳрванд аст, аммо ҳар шаҳрванд наметавонад ватандӯст бошад. Зеро, ватандӯстӣ ғамхории хоса нисбат ба Ватан ва ҳамватанонро пешбинӣ мекунад. Ташвишу нигаронӣ аз он чизе, ки аз доираи қонун берун аст, одамро вазифадор мекунад, ки ҳамчун шаҳрванд  рафтор кунад: яъне он чиро, ки адолат талаб мекунад, иҷро кунад.

Ҳамин тавр, метавон хулоса кард, ки ғамхории ватандӯстона, ҳамчун майли ватандӯст ба адолатпарварӣ, бо меъёрҳои анъанавии ахлоқӣ ва ҳуқуқӣ асос ёфтааст. Дар байни файласуфон ақида дар бораи вазифа ё қарзи ватандӯстӣ аз ҷониби намояндагони консеквенсиализм (маҷмӯи назарияҳои ахлоқӣ, ки дар онҳо меъёри баҳодиҳии ахлоқӣ консеквент (натиҷа, оқибат)-и рафтор мебошад), дастгирии васеъ ва ҳаматарафа ёфтааст. Аз нигоҳи консеквенсиалистҳо амал ё беамалии аз ҷиҳати ахлоқӣ дуруст ҳамон аст, ки натиҷа ё оқибати хуб медиҳад (аз ҷумла он оқибатҳое, ки дар ҷараёни ба даст овардани ин натиҷаҳо ба вуҷуд омадаанд). Аз ин нуктаи назар, вазифаи ғамхории махсус дар бораи ободии кишвар ва ҳамватанони худ ва дигар вазифаҳои умумибашарӣ ва махсус бо оқибатҳои хуби қабули он асоснок карда мешавад. Уҳдадориҳои махсус имконият медиҳанд, ки вазифаҳои асосӣ, умумиинсонии мо ба таври самарабахш иҷро карда шаванд. Онҳо тақсимоти зарурии меҳнати ахлоқмеҳваронаро муқаррар мекунанд, зеро кобилияти мо ҷиҳати анҷом додани корҳои нек бо захираю шароити мо маҳдуд аст. Ҳар яки мо метавонем ба онҳое, ки ба мо наздиканд, назар ба онҳое, ки ба мо наздик нестанд, кӯмаки муқаррарӣ ва бештаре расонем. Бо зоҳир кардани ғамхорӣ ва таваҷҷуҳ нисбати наздикон ва ҳамватанони худ, дар айни замон мо метавонем ба манфиати инсоният беҳтарин саҳми худро гузорем. Дар ин равиш, ватандӯстӣ ҳамчун муҳаббат ва садоқат ба Ватан, ки он хоси шаҳрвандони як кишвари мушаххас мебошад ва ба афроде, ки шаҳрванди ин кишвар нестанд, яъне хориҷиён, хос нест, таъриф шудааст. Он вазифаи ғамхории махсусро дар бораи беҳбудии Ватан ва ҳамватанон ҳамчун воситаи ба зиммаи шаҳрвандон гузоштани вазифаҳои муайяни умумиинсонӣ нишон медиҳад. Вазифаи ватандӯстӣ бо қувваи ахлоқию маънавии худ аз нерӯи ахлоқию маънавии ин вазифаҳои умумиинсонӣ вобаста аст. Аммо агар ин тавр бошад, пас, чунон ки Роберт Ҳудин, яке аз ҷонибдорони ин тарзи дарки моҳияти ватандӯстӣ эътироф мекунад, маълум мешавад, ки «ҳамватанони мо он қадар ҳам махсус нестанд». Онҳо дар маҷмӯъ танҳо баҳрабардорони воситаи муассиртарини татбиқи ғамхории мо дар бораи одамон мебошанд. Дар баробари ин равобити хоси ватандӯст бо Ватан ва ҳамватанон, яъне иртиботи муҳаббату ошноӣ ва ҳамгиршавӣ аз байн меравад.

Дар бораи вазифаи ватандӯстӣ андешае низ мавҷуд аст, ки бар хилофи назарияи консевенсиалистӣ, чунин иртиботро пароканда намекунад, балки бештар мустаҳкам мекунад. Дар он ватандӯстӣ ҳамчун вазифаи ассотсиативӣ муайян карда шудааст, ки он бо дарки муносибатҳои махсуси моҳиятан арзишманд ва алоқаманд бо вазифаҳое, ки боиси нигаронии хосаи ватандӯст дар бораи некӯаҳволии наздикону ҳамватанонаш мегардад, асос ёфтааст. Муҳаққиқи дигари ғарбии проблемаи ватандӯстӣ Эндрю Масон шаҳрвандиро ҳамчун арзиши ҷудонашаванда тавсиф карда, қайд мекунад, ки шахс ҳамчун шаҳрванд узви мақоми дастаҷамъӣ мебошад, ки дар он бо дигар аъзоёни он мавқеи баробар дорад ва ҳамин тавр эътироф карда мешавад. Ин мақоми дастаҷамъӣ аз болои шароити мавҷудияти аъзои худ назорати ҷиддӣ бурда, ба онҳо имкон медиҳад дар муҳити фарҳангие, ки дар он қонунҳо ва сиёсатҳои он муайян карда мешаванд, саҳм гузоранд ва дар ташаккули ин қонунҳо ва сиёсатҳо ба таври мустақим ва ғайримустақим иштирок кунанд. Масон дар идома мегӯяд: «Шаҳрванд будан маънои ба ӯҳда гирифтан ва иҷрои ӯҳдадориҳои махсусро дар назди ҳамватанони содиқ дорад. Ин ӯҳдадориҳои шаҳрвандон бо манфиати муносибатҳои васеътаре, ки онҳо ба он мусоидат мекунанд, асоснок карда мешаванд. Аз ҷумла, шаҳрвандон дар назди ҳамдигар вазифадоранд, ки дар ҳаёти ҷамъиятӣ ҳаматарафа иштирок намоянд ва қабл аз ҳама ба талаботу  эҳтиёҷоти ҳамватанонашон тавваҷҷуҳ зоҳир намоянд».

Дар фарҷоми таҳлили мӯҳтавои чор навъи ватандӯстӣ, ки дар боло анҳом пазируфт, чунин хулоса баровардан мумкин аст, ки ҳамаи ин навъҳои ватандӯстӣ барои ҳифз ва пешбурди манфиатҳои дунявии Ватан: суботи сиёсӣ, иқтидори ҳарбӣ, сарват, нуфуз дар арсаи байналхалқӣ ва фаъолияти маданӣ нигаронида шудаанд. Онҳо вобаста ба он, ки ин манфиатҳо то чӣ андоза пешбарӣ мешаванд, фарқ мекунанд. Тарафдорони ватандӯстии шадид (ифротӣ) ва қотеъ дар ниҳояти кор барои дифоъ аз манфиату арзишҳои кишвари худ ба саъю кӯшиши зиёд мерасанд ва омодаанд, ки манофеъ ва арзишҳои дигар кишвару халқҳоро барои ин нодида гиранд. Аммо тарафдорони ватандӯстии мӯътадил ҳарчанд дар ғами ободии кишвари худ бошанд ҳам, дастуру меъёрҳои ахлоқии умумибашариро эҳтиром мекунанд, кӯшиш мекунанд, ки онҳро ба хотири манофеи  шахсии худ ва манфиати Ватани худ поймол накунанд. Аммо дар миёни ин чаҳор навъи ватандӯстӣ барои ҳама миллатҳо ва давлатҳои миллии ҷаҳон, аз ҷумла барои халқу кишварҳои мусалмон, мақбултарин навъҳо - ватандӯстии мӯътадил ва ахлоқӣ мебошанд. Тарбияи аъзоён дар рӯҳияи ватандустии муътадил ва ахлоқӣ, аз як тараф, ба рушди муштараку муътадили иҷтимоию иқтисодии ҳамаи халкҳо ёрӣ расонад, аз тарафи дигар, барои пешгирӣ кардани низоъ ва ҷанҳолҳои байналхалқӣ ва байнидавлатӣ ёрӣ мерасонад. Меҳру муҳаббати ватандӯсти муътадил на танҳо кишвару ҳамватанонаш, балки тамоми инсониятро фаро гирифтааст.

Тавре, ки таҳлил нишон медиҳад, ватандӯстии ахлоқӣ садоқати шахс ба арзишҳои фарҳангӣ, маънавӣ ва ахлоқии ҷомеаро дорад, ки ба таҳдиди маънавии давлатҳои миллӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ дар шароити муосири пешрафти илмию техникӣ мусоидат мекунад. Вай мисли ватандӯстии муътадил халқу давлатҳои гуногунро ба ҳам наздик намуда, пеши роҳи зиддиятҳои байналхалқӣ ва байнидавлатиро мегирад.

Ин ҷанбаи мафҳумҳои муосири ватандӯстии мӯътадил ва ахлоқӣ аз бисёр ҷиҳат бо ғояи инсондӯстӣ ва арзишҳои маънавие, ки дар Қуръон, ҳадисҳои набавӣ, мазҳаби ҳанафӣ, фалсафа ва адабиёти классикии асримиёнагии тоҳик таблиғ шудаанд, созгор аст. Дар бисёр муқаррароти Қуръони Карим ва дастуроти Паёмбар Муҳаммад (с), масалан, дар бораи баробарҳуқуқии ҳама одамон, дар бораи вазифаҳои инсон дар назди хешу табор ва ҳамсоя ва ғайра, бешубҳа ҳар як фарди бошууру соҳибфарҳанги мусулмонро бо муҳити наздики иҳтимоии ӯро иҳотакарда бо риштаи дӯстӣ мепайвандад, дар вай ҳиссиёти меҳру муҳаббатро нисбат ба оила, халқу Ватани худ ташаккул медиҳад. Дар воқеъ, чунин дастуроти қуръонӣ ҳамчун сарчашмаи ғоявӣ дар ташаккули фазилатҳои ахлоқию маънавӣ ва рӯҳияи ватандӯстии тоҳикон таъсири бузург расонидаанд.

Тибқи таълимоти Қуръон, инсон миллати худро интихоб намекунад, балки Худованди бузург ӯро ҳамчун намояндаи яке аз миллатҳо меофарад. Қуръони карим дар ин бора мефармояд: «Эй мардум! Албатта, Мо шуморо аз як мард ва як зан (Одам ва Ҳавво) ба дунё овардаем. Ва аз шумо қавмҳо ва қабилаҳо офаридем, то якдигарро бишносед» Аз маънии оятҳои боло бармеояд, ки ислом инсонро ба ғамхорӣ ва меҳрубонии хоса нисбат ба наздиконаш даъват мекунад. Аммо, дар баробари ин, ислом зуҳури шакли манфии миллатгароиро, ки ин ё он миллат бо роҳи таҳқиру зулм кардани халқу миллатҳои дигар мавқеи худро баланд бардоштанӣ мешавад, маҳкум мекунад. Дар партави ин дастуроти қуръонӣ дар ҳаёти динии мардуми тоҳик дар тӯли садсолаҳои зиёд анъанаи дуохонӣ дар ҳаққи ҳоким, ки кафили адолати иҳтимоӣ ва некӯаҳволии мардуми кишвар маҳсуб мешуд, вуҳуд дошт.

Қобили зикр аст, ки ин анъана, ки решаҳои худро аз замонҳои қадим дорад, то имрӯз боқӣ монда, дар шакли дуои диндорон дар намози ҳумъа барои ободӣ ва ободии диёрашон, барои давлати миллии худ ва роҳбарияти он, ки кафили некуаҳволӣ ва рушду тараққиёти иҷтимоию иқтисодӣ мебошад, амалӣ мегардад. Дар ғанӣ гардонидани назарияи муосири ватандӯстӣ ҳадисҳои ҳазрати Муҳаммад (с), махсусан ҳадиси саҳеҳи ӯ: «Муҳаббат ба Ватан ҷузъе аз имон аст»[ аҳамияти хоса дорад. Рӯҳониёни муосири тоҳик дар асоси ин ва дигар ҳадисҳои мӯътамад ба хотири таҳкими рӯҳияи ватандӯстии қишри имондори аҳолии Тоҳикистон бо истифода аз минбари мазҳабӣ ба ин мақсад корҳои хеле муфиди маънавию тарбиявӣ мебаранд.

Дар баробари ин ду сарчашма мероси фалсафаи асримиёнагии тоҳик дар таҳкими ватандӯстӣ ҳамчун арзиши миллии ахлоқию маънавии халқи тоҷик нақши муҳим бозидааст. Дар ин ҷо танҳо назарияи «Мадинаи фозила»-и Ибни Сино, инчунин таълимоти сиёсию иҷтимоии Низом-ул-мулк ва Мухаммад Ғаззолиро қайд кардан кифоя аст. Дар осори гаронбаҳои фалсафӣ, ахлоқӣ ва иҷтимоию сиёсии инҳо ва дигар мутафаккирони намоёни асримиёнагӣ бисёр фикру ғояҳои ҷолибу арзишманд мавҷуданд, ки метавонанд мазмуни гуманистии назарияи муосири ватандӯстиро ба таври назаррас ғанӣ гардонида, дар татбиқи амалии он муттасилона истифода шаванд. Масалан, андешаҳои Муҳаммад Ғаззолӣ дар бораи сарвари одил, ки бояд ғамхори мардум, ҳамеша дар талоши таъмини сулҳу амният, пешгирии ҷангу низоъҳои харобиовар имрӯз дар фаъолият ва гуфтаҳои Пешвои миллат пайдо бошад, Асосгузори Ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар воқеиятҳои давлатии Тоҷикистони муосири демократӣ ва дунявӣ татбиқи худро пайдо мекунанд. Боз як манбаи муҳим, ки дар тӯли асрҳои зиёд дар таҳкими рӯҳияи ватандӯстии халқи тоҳик хизмат мекард ва имрӯз ҳам хизмат мекунад, адабиёти классикии тоҷик мебошад.

Аксари шоирону нависандагони классики тоҷик аз Рӯдакӣ сар карда, ашъоре эҷод кардаанд, ки бо ин ё он шакл бо мавзӯи ишқ ба Ватан алоқамандӣ доштаанд. Масалан, устод Рӯдакӣ шеъри машҳури худ «Бӯйи ҳӯйи Мӯлиён ояд ҳаме, ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме»-ро бо хоҳиши як гурӯҳи мардуми бухороӣ, ки ҳангоми сафари  шоҳи Сомониён Нӯҳ ибни Мансур ба Ҳирот ӯро ҳамроҳӣ карда буданд ва бо сабаби муддати тӯлонӣ дар он ҷо боқӣ мондан дилтанг шуда, ба орзуи бозгашт ба Бухоро ва дидори хешу табор афтода буданд, эҷод карда буд. Чунон, ки дар маъхазҳо нақл карда шудааст, ин шеъри ватандӯстона ба шоҳ чунон таассуроти қавӣ бахшид, ки ӯ саросема аз ҷой бархоста, фармон дод, ки зудтар ба Бухоро баргарданд. «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсии бузург, осори Камоли Хуҷандӣ, Ҳофизи Шерозӣ ва дигар шоирони асримиёнагии форс-тоҷик низ дорои ҳамин гуна нерӯи бузурги эҳёкунанда ва таҳкимбахшандаи рӯҳияи ватандӯстӣ мебошанд.

 

Илова бар ин, бисёр рубоиёт ва дубайтиҳои халқии тоҷик низ бо мавзӯи ватандӯстӣ алоқаманданд, масалан:

Хоки Ватан аз тахти Сулаймон хуштар,

Хори Ватан аз лолаву райҳон хуштар.

Юсуф ки ба Миср подшоҳӣ мекард,

Эй кош, гадо будӣ ба Канъон, хуштар.

 

Дар маҷмӯъ мисолҳои боло ин ақидаро тасдиқ мекунанд, ки таълимоти иҷтимоӣ-ахлоқии сарчашмаҳои ибтидоии дини ислом ва мероси ғании фалсафа ва адабиёти асримиёнагии тоҷик, ки дар зери таъсири бартаридоштаи онҳо таълиф ва эҷод шудааст, бо ҳанбаю муқаррароти асосии назарияи муосири ватандӯстии муътадил ва ахлоқӣ мутобиқати мазмунӣ доранд. Онҳо аз қадимулайём халқи моро дар рӯҳияи меҳру муҳаббати бепоёни ҳаматарафа ба Ватан ва ҳамватанон тарбия намудаанд. Аммо дар баробари ин, дар тасаввуроту афкори суннатии мазҳабӣ ва этнофарҳангии мо дар баробари ғояи ватандӯстӣ ғояҳои инсондӯстӣ ва адолат низ мавқеъи аввалиндараҷаро ишғол намудаанд. Ин ғояҳо ба рӯҳияи ватандӯстии тоҷикон таъсири муайяне расонида, онро ба арзишҳои умумибашарӣ ва ҷаҳонишавӣ мутавозин ва ҳамоҳанг кардаанд.

 

Шоев Зиёвиддин – мудири шуъбаи пажӯҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавӣ 

Яндекс.Метрика