Марҳилаи навбатии озмоиши миллати тоҷик

Имрўз миллати тоҷик бори дигар дучори андешаю ғояҳои ваҳшиёнаи хоинони дохилию хориҷии миллат гардидааст. Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ қишрҳои иртиҷоии кишвар бо мақсади бунёди хилофати исломӣ ба гардани миллати фарҳангпешаи тоҷик ҷанги шаҳрвандиро таҳмил карда буданд. Хисороти моддию ҷонии он ҷанг то имрўз фаромўш нашудааст.

Мутаассифона, нерўҳои иртиҷоии кишвар имрўз аз нав аз худ дарак дода истодаанд. Таҳлилу омўзишҳо нишон медиҳанд, ки ҳар чӣ бештар барои ҷомеа озодиҳои динӣ дода шавад, ба ҳамон андоза моҳияти ҳақиқии дин ифшо мегардад. Дар ҷомеаи имрўзаи Тоҷикистон ба шарофати истиқлол ва сиёсати таҳаммулгароёнаи Пешвои миллат масҷидҳои зиёде бунёд ёфт, Қуръону аҳодис ба забони тоҷикӣ тарҷума гардиданд, сафи ҳоҷиёни фарзию умра ба маротиб зиёд гардид. Аз ин пешравиҳои назаррас неруҳои иртиҷоӣ илҳом гирифта, талош варзида истодаанд, ки боз дигар арзишҳои диниеро, ки ҷавобгўи ҷомеаи дунявӣ набуда, монеа дар пешрафти ҷомеа мебошанд, ба гардани миллат бор кунанд. Ин ҷо сухан дар хусуси ҳиҷобу сатрнамоии бегона меравад, на миллӣ. Моҳиятан Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни баррасии мавзуъ пайваста таъкид менамояд, ки мардуми мо бояд бегонапарастиро тарк намояд. Яъне, талаботи шариатро бо истифода аз расму русуми миллӣ адо намояд. Аммо қишри бегонапарасту миллатситези ҷомеа, мутаассифона, риояи талаботи диниро маҳз дар шакли риояи анъанаи бегонаҳо талаб менамоянд.

Болои сўхта намакоб ба гурўҳи иртиҷоии ҷомеа гурўҳҳои ифротии ҳамсоякишвар низ ҳамроҳ шуда истодаанд. Хеле тааҷҷубовар аст, ки гурўҳҳои ҷоҳил ва ифротии ҳамсоякишвар, ки аслан муҷиби бадбахтии миллионҳо мардуми афғон дар тўли қариб 50 соли охир маҳз онҳо мебошанд, аз хиёнатҳои миллӣ ва ҷиноятҳои худ боре ёдовар нашуда, мехоҳанд чунин ҳолати нангборро ба кишвари мо низ бор намоянд. Ба хотири ин амал бидуни шарму ҳаё боз ҷиҳод низ эълон менамоянд. Аз онҳо пурсида мешавад, ки назди Худованд беҳиҷобии зани тоҷик (Дар ҳолате, ки онҳоро касе аз ҳиҷоби миллӣ маҳрум накардааст) гуноҳи азимтар маҳсуб меёбад ё амалҳои зишт ва норавои онҳо? Дар қурбон гардидани миллионҳо занону кўдакони бегуноҳ дар тўли даҳсолаҳои охир онҳо худро гунаҳгор меҳисобанд ё не? Дар умум зани афғон имрўз беҳуқуқ аст, магар онҳо худро гунаҳгор меҳисобанд ё баръакс? Ба сабаби ҷаҳолати ҳамин гурўҳҳои ифротӣ имрўз кишвари Афғонистон озмоишгоҳи силоҳҳои навин байни абарқудратҳо шудааст. Барои ҳолати шаклгирифта кӣ гунаҳгор аст: мо тоҷикон ё ин хоинони ватанфурўши афғон?

Аз ин муллоҳои ҷоҳил ва хиёнатпеша пурсида мешавад: агар шумо имони комил доред, чаро ҳанўз зиндаед, дар ҳолате, ки миллионҳо фарзандони бузурги миллати афғон мурда истодаанд? Албатта, дар марги онҳо шумо - хоинони ватанфурўш даст доред, зеро даромади зиёди пулиро аз Ғарб мегиред.

Шумо на ба Худо бовар доред ва на ба имонатон, зеро ба хоҷагони хориҷиятон такя намуда, танҳо муҷиби бадбахтии мусулмонон мегардеду халос. Агар ин қадар худро мусулмон мегиред, боре ба ҳукумататон пешниҳод кунед, ки чаро ҳуқуқҳои ғайрипуштунҳо маҳдуд мегардад? Ҳукми «Иннамо - лмуъминуна ихватун» куҷо шуд? Ба ҳамин монанд шумо агар ҳукме аз исломро иҷро менамоед, пас даҳҳо ҳукми дигарро иҷро намекунед. Пас, дониста бошед, ки ҳукми ояти 85 аз сураи «Бақара», ки қавми худро мекушед, ва аз қавми худ гурўҳеро аз хонаҳояшон берун мекунед, ва ба порае аз Китоб имон меореду ба дигараш не, ба шумо гуфта шудааст. Ҳамин аст, ки мардуме, ки ба шумо гуш мениҳад, тибқи ояти мазкур, ҳам дар ин дунё ва ҳам дар он дунё бадбахт мегарданд.

Бинобар ин, дониста бошед, ки дар Тоҷикистон мардуми шарифи кишвар шуморо ҳамчун сагҳои кўчагии ба устухони партофтаи хориҷиҳо бозикунанда қабул намуда, дар имони воқеии худи шумо шак доранд. Агар мусулмони воқеӣ мешудед, аввалан, амалҳои ношоиста ва номатлубро (мурод бачабозию наркотикфурўшӣ ва беадолатии қавмӣ) тарк мекардед. Ҳангоме чунин аъмолро тарк накардед, пас намози шумо қабул нест, зеро Қуръон Инна-салота танҳо ан-ил фаҳшои ва-ал мункар гуфтааст. Вақте намози шумо қабул нест, магар танҳо сатру ҳиҷоби шумо метавонад, ки шуморо ҳамчун мусулмон муаррифӣ кунад? Албатта, не! Пас, аввал дар ислоҳи худ бошед, пас, дар ислоҳи дигарон.

Ҳеҷ гоҳ фаромўш накунед, ки мардуми шарифи Тоҷикистон дар атрофи Пешвои худ зич муттаҳид шуда, сиёсати пешгирифтаи ўро дар ҳамаи самтҳои ҳаёти ҷомеа дастгирӣ менамоянд ва ҳеҷ гоҳ ба шумо барин хоинони миллату дин гўш намениҳанд. Дониста бошед, ки ин ав-ави шумо бори дигар муҷиби муттаҳидии милати мо мешаваду халос!

Абдухалилзода К.

Яндекс.Метрика