
Муҳаммади Ғазолӣ яке аз мутафаккирони барҷастаи Шарқи асримиёнагӣ буда, дар инкишоф ва рушди илмҳои ҳуқуқшиносӣ ва падидаҳои ҳуқуқӣ дар асрҳои миёна нақши бузург дорад. Ба Муҳаммади Ғазолӣ барои хизматҳои шоёнаш дар роҳи инкишофи фарҳанги исломӣ ва ҳуқуқи мусулмонӣ унвонҳои фахрии «Ҳуҷҷат-ул-ислом» (далели Ислом), «Ворисул-анбиё» (меросгири пайғамбарон), «Шараф-ул-аиммат» (шарафи имомон), «Зайниддин» (накуиву зиннати дин), «Олим-ул-уламо» (донишмантарини донишмандон), «Сайид-ул-мусаннифин» ҳангоми дар қайди ҳаёт буданаш аз ҷониби олимони ҷаҳони Ислом дода шудааст [23, 24, 25, 12].
Муҳаммади Ғазолӣ дар инкишофи соҳаҳои ҳуқуқ саҳми беандоза дорад. Муқарароти соҳаҳои ҳуқуқ мувофиқи талаботи асрҳои миёна ва ҳуқуқи он аз ҷониби мутафаккири ҳуқуқшинос ба роҳ монда шудааст.
Ҳуқуқи динӣ яке аз қисматҳои ҳуқуқ ба ҳисоб меравад. Муҳаммади Ғазолӣ дар инкишофу равнақи он саҳми беандоза дорад. Мутафаккир дар асарҳояш муқаррароти ҳуқуқи диниро дар асоси ояту сураҳои Қуръон, ҳадисҳои пайғамбар Муҳаммад (с) ва дигар сарчашмаҳои дини ислом ва ҳуқуқи мусулмонӣ кор карда баромадааст [1, 5, 7, 9, 13, 14, 18].
Мутафаккири ҳуқуқшинос дар асараш «Насиҳат-ул-мулук» ҳуқуқи давлатиро мавриди таҳлилу омӯзиш ва тадқиқу хулосабарориҳо қарор додааст [19, 4, 22]. Ӯ дар ин асараш ба масоили назарияи давлат ва ҳуқуқ, ҳуқуқи конститутсионӣ, ҳуқуқи маъмурӣ, мақомоти идоракунии давлатӣ, хизмати давлатӣ ва дигар масоили бо давлату давлатдорӣ алоқаманд, равшанӣ андохтааст. Хусусан, саҳми ӯ дар муайян намудани вазъи ҳуқуқии подшоҳон, вазирон, дабирон ва дигар шахсони мансабдори давлатӣ, инчунин мақом ва нақши зан дар ҷомеа хеле калон аст.
Муҳаммади Ғазолӣ бо навиштани асарҳои безаволаш «Эҳё улуми дин» ва «Кимиёи саодат» фикру ақидаҳои худро доир ба соҳаҳои ҳуқуқи оилавӣ, ҳуқуқи гражданӣ, ҳуқуқи соҳибкорӣ, ҳуқуқи андоз иброз намуда, масоили бо пуррагӣ ҳал нагардидаи ин соҳаҳои ҳуқуқро мавриди омӯзишу баррасӣ қарор додааст [1, 7, 13, 10, 11, 15, 16].
Ӯ шахсе буд, ки нисбати шуури ҳуқуқӣ, тарбияи ҳуқуқӣ ва маданияти ҳуқуқии аҳли ҷомеа низ фикру ақидаҳои худро иброз намудааст. Асари «Тарозуи амалҳо», рисолаи «Ахлоқ» ва дигар эҷодиёти мутафаккир маҳз фарогири масоилест, ки ба шуури ҳуқуқӣ, тарбияи ҳуқуқӣ ва маданияти ҳуқуқӣ мансубанд [2, 6, 21, 3].
Институтҳои соҳаҳои ҳуқуқи мусулмонӣ низ аз ҷониби Муҳаммади Ғазолӣ мавриди коркард қарор гирифтаанд. Мутафаккир ақидаҳои худро нисбати институти никоҳ, оила, фарзандӣ, закот, моликият, уҳдадорӣ, мерос ва ҳоказо иброз намуда, дар коркарди муқаррароти онҳо саҳми беандоза дорад. Масалан, нисбати институти фарзандӣ ӯ дар асараш «Аюҳал валад» муқаррароти зиёдеро пешниҳод намудааст [1, 7, 13, 10, 11, 15, 16, 3, 20, 8, 17].
Ҳамин тариқ, саҳми Муҳаммади Ғазолӣ дар инкишофи ҳуқуқи асрҳои миёна, соҳаҳо ва институтҳои он беандоза зиёд буда, навиштаҷоти ӯ дар коркарду ташаккули минбаъдаи падидаҳои ҳуқуқӣ аз аҳамият холи нест. Инчунин, таълимоти ӯро метавон ҳамчун заминаи ахлоқӣ ва маънавӣ дар ҳуқуқэҷодкунии давлатҳои дунявӣ истифода бурд.
АДАБИЁТ:
1. Абу Хамид ал-Газали. «Воскрешение наук о вере» («Ихйа улум ад-дин»). / Перевод с арабского, исследование и комментарий В.В. Наумкина. – М.: «Наука», 1980. – 376 с.
2. Абу Хамид ал-Газали. «Правильные весы». // Абу Хамид ал-Газали. «Воскрешение наук о вере» («Ихйа улум ад-дин»). / Перевод с арабского, исследование и комментарий В.В. Наумкина. – М.: «Наука», 1980. – С. 313-342.
3. Абу Хамид ал-Газали. Исследование сокровенных тайн сердца. / Пер. с арабского. – М.: «Ансар», 2006. – 472 с.
4. Абу Хамид аль-Газали. Наставление правителям. / Пер. А. Миниянова // Аль-Газали, Абу Хамид. Наставление правителям и другие сочинения / пер. с араб., перс. – 2-е изд., испр. и доп. – М.: Ансар, 2005. – С. 12-158.
5. Абу Хамид аль-Газали. Божественное знание. / Пер. А. Хисматулин // Абу Хамид аль-Газали. «Наставление правителям» и другие сочинения. / Пер. с арабского, персидского. – М.: «Ансар», 2005. – С. 167-198.
6. Абу Хамид аль-Газали. Весы деяний и другие сочинения. / Пер. с арабского. – М.: «Ансар», 2007. – С. 5-136.
7. Абу Хамид аль-Газали. Возрождение наук о вере (избранные главы). / Пер. И. Насыров. // Абу Хамид аль-Газали. «Наставление правителям» и другие сочинения. / Пер. с арабского, персидского. – М.: «Ансар», 2005. – С. 253-310.
8. Абу Хамид аль-Газали. Наставление сыну. / Пер. А. Миниянова. // Абу Хамид аль-Газали. Весы деяний и другие сочинения. / Пер. с арабского. – М.: «Ансар», 2007. – С. 137-156.
9. Абу Хамид аль-Газали. Ниша света. / Пер. И. Насыров. // Абу Хамид аль-Газали. «Наставление правителям» и другие сочинения. / Пер. с арабского, персидского. – М.: «Ансар», 2005. – С. 199-252.
10. Абу Хамид Мухаммад ал-Газали ат-Туси. «Кимийа-йи саадат» (Эликсир счастья). Часть 1: Унваны 1-4. Рукн 1. / Пер. с перс., вступ. ст., коммент. и указ. А.А. Хисматулина. – СПб.: «Петербургское Востоковедение», 2002. – LII+332 с.
11. Абу Хамид Мухаммад ал-Газали ат-Туси. Кимийа-йи саадат («Эликсир счастья»). Часть 2: Рукн 2: Обычаи (с Прилож. А и В). – Пер. с перс., вступ. ст. коммент. и указ. А.А. Хисматулина. – СПб.: «Петербургское Востоковедение», 2007. – ХХХ+466 с.
12. Абу Хамид Мухаммад ал-Газзали. Опровержение философов. / Пер. с арабского, вступ. ст. и коммен. М. Диноршоева и З.М. Диноршоевой. – Душанбе, 2008. – 554 с.
13. Абу Хамид Мухаммад аль-Газали ат-Туси. «Ихйа улум ад-дин» («Возрождение религиозных наук»). Том. 1. Часть I. / Пер. с арабского: Насыров И.Р., Ацаев А.С. – М.: «Нуруль Иршад», 2007. – 584 с.
14. Абу Хамид Мухаммад Бну Мухаммад Бну Мухаммад Аль-Газали. Начало праведного пути. / Перевод с арабского Р.С. Саяхов. – Уфа, 2006. – 96 с.
15. Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ. Кимиёи саодат: Дар 2 ҷ. / Таҳияи Дӯстмуҳаммади Дӯст ва Қудратбек Элчибеков. – Душанбе: «ЭР-граф», 2008. – Ҷ. 1. – 672 с.
16. Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ. Кимиёи саодат: Дар 2 ҷ. / Таҳияи Дӯстмуҳаммади Дӯст ва Қудратбек Элчибеков. – Душанбе: «ЭР-граф», 2008. – Ҷ. 2. – 668 с.
17. Алиев М.Т. Андешаҳои тарбиявии Имом Муҳаммад Ғазолӣ. – Душанбе: «Эҷод», 2008. – 116 с.
18. Имам ал-Газали. Бидайат ал-Хидайат. Начало наставления на истинный путь. / Пер. с араб. – СПб.: «Диля», 2009. – 160 с.
19. Имом Абӯҳомид Муҳаммад Ғазолӣ. «Насиҳат-ул-мулук» – Душанбе: «Ирфон», 1993. – 144 с.
20. Имом Муҳаммади Ғазолӣ. Айюҳа-л-валад. / Мутарҷим: Боқири Ғуборӣ. Бо саъю эҳтиром, сарсухан, таҳия, танзим, истихроҷи аҳодис, тавзеҳот, шарҳи луғот ва феҳрасти Комилхоҷа Қодиров. Таҳти назари Зоҳир Аҳрорӣ. Муҳаррир Муҳаммадҷон Умаров. – Душанбе: «Графика-С», 2005. – 76 с.
21. Муҳаммади Ғазолӣ. Рисолаи «Ахлоқ». // Содиқов А.У. Аз таърихи афкори ахлоқи мутафаккирони Шарқ. – Душанбе: «Сино», 1999. – С. 3- 98.
22. Холиқзода А.Ғ. Аз «Насиҳат-ул-мулук»-и Муҳаммади Ғазолӣ // Холиқзода А.Ғ. Назарияи идоракунии шарқӣ (дар афкори мутафаккирони форс-тоҷик). Хрестоматия (асрҳои миёна). – Душанбе: «Эр-граф», 2017. – С. 121-164.
23. Холиқзода А.Ғ. Афкори сиёсӣ ва ҳуқуқии Муҳаммади Ғазолӣ // Холиқзода А.Ғ. Назарияи идоракунии шарқӣ (дар афкори мутафаккирони форс-тоҷик). Хрестоматия (асрҳои миёна). – Душанбе: «Эр-граф», 2017. – С. 120.
24. Шамолов А.А. Ҳуҷҷатулислом Ғазолӣ: Андешаҳои иҷтимоӣ ва сиёсӣ. – Душанбе: «Дониш», 1996. – 332 с.
25. Шоев Ф.М. Муҳаммади Ғазолӣ ва таълимоти давлатию ҳуқуқии он // Олимони ҷавон ва илми муосир. Барориши 4. Маводи конфронси IV –уми илмии олимон ва муҳаққиқони ҷавони ДДМТ. – Душанбе: «Ҳумо», 2004. – С. 98-103.
Шоев Фируз Маҳмадаминович - номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, сармутахассиси шуъбаи пажӯҳиши ҳуқуқи исломӣ