Муҳаммади Ғаззолӣ яке аз донишмандони машҳур ва барҷаста дар таърихи баширият ва олами ислом ба ҳисоб меравад.
Эшон дар асри XI-и милодӣ улуми исломиро эҳё намуда, дар илми фалсафа ва калом, фиқҳ ва мантиқ нақши боризе ба мерос гузоштааст, ҳамчунин яке аз муассисони илми калом дар мактаби ашоира буда, дар фиқҳ пайрави мазҳаби Имом Шофеӣ мебошад.
Ӯ дар тӯли ҳаёти гаронбаҳои худ барои уммати ислом хидматҳои арзанда намуда, даҳҳо асарҳои пурарзиш аз худ боқӣ гузоштааст, ки то ҳанӯз ҷаҳониён аз асарҳои боқимондаи ӯ истифода мебаранд.
Имом Ғаззолиро ҳамчун як шахсияти барҷаста ва нобиға мардуми муосираш бо лақабҳои гуногун, аз ҷумла, Ҳуҷҷатул-ислом, Зайнуддин, Донишманди Ягона, Муфтии Уммат, Баракати Мардум, Шарафи Уммат ва Пешвои Имомон, ном мебурданд.
Насаб ва вилодат.
Номи эшон Абуҳомид Муҳаммад ибни Муҳаммад ибни Муҳаммад ибни Аҳмади Ғаззолии Тӯсии Нишопурӣ буда машҳур ба Имом Ғаззолӣ мебошад.
Ӯ дар соли 450 ҳиҷрӣ мутобиқ ба 1058 милодӣ дар шаҳри Тӯс воқеъ дар Эронзамин дида ба ҷаҳон кушодааст.
Падари Имом Ғаззолӣ ба корҳои тиҷорат машғул буда, шахси зоҳид ва парҳезгор ба ҳисоб мерафт. Аз хислатҳои ҳамидаи падари Имом нишастан дар маҷолиси донишмандон, хидмат бар онҳо ва нафақаи моли худ дар роҳи Худо ба шумор мерафт.
Ӯ пайваста дуо мекард то Худованд барояш фарзанде ато кунад, ки донишманди комили илми фиқҳ бошад ва ҳамин буд, ки Худованд Имом Ғаззолиро барояш ато намуд.
Таҳсили илм.
Имом Ғаззолӣ ибтидо таҳсили илмро соли 465 ҳиҷрӣ шуруъ намуда илми фиқҳро дар шаҳри Тӯс дар назди яке аз олимони машҳури онҷо, Шайх Аҳмади Розиконӣ аз худ кард. Сипас барои такмили ин илм ба шаҳри Гургон сафар намуда дар назди донишмандони онҷо таҳсил кардааст. Соли 473 ҳиҷрӣ мутобиқ ба 1080 мелодӣ Имом Ғаззолӣ ба Нишопур сафар намуда дар назди яке аз донишмандони машҳур Имомул Ҳарамайн Абулмаъолии Ҷувайнӣ таҳсили илм кардааст.
Имом муддати 5 сол ин олимро мулозимат намуда аз ӯ фиқҳи шофеӣ, фиқҳи хилоф, усули фиқҳ, илми калом, мантиқ ва фалсафаро аз худ кардааст. Имом Ҷувайнӣ шогирди худ Ғаззолиро бадалели заковати фавқулоддааш, мавриди эҳтироми худ қарор дода ӯро дар умури тадрис дар паҳлӯи худ ҷой дода буд.
Тадриси имом Ғазолӣ.
Пас аз реҳлати устоди худ Имом Ҷувайнӣ дар соли 1085 мелодӣ, Имом Ғаззолӣ ба мулоқоти Низомулмулк вазири давлати Салҷуқиҳо, рафт. Низомулмулк маҷлисе дошт, ки дар он кулли донишмандонро ҷамъ менамуд, Имом Ғаззолӣ дар ин нишаст бо донишмандоне, ки ҳузур доштанд, баҳсу мунозираи илмӣ намуда саранҷом бар онҳо ғолиб омад.
Ин нишасти илмӣ боиси он гардид, ки Имом Ғаззолӣ ҷойгоҳ ва шуҳрати хоссеро барои худ касб кунад, ҳатто тамоми донишмандоне, ки онҷо ҳузур доштанд, мақоми ӯро эътироф намуда мавриди эҳтироми худ қарор доданд.
Низомулмулк вазири Салҷуқиҳо ба воситаи мадорисе, ки машҳур ба Низомия буданд дар густариши мазҳаби Имом Шофеӣ таъсири бузурге гузоштааст.
Ӯ бо Имом Ғаззолӣ робитаи қавии дустӣ барқарор намуда аз ӯ хоҳиш намуд, то дар мадрасаи Низомияи Бағдод ба тадрис ва таълими шогирдон машғул шавад. Ҳамин буд, ки Имом Ғаззолӣ талаби ӯро ба инобат гирифта, дар синни 34-солагӣ соли 484 ҳиҷрӣ мутобиқ ба 1091 милодӣ ба тадриси шогирдон машғул шуд.
Имом Ғаззолӣ ҳангоме, ки дар Бағдод ба тадрис машғул буд, ба замони хилофати Алмуқтадӣ Биамриллоҳ халифаи аббосӣ, рост меомад. Дар андак муддат Имом Ғаззолӣ бинобар илми фаровон, фасоҳату балоғате, ки дошт, миёни мардум шуҳрат ва маҳбубияти хоссе касб намуд.
Аз тамоми атрофу акнофи олами ислом шогирдон ба назди ӯ барои таҳсили илм ҳозир мешуданд. Ҳатто дар ҳалқаҳои илмии ӯ беш аз 300 нафар ширкат меварзиданд, ки дар байни онҳо баъзе аз донишмандони машҳур низ ҳузур доштанд.
Имом Ғазолӣ бо оне, ки ба тадрис машғул буд ҳамзамон ба радди афкори фирқаҳои мухолифи ақидаи аҳли суннат ва ҷамоат низ машғул мегардид. Ӯ дар радди афкори фирқаҳои мухолиф асарҳои пурарзишеро аз қабили «Мақосид-ул-фалсафа», «Таҳофат-ул-фалосифа», «Фазоиҳ-ул-ботиния» ва «Ҳуҷҷат-ул-Ҳаққ» таълиф намудааст.
Сафарҳои имом Ғаззолӣ.
Баъд аз он, ки Имом Ғаззолӣ солҳо умри худро дар тадрису таълим сарф намуд, дар соли 488 ҳиҷрӣ, мутобиқ ба 1095 мелодӣ Бағдодро ба қасди Димишқ тарк намуд ва масъулияти тадрисро барои бародараш Аҳмад вогузор намуд. Имом Ғаззолӣ муддати ду сол дар Димишқ боқӣ монда ба тазкияи нафс машғул гардид.
Сипас ба тарафи Фаластин сафар карда шаҳрҳои Қудс ва Халилро зиёрат намуда аз онҷо ба самти Маккаи Мукаррама ва Мадинаи Мунаввара ба мақсади адои фаризаи ҳаҷ ва зиёрати масҷиди Набавӣ азми сафар мебандад. Ӯ дар ин муддат, ки 11 солро дарбар мегирифт бузургтарин асари илмии худ «Эҳёул улум»-ро таълиф мекунад.
Дар соли 499 ҳиҷрӣ мутобиқ ба 1106 милодӣ дубора ба Бағдод баргашта муддате ба тадрис машғул мешавад, аммо ин дафъа ҳузураш дар Бағдод дер давом намекунад.
Бозгашт ба зодгоҳ.
Имом Ғаззолӣ тавре ки дар боло зикр гардид, баъди бозгашташ ба Бағдод дар кӯтоҳтарин муддат онҷоро тарк намуда ҷониби Нишопур ва аз онҷо ба зодгоҳаш Тӯс баргашт.
Бо даъвати Фахрулмулк вазири давлати Салҷуқиҳо, Имом дар мадрасаи Низомияи Нишопур, машғул ба тадрису таълими шогирдон гардид. Пас аз муддати кӯтоҳе Фахрулмулк аз тарафи фирқаи ботиниҳо ба шаҳодат расид. Ин ҳодиса боис гардид, ки Имом Ғаззолӣ Нишопурро тарк намуда озими Тӯс шавад.
Ӯ дар Тӯс дар ҷивори хонаи худ мадрасаеро барои таълими фақеҳон таъсис намуда вақти худро ба тиловати Қуръон, ширкат дар маҷолиси уламо, таълми шогирдон сарф менамуд.
Осори имом Ғаззолӣ.
Имом Ғаззолӣ дар тӯли ҳаёти бобаракати хеш, ки 55 солро дарбар мегирифт садҳо китоб таълиф намудааст, ки фарогири улуми мухталиф мебошанд.
Зумрае аз муҳаққиқони осори Имом Ғаззолӣ бар ин ақидаанд, ки Имом беш аз 228 китоб таълиф намудааст.
Аммо қавли дигар низ дар ин замина вуҷуд дорад, ки Имом дар тӯли ҳаёти худ беш аз 500 китобу рисола таълиф намудааст, ки ҳамаи ин осор то имруз дастрас нагардидаанд.
Аммо муҳимтарин осори гаронбаҳои Имом, ки шуҳрати ҷаҳонӣ ба худ касб кардааст, китоби «Эҳёул улум»-и ӯ мебошад.
А.Қодирӣ