Мафкураи ҷамъиятӣ таҷассумгари ҳолати маънавӣ ва муайянкунандаи хатти рушди иҷтимоӣ (Дар партави «Суханронӣ дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар» 09.03.2024)

Роҳбари давлат ба тамоми ҷузъу томи ҳастии ватан, қи роҳҳои рушду мушкилиҳои раванди ислоҳоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ бо пайомади таъсирҳои дохилию хориҷӣ ҳамчун «иттилооти маҷмўии гўёи ҳолат» [Ниг.: Идальго С. Как информация управляет миром и определяет историю нашей вселенной и живущих в ней видов / Пер. англ. – М.: Э, 2016. – 256] назар намуда, решаи ибтидоии бўҳрони маънавӣ ва иллатҳои иҷтимоию эътиқодиро дар каҷрафтории мафкуравӣ ва муносибати нодурусти ақлу дониш ба воқеият ошкор карданд. Навгониҳои ҳаёти иҷтимоӣ ва дониши таҳлилкунандаи он ҳамчун иттилооти фарогир вазъи воқеӣ ва мафкуравии ҷомеаро рўшан намуданд.
 
Пешвои миллат бо дарки ин вазъияти таҳдидзо, бо риояи одоби равиши эътиқодии миллат таваҷҷуҳи шаҳрвандонро ба ин мушкилиҳо нигаронида, ногузирии ислоҳоти мафкуравии ҷомеаро дар заминаҳои рушди илми ватанӣ ва табдили ҷаҳонбинии динӣ масъалагузорӣ карданд: «Дар робита ба ин, таъкид менамоям, ки ояндаи Тоҷикистон низ маҳз аз сатҳи маърифати мардум ва пешрафти илму техника вобаста буда, ҷалби ҷавонону наврасон ба илму дониш ва касбу ҳунар бояд дар маркази таваҷҷуҳи ҳамаи аҳли ҷомеа қарор дошта бошад. Ходимони дин низ вазифадоранд, ки ҷавонону наврасонро ба омӯзиши илму донишҳои дунявӣ, хусусан, фанҳои риёзиву табиӣ ва техникӣ ҳидоят намоянд» [Суханронии Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндаго-ни ҷомеа ва ходимони дини кишвар аз 09.03.2024 с].
 
Дар шароите, ки илми пешрафтаи башарӣ инсонро феномени олӣ, истеъдодӣ ғайримуқаррарӣ, иттилооти базавӣ, ҷамъкунандаи иттилооти оламӣ дар ботину хориҷи худ, нусхаи олии васли унсурҳои биологӣ, нуктаи баланди ташаккули ақлонӣ ва кашшофи коиноту асрори ҳастӣ мавриди омўзиш қарор медиҳад, мо бошем ҳанўз ба инсон дастнигару муҳтоҷ ва бозичаи неруи хориҷ, ҳатто берун аз ҳикмати офариниш на танҳо назар менамоем, балки худамон барои дастнигар шудан ба ҳаннотону хурофотпарастон, ифротиёну ҳангоматалабон шароит муҳайё месозем. Дар замоне, ки инсон дар шоҳроҳи табиияш аз ҳодисаи биологӣ, иҷтимоӣ, асотирӣ, динӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқӣ то ба феномени равонию иттилоотию коммуникатсионӣ рушд кардааст, мо ҳанўз вайро аз зиндони асотирӣ берун карда наметавонем.
 
Нуктаҳои тамиз ва шинохти инсон бо мурури замон таҷдиди назар шуда, такмил ёфт. Инсон, аз олами ҳайвонот, имрўз ба андешаи олимони иҷтимоъшинос бо дарк ва тамизи сегонаи воқеият тафовут мекунад. Ҳайвонот одатан оламро дар ду воқеият, яке ҳамчун олами атроф дарахту куҳу дарёҳо ва ғ. эҳсос ва қабул менамоянд, дигаре дар шакли эҳсосоти ботинии субъективиашон мисли тарс, шодӣ, хоҳиш ва кашишҳои табиияшон дарк мекунанд. Аммо инсон ба иловаи ин ду ҳолат боз андешаҳои асотирӣ ва бовару эътиқодро дорад [Харари Ю.Н. Homo Deus. Краткая история будущего / Пер. с англ. А. Андереева. – М.: Синдбад, 2022. – С. 183]. Яъне кўчиши тамизи инсон аз олами ҳайвонӣ ва барбарӣ аз далели забонӣ, ақлӣ ба эътиқодӣ моро водор ба он мекунад, ки ба табиати маҳаки ин тафовут диққати илмӣ дошта бошем. Шарт нест ки ин боварӣ ва тасаввурот танҳо ба қувваи ғайритабии кулл мисли Худо бошад, инчунин вай имкон дорад ба бовраие асос ёбад, ки ба дигар арзиш ва ё неъматхо асос ёфта бошад. Мисол, ба парастиши пул, зан, миллатҳо, иттиҳодияҳо ва ғ. аз андоза бештари моил шудани шахс.
 
Муҳим он аст, дарк намоем, ки бо ҳамин неруи образсозӣ, абзорсозӣ ва образқабулкуниаш ҳамчун навъи олии дарки воқеияти худсозаш инсон хешро аз олами ҳайвонот на танҳо ҷудо менамояд, балки вобаста аз сатҳи муносибат ва воридшавиаш ба олами сохтаи фикриаш (хосият ва моҳияти ин олами фикрӣ, ҷанбаи дигари арзишмандии ташкили зиндагӣ аст) саодат ва бадбахтии худро пайдо менамояд. Ҳар қадаре, ки дар ин шоҳроҳи ташаккули воқеияти сеюмаш инсон бо донишу савод ва ақлу хирад рафтор намояд ба ҳамон андоза вай имкон пайдо менамояд, ки ба рушди мафкуравӣ ва оромии маънавӣ муяссар гардад. Дар акси ҳол вай доимо ба гирдоби ифроту террор ва муноқишаҳои бемаънии мазҳабӣ гирифтор мегардад. Зеро вируси фасодовар тавассути «халогии нуктаҳои сиёҳи хирад» (истилоҳи Ю.Н. Харари) дар паҳнои дастовардҳои илмию техногеннӣ ва манфиатҳои моли устувор хайма зада, ба фазои маънавии башарият таҳдидҳои навро омода менамояд.
 
Камбудии ҷиддии Ғарб ба назари мо дар шоҳроҳи инқилобҳои илмию техногеннӣ ва иттилоотию рақамӣ дар он аст, ки онҳо ба тадриҷ дар роҳи кашфи ҳикмати ҳақиқати зиндагиашон беозгашт «Худованд, рўҳ ва ақлро ба хазинаи корношоями илм партофтанианд» [Харари Ю.Н. Homo Deus. Краткая история будущего / Пер. с англ. А. Андереева. – М.: Синдбад, 2022. – С. 139]. Ин ҳолат ногузир онҳоро аз ислоҳоти маънавӣ ва иҷтимоӣ ба ислоҳоти биологӣ оварда ба табдили рисолати инсон наздик кардааст. Ин ҳам на дастовард, балки бештар аз он таҳдид ба намои инсони муосир ҳамчун ҳодисаи сотсиобиоравонист. Вале тахмин меравад, ки Ғарби дорои илм роҳи халосӣ аз ин бўҳронро барои худ пайдо менамояд. Бузургӣ ва ҳикмати ҳаводиси таърихӣ он аст, ки он дар як замон ҳам намуна аз дастовардҳо медиҳаду ҳам сабақ аз нокомиҳо. Вале ин ҳикмат дар шакли намунаю сабақ аз ҷониби ҳамаи миллатҳо на ҳамеша дуруст маънибардорӣ мегардад.
 
Се шоҳроҳи ислоҳи маънавии ҷомеа: се манбаъ ва се равиши ислоҳоти мафкураъ
 
Таърих бо вуҷуди омўзиши намунаҳои зиндагӣ, мактаби бузурги сабақбардорӣ аз ноадолатиҳо будааст. Ин ноадолатиҳо дар заминаи зўрию манфиатхоҳии кишвару миллатҳои бузург дар ҳар давру замон бо тамоюлҳои нав рўи кор омада, дар қиболи фоидаи иддае аз халқу миллатҳо барои вуҷуду намои дигар халқу миллатҳо ва кишварҳо зарбаҳои ҷонкоҳу марговар мезадааст. Ин равиш дар шароити ҷаҳонишавии манфиатҳо ва муборизаи нави абарқудратҳо барои тақсими ҷаҳон тобишҳои ҷадид гирифта, тақдири иддае аз халқу миллатҳоро ҳамчун иттиҳоди сиёсӣ зери шубҳа кашидаистодааст. Омилҳои фурўравии иқтисодию иҷтимоию сиёсию фарҳангии халқу миллатҳо ба чунин доми самоядорони нави сиёсии башар дар шароити ҷаҳонишавии манфиатҳо ҳамчун иллату ноқисиҳои ташкили зиндагӣ мухталиф ва гуногунпаҳно шудаанд. Миёни онҳо омилҳои маънавӣ ва мафкуравӣ нақши муҳаррики марказии ботиниро мебозанд. Пешвои миллат дар вохўрии таърихии 9 март ба ҳамин масъалаҳои мафкуравӣ бештар таваҷҷуҳ намуда, роҳҳои назарӣ ва амалии баромад аз ин таҳдиду хатарҳоро масъалагузорӣ намуданд.
 
1.Шукргузорӣ аз дастовардҳои истиқлоли сиёсӣ, қадршиносӣ аз эҳёи арзишҳои миллию динӣ ва рушд додани заминаҳои маънавии онҳо ҳамчун кунгураи (вектори) рушди мафкураи иҷтимоӣ ва воситаи устувории хатти таърихии рушди маънавӣ ва соҳибихтиёрии мафкуравии миллат дар шароити ноороми ҷаҳони муосир ҳамчун сипари маънавии ҳимояи истиқлолият.
 
2.Қадршиносӣ ва тавсеаи арзишҳои эҳёшудаи миллӣ ва динӣ ҳамчун рукни устувории соҳибихтиёрии миллӣ ва рушд додани ҷаҳонбинии илмӣ, миллӣ ва динӣ дар доираи манфиатҳои соҳибихтиёрии давлатӣ; озод намудани эътиқоду боварии мардум аз таассуб, хурофот, ифрот ва зиёдравиҳои динӣ бо таъмини таносуби озоду таҳаммулгароёнаи мазҳаби ҳанафии ақлгаро ва илми муосир дар партави давлати дунявӣ.
 
3.Истифодаи таҷрибаи таҳаммулгароёнаю ақлгарои мазҳаби ҳанафӣ дар ташаккул ва рушди ҷаҳонбинии динӣ ҳамчун дини миллии тоҷикӣ; такя бар рукнҳои дунявияти конститутсионии давлат ҳамчун паҳнои озоди ҳамоиши арзишу боварҳои илмию эътиқодӣ; такя бар таҷрибаю равишҳои илмии мутафаккирони бузурги миллат ва илму сиёсати ҷаҳонӣ дар рушди модели давлати дунявии тоҷикон.
 
Холиқзода Аабдураҳим Ғафор,
Шосаидзода Шаҳбоз Шосаид.
Яндекс.Метрика