
Нарӯз дар луғат ба маънои рӯзи нав ва дар истилоҳ ҷашне аст, ки дар оғози Фарвардинмоҳ гирифта мешавад. Ва дар адабиёти форсӣ гоҳ бо номи ҷашни фарвардин ва гоҳ бономи ҷашни баҳор хонда мешавад.
Абурайҳони Берунӣ дар китоби «ат-Тафҳим» овардааст; аз расмҳои порсиён наврӯз чист? Нахуст рӯзаст аз фарвардинмоҳ ва з-ин ҷиҳат рӯзи нав ном кардаанд, зеро ки соли нав аст. Наврӯз нахустин рӯзи соли Хуршедӣ баробар ба якуми Фарвардинмоҳ,ҷашни оғози соли нав ва яке аз куҳантарин ҷашнҳои баҷо монда аст.
Дар замони Сосониён ҷашнҳои зиёде дар тули як сол баргузор мешуд, ки муҳимтарини онҳо Наврӯз ва Меҳргон буд, баргузории ҷашни Наврӯз дар даврони Сомониён на кам аз шаш рӯз давом мекард ва ба ду давра наврӯзи кучак ва наврӯзи бузург тақсим мешуд, наврӯзи качак ё наврӯзи омма ба мудати панҷ рӯз аз якуми Фарвардин то панчуми Фарвардин гиромӣ дошта мешуд ва рузи шашуми Фарвардин чашни бузург ё чашни хосса барпо мешуд.
Дар ҳар яке аз рузҳои наврӯзи омма табақае аз табақоти мардум деҳқонон, руҳониён, сипоҳиён, пешаварон ва ашроф ба дидори шоҳ меомаданд ва шоҳ ба суханҳои онҳо гуш медоду барои ҳалли мушкилоти онҳо дастур содир мекард. Ва дар рӯзи шашуми Фарвардин ки ҳаққи мардумро адо карда буд, танҳо наздикони шоҳ ба ҳузури вай меомаданд.
Ардашери Бобакон бунёдгузори силсилаи Сосониён дар соли 230 мелодӣ аз давлати Рум, ки аз он шикаст хурда буд хост ки наврӯзро дар ин кишвар ба расмият бишносад ва ин дархост мавриди пазириш қарор гирифт ва дар қаламрави Рум маъруф шуд.
Дар даврони Сосониён 25 руз пеш аз оғози Баҳор дар дувоздаҳ сутуне ки аз хишти хом барпо мекарданд анвоъи ҳубубот ва ғаллот ( биринҷ, гандум, ҷав,нахут,арзан ва лубиё) ро мекоштанд ва то рузи шонздаҳуми Фарвардин онҳоро побарҷо нигоҳ медоштанд, ҳар кадоме аз ин ҳубубот ва ғаллот хубтар мерӯид онро кишт мекарданд.
Инчунин дар он давра бомдоди наврӯз мардум ба якдигар об мепошиданд ва дар замони Ҳурмузи аввал дар шаби наврӯз оташ равшан намудан расм шуда буд, инчунин дар замони Ҳурмузи дуюм додани сикка ба унвони ҳадяи идӣ расм пайдо кард.
Чанде аз ашъори ниёгон дар васфи наврӯз:
Ҷаҳон аз боди наврӯзи ҷавон шуд.
Зиҳи зебо ки ин соат ҷаҳон шуд. Аттор.
Бар чеҳраи гул насими наврӯз хуш аст,
Дар саҳнаи ҷашн рӯи дилафрӯз хуш аст. Хаём.
Зи кӯи ёр меояд насими боди наврӯзӣ.
Азин бод ар мадад хоҳи ҷароғи дил барафрӯзӣ. Ҳофиз.
Сухан дар парда мегӯям чу гул аз ғунча берун ой
Ки беш аз панч рузе нест ҳукми мири наврӯзи. Ҳофиз.
Наботов Маҳмадӣ