Бояд қайд намуд, ки масъалаи талоқ дар дигар динҳои самовӣ низ мавриди таваҷҷуҳи хосса қарор дорад. Амалан ҳар як сохтори динӣ нисбат ба талоқ байни зану шавҳар хамчун гуноҳ муносибат мекунанд. Масалан, дини насронӣ низ перомуни ин масъала назари хоси худро дорад. Насрониён ба талоқ муносибати хеле манфӣ доранд ва онро танҳо дар ҳолати марг ва ё хиёнати яке аз ҳамсарон иҷозат медиҳанд. Калисои насронӣ мафҳуми талоқро қабул надорад. Қатъ кардани никоҳро байни зану шавҳар, ки ба қавли онҳо дар малакут баста шудааст, маънои содир кардани гуноҳро дорад.
Тартиби ҷудошавӣ дар калисои насронӣ хеле душвор аст, чун барои ин бояд ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи далелҳоро пешниҳод кард, вагарна ягон роҳиб ба ин кор даст намезанад.
Чуноне ки маълум аст, дини насронӣ мисли дини ислом равияҳои зиёде дорад, ки ҳар яки он дар ин масъала диди алоҳидаи худро доранд.
Дар равияи католикӣ мафҳуми талоқ вуҷуд надорад, чунки аҳди садоқатро ба ҳамдигар барои зиндагии якумрӣ - “то рўзе ки моро марг ҷудо накунад”- медиҳанд. Бино бар ин ҷудо шудани онҳо ва дубора хонадор шуданашон ҳолатҳои муайянро талаб мекунад, мисли марг ва ё зино. Ҳангоме ки аз Исо (а) дар мавриди талоқ суол карданд, ў гуфт: «Вале ман ба шумо мегўям: касе, ки аз ҳамсараш ҷудо мешавад, на бо сабаби зино ва бо зани дигар хонадор мешавад, пас ў зинокор аст» (Матфея 19:9). Тибқи таълимоти ин мазҳаб “Талоқ рамзи муқаддасро хароб мекунад”. “Зан барои шавҳар – мисли он аст, ки Калисо барои Исо (а) (Ефесянам 5:32)”.
Дар мазҳаби Православӣ низ ду сабаби асосии муҷиби вайрон шудани никоҳ ва афтидани талоқ - марг ва зино эътироф шудааст. Сабабҳои муқаррарӣ, чун аз якдигар дилхунук шудан, маоши шавҳар кам аст ё менўшад ва дигар сабабҳои ба ин монанд дар калисои православӣ нақше надоранд. Ин баҳона барои талоқ шуда наметавонад.
Дин сабр кардан ва кўшиши ислоҳ кардани вазъро меомўзад, чун маросими ақди никоҳ ин барои ҳамеша пайванд кардани зану шавҳар мебошад. Калисо тамоми кўшишро ба харҷ медиҳат то никоҳро ҳифз намояд ва садди роҳи содир кардани гуноҳи мудҳиши одамон-ҷудошавӣ ё талоқ гардад.
Вале ба ин ду сабаб калисои православӣ боз чанд сабаби дигарро аз ибтидои асри 20 то имрўз илова кардааст, ки онҳо асосан марбут ба проблемаҳои хонаводагӣ ва шахсӣ мебошанд. Аз қабили баромадан аз дин, нотавонии ҳамхобагӣ бо ҳамсар, рафтори фосиқонаи ѓайри табиӣ, гирифторӣ ба бемориҳои сифилис, махав, СПИД, майзадагӣ, нашъамандӣ ва девонагӣ, дарозмуддат ѓоиб шудан, ҳабс шудан, таҳдид ба ҷони ҳамсар ва ё фарзандон, дар зинокорӣ миёнаравӣ кардан, сиқти ҳамл кардан бе розигии шавҳар ва ѓайра.
Дар ҳолати рух додани ду сабаби дар боло зикршуда, аввал - марги яке аз ҳамсарон, дар ин ҳолат никоҳ аз ҷиҳати ҷисмонӣ қатъ мешавад ва ҳамсари бевамонда метавонад издивоҷи бо тавофуқ\маслиҳат намояд. (ниг. Коренфиян.7:8-9);
Сабаби дувум ин зинокорӣ, ки дар масиҳия он хиёнат ба савганди муқаддаси никоҳ “то рўзе ки моро марг ҷудо накунад” шуморида мешавад. Дар ин ҳолат никоҳ аз ҷиҳати ҳуқуқӣ қатъ мегардад. Талоқи ҳақиқӣ сабаби дувумро метавон номид, вале сабаби аввалро қатъ шудани никоҳ меҳисобанд.
Талоқ аз дидгоҳи яҳудият. Маросими ақди никоҳ ин аз пешбурди хоҷагии ягона /умумӣ, доштани ҳисоби бонкии муштарак ва ё тарбияи атфол хеле болотар аст. Амалан никоҳ ду руҳро бо ҳам мепайвандад то ки як руҳи ягонаро ташкил диҳанд. Тавре ки дар Таврот дар бораи ҷуфти зану шавҳар омадааст: «онҳо як ҷисм мешаванд» (Берешит 2:24). Неруи муҳаррик байни зану шавҳар –ин ишқ ва ѓамхорӣ нисбати якдигар мебошад. Тибқи шартномаи никоҳ дар қонунгузори яҳудиён мард уҳдадор аст талаботи занаро дар хўрок, либос, наздикии ҷисмонӣ ва ѓайра иҷро намояд.
Бо вуҷуди ин, баръакси дигар динҳое, ки талоқро иҷозат намедиҳанд, яҳудият дар ҳолатҳои муайян зарурати онро эътироф мекунад. Дар Таврот омадааст, ки ҷиҳати ҷудо шудани ҷуфти яҳудӣ мард бояд барои зан ҳуҷҷат диҳад ва номи ин ҳуҷҷат Гет мебошад (Таврот. Дварим 24:1-4). Гет никоҳи яҳудиро анҷомёфта меҳисобад ва таъкид мекунад, ки тибқи қонуни яҳудӣ ин ҷуфт дар оянда метавонад такроран ақди никоҳ банданд. Бе доштани “Гет”-и дахлдор, гарчанде ки марду зан алоҳида зиндагӣ кунанд ҳам, вале руҳан ба ҳам марбут мебошанд, - ва ин ҳамчун никоҳи комил маҳсуб мешавад. Талоқи расмии дунявӣ Гети комил маҳсуб намешавад.
Гет аз ҷониби хаттоти махсус дар ин соҳа таълимгирифта бо тарзи мушаххасу муайян навишта мешавад ва ин амал таҳти назорати қатъии равин, ки дар донистани ин қонунҳо мутахассиси варзидааст, анҷом мегирад. Хуҷҷат дорои матни иборат аз 12 сатр мебошад ва ба забони оромӣ-забони модарии даврони нозил шудани Таврот навишта мешавад. Дар ҳуҷҷат ҷойи воқеъшавӣ, номи зану мард ва инчунин хулосаи кўтоҳ дар бораи он ки зан ҳуқуқи дубора издивоҷ карданро дорад, дарҷ мегардад. Мард Гетро дар ҳузури ду нафар шоҳиди мукаллафшуда ба зан месупорад. Ин маросим дар тўли як соат, одатан дар дафтари равин, бе хондани дуъо ва гуфтани ҳамду сано анҷом мегирад.
Дар тўли таърих яҳудиён кўшиш ба харҷ додаанд, ки меъёри намунавие барои ҳаёти оилавӣ пайдо кунанд ва ин дар истилоҳи «Шлом Байт» («Амният дар хона») ҷой гирифтааст. Агар дар хона оромию амният бошад, пас дар он Худо низ ҳузур дорад. Ҳангоме ки дар хона оромию амният набошад, пас воқеъ шудани талоқ варианти ягона боқӣ мемонад. Дар Талмуд гуфта мешавад, ки ҳангоми воқеъ шудани талоқ меҳроби калисо-рамзи ягонагӣ ва муқаддасии яҳудиён- гўё дар сўги ягонагии аз дастрафта рамзан «гиря мекунад», (Сангедрин, 22а).
Талоқ аз дидгоҳи дини буддоӣ. Никоҳ дар дини буддоӣ озод аст ва ягон қонуни муайян барои ин вуҷуд надорад. Ҳамчунин ҷудошавӣ ва ё талоқ низ озод аст ва агар онҳо-зану шавҳар ба таълимоти Буддо пайравӣ кунанд, пас ҳолатҳои талоқ хеле нодир рух медиҳанд. Марду зан агар ҳамдигарфаҳмӣ надошта бошанд, пас онҳо метавонанд озодона аз якдигар ҷудо шаванд. «Аз чунин ҳаёт, ки зану шавҳар ва фарзандон азоб мекашаванд, ҷудошавӣ беҳтар аст»-чунин мешуморанд онҳо. Инчунин Буддо маслиҳат медиҳад, ки мардони пир бо занони ҷавон издивоҷ накунанд, чунки ба якдигар мувофиқат кардани пирамард ва зани ҷавон ба гумон аст ва ин боиси зуҳури мушкилоти иловагӣ мегардад (ниг. Парабхава Сутту).
Талоқ аз дидгоҳи ислом. Вайрон шудани хонаводаҳо дар натиҷаи талоқ назди дини мубини ислом амали бад маҳсуб мешавад. Вале чуноне ки дар боло қайд гардид, ҳар гоҳ ки кӯшиш ва таҷрибаи мардон бенатиҷа монд ва созиш байни зану шавҳар ҳосиле надод, охирин чораи ҳалли ин масъаларо ислом ташреҳ намудааст, ки ин ҷудоӣ ё талоқ мебошад. Дар ин маврид дар китоби муқаддаси ислом Қуръон дар сураи «Нисо», ояти 21 омадааст: «Ва занҳо аз шумо аҳду паймони маҳкаме гирифтанд. Бинобар ин, ҳар коре, ки сабаби гусастани ин аҳду паймон гардад, аз назари шариат ва ақл зишт буда, нописанд аст». (Сураи «Нисо», ояти 21).
«Ва онро дигар чӣ гуна бозпас мегиред, дар ҳоле ки бо якдигар расиш ва наздикӣ намудаед ва аз шумо паймони муҳкаме гирифтаанд?». Яъне аз назари ислом талоқ василае аст, ки вақте ҳеч роҳи ҳал ва имкони созиш боқӣ намонд ва талошу кӯшиши сулҳҷӯёна бо шак рӯбарӯ шуд, ба кор меравад. Ислом бо вуҷуде, ки нафрат ба талоқ дорад, иҷозат додааст, ки он воқеъ гардад. Талоқ амре аст макрӯҳ (нописанд), мустаҳаб (писандида) аст ва на матлуб, балки василае аст, ногузир ё ночорӣ. Пайғамбар Муҳаммад (с) низ дар ин маврид мефармояд: «Зиштарин корҳои ҳалол дар назди Худованд, талоқ аст». Ҳамчунин: «Издивоҷ кунед ва талоқ надиҳед, пас ҳар ойина арши Худои Раҳмон аз талоқ ба ларза ояд» (Ҳадиси шариф). Пайғамбар ин ҳадисро барои он фармуданд то ишора бошад, ки талоқ рухсатест, ки ба хотири заруратӣ ва маҷбурӣ, ҳалол гардидааст. Чун замони зиндагии мард ва зан талх гардид, нафрат, адоват ва кина ҷойи муҳаббат ва алоқаро гирифт ва манъи иҷрои воҷиботи зану шавҳар гардид, чорае ҷуз ҷудоӣ нест.
Тавре мебинем, шариати ислом аз ибтидо мухолифи талоқ (вайроншавии оилаҳо) буд ва он бо оёти қуръонӣ ва аҳодис асоснок шудааст. Дар ислом талоқ ба унвони охирин роҳи ҳалли мушкилот ва буҳронҳои даргирифта дар хонавода дониста шудааст ва он ҳам дар сурате, ки дари тамоми роҳи ҳалҳо баста гардад, ба иҷро гузошта мешавад. Агар чора ва илоҷи дигаре ѓайр аз он барои ҳалли мушкилоти хонаводагӣ пайдо шавад, дар он сурат набояд ба ин амал даст зад.
Бо ин ҳама, вақте зарурат пеш омад ва дигар роҳе барои созишу ҳамзистӣ боқӣ намонд ва идомаи заношўӣ дар як чунин фазои пурташаннуҷе дигар имкон дорад ба рўйдодани ногувориҳои бештару бузургтаре бианҷомад, дар ин марҳала талоқ дармони талхест, ки барои бартараф намудани ташаннуҷу ихтилоф дар зиндагии хонаводагӣ ва иҷтимоӣ аз тарафи шариати ислом тадорук дида шудааст.
Шариати ислом дар иртибот бо паёмадҳои ҷудоӣ миёни зан ва шавҳар ва мурооти ҳуқуқи ҳар як аз онҳо аҳком ва раҳнамудоте вазъ намудааст.
Хотима додан ба равобити заношўйӣ ё бар асоси хости яктарафаи мард аз тариқи талоқ ва ё бар мабнои хосту иродаи тарафайн аз тариқи «хулъ» анҷом мепазирад.
Гоҳе мумкин аст ин ҷудоӣ аз тариқи раҷъат ё ақди ҷадид дубора ба ҳолати аввалия идомаи зиндагӣ миёни мард ва зан бозгардад ва ё аз тариқи муҳокимаи шаръӣ ё додгоҳӣ ба хотири асбоб ва ё авомили муайяне миёни онҳо талоқ ва ҷудоӣ анҷом пазирад ва ё тариқи масоили ҷудогонае монанди «ийло» ва «зиҳору лиъон» поёни зиндагии заношўйии онҳо рақам зада шавад ва дар ҳама ҳолот ҷудоӣ миёни зану шавҳар мурооти идда ва ба азо нишастани зан зарурӣ аст.
Ислом барои таҳаққуқи ҳадафҳо ва ҳикматҳои бинои хонавода, идомаи бомуваффақияти зиндагонии заношавҳарӣ ва таҳкими пояҳои ҳаёти оилавӣ аз марду зан хостааст, ки ба ҳуқуқҳо ва масъулиятҳои дуҷонибаи худ нисбат ба якдигар ва робитаҳои неки ҳамсарӣ аз худ пойбандӣ нишон диҳанд ва дар баробари кўтоҳиҳои якдигар ва норасоиҳои зиндагӣ бурдборӣ ва таҳаммулпазирӣ намоянд.
Қуръони карим мефармояд: «Ва ба онҳо бо некӣ (ва ба таври шоиста) муошират намоед. Агар онҳоро бад дидед, пас шояд шумо чизеро бад бинед, вале Худованд хайри бисёреро дар он ниҳода бошад».
Тавре, ки мушоҳида шуд, масъалаи никоҳу хонадорӣ қариб дар тамоми динҳои бузурги ҷаҳонӣ муҳим ва ҳатто муқаддас ба шумор меравад, вале талоқро бошад амали нописанду ногувортарин ва бадтарин ҳисобидаанд.
Бино бар ин, ҷавонон қабл аз издивоҷ кардан бояд, ки ин иқдоми неки хешро бо назардошти шароити зиндагӣ, имконоти иқтисодӣ ва аз ҳама муҳимтар бо доштани муҳаббати тарафайн дар тарозуи ақл бар кашанд ва сипас пой бар арсаи зиндагии оилавӣ ниҳанд.
М.Шодиев