Мазҳаби ҳанафӣ, ки онро наслҳо пазируфтаанд ва олимон мавриди омўзиш қарор дода, дар асоси усулу қавоиди истинботнамудаи он ҳали масоилро дарёфт намудаанд,танҳо аҳволи худи Абўҳанифа нест, балки он иборат аз суханони ёронаш мебошад. Ва метавони бигўӣ ки ин аҳволи мактаби Абўҳанифа буд, ки дар Куфа таъсис ёфта, шогирдонаш пас аз марги ў ин мактабро ба Бағдод интиқол доданд. Барои чӣ чунин омехтагӣ ба миён омадааст. Чаро мазҳаби Абўҳанифа дар алоҳидагӣ барпо нагашта, чи хеле ки аҳволи Молик ва Шофиъӣ дар алоҳидагӣ ҷудо гаштаанд?!
Чанд сабабҳое бо ҳам ҷамъ омаданд ва мазҳаби ҳанафиро омехта аз андешаҳои Абўҳанифаю ёронашон ва ҳамзамонони ў аз фуқаҳои Ироқ мисли Усмони Боттӣ, Ибни Шубрума ва Ибни Абилайло ба миён оварданд, зеро дар китобҳои ин мазҳаб суханони ин фуқаҳо зикр мегардад агар чи аз мазҳаб набошад.
Аз ҷумлаи ин сабабҳо он аст, ки аҳволи имом, ҳангоме ки ривоят шуд, дар алоҳидагӣ ва ҷудогона ривоят нагашт. То хулосаи суханони Имом бе омехтагӣ бо суханони ёронаш ҷамъ гардад. Имом Муҳаммад (р) аҳволи фақиҳони Ироқро ҷамъоварӣ намуда, танҳо суханони Абўҳанифаро гирдоварӣ ва андешаҳои ўро аз афкори ёронаш ва бархе аз ҳамасронаш ҷудо намудааст. Балки ў масоили фаръӣ ва ҳулули масоилро чи дар он иттифоқӣ бошад ё ихтилоф ҳмвора нақл намудааст ва наслҳои минбаъд омада ин маҷмўаи фиқҳиро, ки аҳволи фақиҳони Ироқро оммаи оммаи ва аҳволи Абўҳанифаро хостан ҷамъ намудааст, мирос будаанд. Чунин тариқаро низ ба ғайр аз Имом Муҳаммад ононе, ки фиқҳ Абўҳанифаро ривоят мекунанд, пеш гирифтаанд. Ва агар мехостанд, ки хилофи баъзе аз ҳамнишинони имомро, ки Муҳаммад дар китобҳои зоҳирӣ ривоят ба он иктифот намудааст, зикр кунанд. (масалан хилофиёти Зуфарро зикр накардааст), он ин афкорро бо якҷоягӣ бо андешаҳои Абўҳанифа ривоят мекарданд ва бо он омехта мемонданд. Ба ҳамин тарз олимон он андешаҳоро омўхтанд ва онро мазҳаби ҳанафӣ номгузорӣ карданд ва дар ин номгузорӣ номи пешвои ин имомонро ихтиёр намуданд.
Инчунин аз ҷумлаи ин сабабҳо услубест, ки Абўҳанифа ҳангоми омўхтани масоили фиқҳи гуногун ва натиҷагирии ҳукмҳои воқеаҳо ё аҳкоми тасаввурӣ бештар ба он такя менамуд. Ў масъалаҳоро матраҳ намуда, ба шогирдони худ гўш меандохт ва ба онҳо баҳс менамуд ва онон низ ба ў талош меварзиданд ва фарозаи баъзе ҳолатро зикр мекарданд ва гоҳе бо ҳам мувофиқ ва гоҳе ихтилоф меварзиданд. Аз ин ҷо ошкор мешавад, ки Ў аз сабаби парҳезгорӣ ва ҳуқуқҷўӣ ва нисбат ба озодии андеша эҳтиром доштанаш, шогирдони худро ба ихтиёри он чизе мувофиқи далел аст, даъват менамуд. Чи хеле, ки Абўюсуф андешаҳои Абўҳанифа ва андешаҳои худро менигошт, ки он натиҷаи омўзиш ва самараи ин мадрасаи фиқҳӣ буд. Бо ин назардошт мазҳаби ҳанафӣ чунин мактабест, ки меомўзад музокира менамояду ҳалли масоилро истинбот мекунад. Донишмандон дар ин мактаб гоҳе мувофиқ ва гоҳе ихтилоф мекунанд. Дар ниҳоят онҳо як мактабе ҳастанд, ки дар наслҳои оянда ҳамчун як мазҳаб шинохта шуданд.
Қисми аввал...
Исоев Н - мутахассиси пешбари шуъбаи пажӯҳиши маъхазҳои исломӣ