Масъалаи ба илми калом машғул шудани Имоми Аъзам (р) як амри воқеӣ бошад ҳам, муҳаққиқоне ҳастанд, ки ин амрро зери шубҳа мегузоранд. Махсусан, мӯътазилиён чунин даъво пеш гузоштанд, ки Абӯҳанифа (р) дар илми калом асаре эҷод накардааст ва кутуби каломӣ, мисли «Фиқҳи Акбар», «Олим ва мутааллим» ба ӯ нисбате надоранд. Ин шубҳаҳоро инчунин муносибати баъзе аз фуқаҳо ва мазоҳиби исломӣ ба илми калом қувват додаанд. Масалан, Имом Молик (р) илми каломро аз усули динӣ берун дониста, онро равиши ботил медонад (Шарҳи суннат, ҷ. 1, с. 217). Ҳамчунин Имом Шофеӣ (р) бо тозиёна задани асҳоби каломро ҷоиз медонад (Шарҳи Мулло Алии Қорӣ ба «Фиқҳи Акбар» с. 23). Ҳатто Абӯюсуф (р) мегӯяд, ки намоз хондан пуштисари мутакаллимон ҷоиз нест (ҳамон ҷо, с. 27). Яке аз мухолифони ҷиддии калом Имом Ҳанбал (р) буд, ки уламои каломро зиндиқ медонист (ҳамон ҷо, с. 26). Чуноне ки аз ахбори аллома Кардарӣ дар китоби «Маноқиби Абӯҳанифа» бармеояд, худи ҳазрати Имоми Аъзам (р) ба фарзандаш Ҳаммод таъкид намудааст, ки дигар ба илми калом машғул нашавад. Ривояту маълумотҳо дар ин бора зиёданд, вале он чӣ аён аст, он аст, ки Имоми Аъзам (р) ба илми калом (беҳтараш ба илми ақоид) машғул шуда, таснифоти муҳим дар он боқӣ мондааст. Бо вуҷуди шубаҳот ба Имоми Аъзам (р) нисбат доштани чунин асарҳо мисли «Фиқҳи Акбар», «Олим ва мутааллим», «Васоё» ба субут расидааст ва ин ҷо ҷои баҳси он нест. Балки масъала аз он иборат аст, ки макотиби фиқҳӣ кадом илми каломро рад кардаанд ва он чӣ гуна будааст. Сухан ин ҷо дар бораи баҳсҳои каломии замони охири ҳаёти Абӯҳанифа (р) меравад ва Абӯҳанифа (р), ки худ ба калом иштиёқ дошт ва ба он машғул шуда буд, аз он даст мекашад ва фарзандашро аз омӯзиши калом манъ мекунад. Пас аз пайдоиши мурҷиа, қадария, ҷабрия, ботиния ва зоҳирия баҳсҳои доманадор ва баъзан беҳудаи ғайриилмӣ дар хилофат байни мусулмонон ба вуҷуд омаданд, ки бо ақоиди асҳоби ҳадис ва аҳли салафи солеҳ чандон мутобиқат надоштанд ва усули истифодаи баҳсҳо, инчунин тарзи исбот ва овардани далоил бо исботу далоили асҳоб ва тобеин мувофиқат намекард. Дигар ин ки илми ақоид гарчанде асоси илми каломро ташкил диҳад ҳам, доир ба он баҳсҳои каломӣ шакли мустақил ба худ нагирифта, ҷузъи фиқҳи эътиқодӣ буд. Яъне калом чун илми махсус акнун ба вуҷуд меомад. Аз ин ҷо вақте А. Волфсон дар бораи марҳилаи аввали зуҳури ислом сухан меронад, баёни ақоидро аз тарафи аҳли салафи солеҳ меорад, яъне дар ин давраи инкишофи ислом нуктаҳои асосии эътиқодӣ аз Қуръони карим гирифта шуда, мавриди тарғиб қарор гирифтанд. Сухан дар бораи усули ақоиди имонӣ, ба қавли Ибни Халдун «таклифи қалбӣ», ки аз шаш рукн иборат аст, меравад: эътиқод ба Худо, ба фариштагон, ба китобҳои осмонии ӯ, ба фиристодагони Худо, ба рӯзи қиёмат ва эътиқод ба сарнавишт. Усули ақоид аз масоили фиқҳӣ, яъне «таклифҳои баданӣ» фарқ кунад ҳам, вале онҳо ба ҳам зич пайванданд ва дар илми фиқҳ омӯхта мешаванд. Бинобар ин эътирози аимаи ислом ба калом маънии эътироз ба фарзу суннату воҷиботи дин нест, балки эътироз ба баҳсҳои зиёдатии каломӣ будааст.
Баъзе муҳаққиқон чунин ақида доранд, ки баҳсҳои каломӣ дар ин давра на ба қиёси мантиқӣ, балки ба софизм шабоҳат доранд. Баҳси софистӣ он баҳсе аст, ки ғаразаш дарёфти ҳақиқат нест, балки мақсади он таҳмили ақидаи худ бар дигарон аст. Чуноне ки дар Юнони Қадим дар баробари диалектикаи Суқрот гурӯҳе софистикаро ривоҷ дода, онро истифода мебурд. Ин навъ баҳс агар дар зоҳир мантиқан дуруст бошад ҳам, дар асл ғалати мантиқиро дар худ ниҳон медошт. Мисли ҳукмҳое, ки «он чиро, ки гум накардаӣ, доро мебошӣ. Шохро гум накардаӣ, пас шох дорӣ». Кӯшиши мутакаллимон, ки онҳоро аҳли фиқҳ маҳкум кардаанд, ба ҳамин софистика монанд буд. Дар воқеъ, равиш ба табиати дин, ки асосаш эътиқод аст, созгор нест.
Ривоҷи улуми исломӣ вобаста ба талаботи замон ва ниёзи мусулмонон инкишоф меёфт. Пайдоиши фиқҳ ва мактабҳои фиқҳӣ зарурати ба низоми муайян даровардани амалу эътиқодоти мусулмононро ба вуҷуд овард, алалхусус аҳкоми исломиро. Азбаски ҷойгоҳи аҳкоми исломӣ хеле бузург аст, баъд аз нашри ислом ба тадриҷ илме пайдо шуд, ки ба омӯзишу таҳқиқ ва баёни он аҳком машғул гардид ва онро фиқҳ гуфтанд. Фиқҳ дар луғат ба маънии «воқиф шудан», «иттилоъ ёфтан», яъне воқиф шудан аз аҳкоми шариат мебошад. Таърифи фиқҳ ва фазоили он мавзӯи дигар аст, вале ин ҷо фақат алоқамандӣ ва ҷойгоҳи ягонаи фиқҳу каломро, чуноне ки муҳаққиқон зикр карданд, баён карданием. Пайдоиши илми фиқҳро бо номи Абдуллоҳ бинни Масъуд (р) вобаста медонанд, ки иҷтиҳодро дар масоили аҳкоми динӣ истифода мекард. Дар фиқҳ низ вақте сухан аз боби ақоид мерафт, ба истидлол, чи ақлӣ ва чи нақлӣ, асосан ба Қуръони карим, аҳодиси набавӣ муроҷиат мекарданд. Оёти марбут ба рукнҳои эътиқодро зикр намуда, шарҳу баён медоданд, ё ҳадисеро меоварданд ва он нуктаро исбот мекарданд. Агар чизеро илова бар инҳо ба субут расонидан лозим буд, тамсилро истифода мебурданд. Тамсил ҷузъи ҳамин далоил буда, бар манобеи исломӣ асос меёфт, дар он таъсири ҳикмати ғайр қариб мушоҳида намешуд. Ба гуфти А. Волфсон тамсилро «дар масоили марбут ба имон мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд» ва мазмуни он бештар ба шакли монандкунӣ аст. Масалан, ҳазрати Умар (р) дар яке аз дастурҳояш ба қозиён фармудааст, ки «амсол ва ашбоҳ» - ро мутолиа кунед ва чизҳоро бо чизҳои назир ва шабеҳи онҳо қиёс кунед» (Ибни Халдун. Муқаддима, ҷ. 1, с. 398). Шабоҳате, ки қиёс бар рӯи вай бино шуда гунаи хосе аз шабоҳат аз лиҳози баъзе аз ҷанбаҳо дар мавриди чизҳое аст, ки «бо ҳам шабеҳ нестанд» (А. Волфсон. Илми калом. Теҳрон, 1998, с. 14). Ин навъи қиёс (тамсил) дар фиқҳ аз ибтидои пайдоиши он истифода бурда мешуд. Масъалаҳои имонӣ низ дар фиқҳ муҳокима шуда бештар ба истидлоли таҷрибавӣ ва отифӣ такя мекард. Истидлолҳои нақлӣ бештар маъруф буданд, нисбат ба истидлолҳои ақлӣ ва назарӣ. Дар доираи ин усули таҳқиқ, албатта, ҳоҷати зиёд ба истидлоли ақлӣ вуҷуд надошт. Гузашта из ин давраи ҷамъоварии ҳадисҳо буд ва масъалаҳои дар он баённашуда то андозае маълум набуданд. Фақат дар солҳои охири зиндагии Имоми Аъзам (р) хирадгароӣ ва руҷӯъ ба истидлоли ақлӣ хеле вусъат пайдо кард, зеро дар ҳамин замон тарҷума ва тафсири осори қадима, ҳикмати Юнону Аҷам дар байни мусулмонон русухи бештаре пайдо кард ва ба қавли Ибни Халдун «навиштани рисолаҳо шурӯъ шуд» (Ибни Халдун, Муқаддима, ҷ. 1 с. 397). Аммо Имоми Аъзам (р) бо усули фиқҳие, ки дониш, қиёсро ба гунаи дигаре истифода мекард, пайваст ва дар масоили имонӣ ба истидлоли ақлӣ таваҷҷӯҳи зиёдтаре зоҳир намуд.
Замони зиндагии имом пурошӯб буд. Ҳаракатҳои зидди хилофати умавия хеле авҷ гирифта, минтақа ва кишварҳое пайдо шуданд, ки аз итоат ба халифа саркашӣ мекарданд. Шӯришу исёнҳо ба авҷи баланд расида, ҳаракати шииён барои ба даст гирифтани зимоми ҳукмронӣ дар хилофат қувват пайдо карданд. Дар давраи хилофати уммавиён гарчи давлат ба зоҳир ба ислом такя дошт ва дин бунёни онро ташкил мекард, вале дар воқеъ султаи арабӣ буда, ҷудоии дин аз давлат дар он мушоҳида мешуд. Ҳаракати шииён ин такфикро (ҷудоӣ) аз байн бурданӣ буд. Ба сари қудрат омадани аббосиён кӯшише барои хилофати исломӣ ба ҳисоб равад ҳам, такфикро аз байн набурд, ҳарчанд таъсири унсури қавмӣ, яъне арабият, то ҳадде заиф гардид. Вобаста ба ҳамин таъсири қавму фарҳангҳои дигар дар хилофат зиёд шуда, ҳикмати Юнону Аҷам доираи хеле васеъ пайдо кард. Тарҷума ва гирдоварии осори пешинаи ақвоми хилофат, таҳқиқи улуми дунявӣ хеле вусъат пайдо намуд. Аз ин ҷо мантиқи файласуфони бузурги Юнон ҳам ба тафаккури исломӣ таъсире бахшид. Вале агар гӯем, ки мантиқи файласуфони Юнон, хусусан Арасту, вориди таълимоти равияҳои мухталифи исломӣ, аз ҷумла мактабҳои фиқҳӣ, шуд ва бар пояи он ин мактабҳо, хусусан андешаи хирадгароӣ, ба вуҷуд омаданд, ба фикри ман, чандон дуруст нест, зеро мантиқи Юнон, масалан Арасту, бо ҳикмати фалсафаи он пайваст аст. Ҳатто фалсафа ва каломи мӯътазила, чи расад ба равияҳои фиқҳӣ, маншаи исломӣ дошта, аз ақоид ва тафаккури исломӣ баҳра мегирифтанд. Аз ин ҷо ин таъсирро ба таври куллӣ ҳамчун як таконе барои ақлгароӣ бояд фаҳмиду халос. Аз дигар тараф, ҳатто дар сурати паҳн нашудани ҳикмати Юнон ҳам руҷӯъ ба ақл, илм ва ҳикмати назарӣ дар ислом ба вуҷуд меомад, зеро он аз худи таълимоти ислом бармеояд. Бинобар ин вақте дар бораи қиёс ва дигар усули далоили ақлӣ сухан меравад, онро маҳсули тафаккури исломӣ бояд шинохт ва агар муқоиса сурат мегирад ва монандие ба назар мерасад, асоси он ягонагии тафаккури инсонист. Дар ҳар сурат усули фиқҳии Абӯҳанифа (р) ва қиёс дар каломи ӯ таҳаввул ва такмили минбаъдаи тамсил мебошад, ки асҳоби ҳадис истифода мекарданд. Тамсилро набояд аз қиёс тамоман ҷудо ва хеле дур тасаввур намуд. Чунонки аз илми мантиқ бармеояд, ҳар гуна истидлол аз ин се намуд берун нест: истидлоли тамсилӣ, истиқроӣ ва қиёсӣ, яъне интиқол дар истидлол аз ҷузъӣ ба ҷузъӣ – тамсил, аз ҷузъӣ ба куллӣ-истиқроӣ ва аз куллӣ ба ҷузъӣ – қиёс. Тамсил ҷорӣ будани як ҳукмро ба дигар ҳукми ба он монанд гӯянд. Ибни Сино дар шарҳи тамсил мегӯяд «мисол он буд, ки ҳукм кунанд бар чизе ба он чӣ андар монандаи ӯ бинанд» («Донишномаи Алоӣ», Теҳрон, с. 43). Вақте сухан аз қиёс дар фиқҳу калом меравад, дар онҳо қиёс бештар ба ҳамин маънии тамсил истифода мешавад. Аксари мактабҳои фиқҳӣ маҳз ҳамин тамсилро дар мавридҳое, ки дар нусус ҳукме дар бораи он вуҷуд надорад, истифода мебаранд. Тамсил мартабаи чандон баланди дарёфти ҳақиқатро дар илми мантиқ надорад, вале дар аҳкоми шаръӣ , шеър, хитобаҳо мақоми баландро соҳиб аст. Дар мантиқ истидлоли тамсилӣ мартабаи ибтидоӣ дошта, замина барои истиқроъ аст. Ҳам тамсил ва ҳам истиқроъ ҷузъе аз хулосабарориҳои индуктивӣ мебошанд. Хулосабарориҳои индуктивӣ, яъне индуксия, воқеан намуди хулосаҳои эҳтимолӣ ё худ проблематикӣ буда, дар сурате исботи пурра ҳисоб мешавад, ки агар ҳамаи чизҳои ба ҳамон намуд ва сифати мавриди хулоса дар ҳамаи ҳамон намуд дида баромада шавад. Вале дар баъзе гурӯҳҳои ашёҳо ҳамаи онҳоро дида баромадан ғайриимкон аст, масалан растанӣ, ҳайвонот ва ғайра. Шакли рамзии он чунин аст:
P1 (a), P2 (a) … Pn (a) Q(a) – гузора аст
P1 (b), P2 (b) … Pn (b)
__________________________
Q (b)
Шабоҳате, ки дар қиёс (ба маънии тамсил) бино шуда аз шабоҳат аз лиҳози баъзе аз ҷанбаҳо дар мавриди чизҳое аст, ки бо ҳам шабеҳ ҳастанд. Масалан, дар Қуръон нӯшидани хамр, ки шароби ангурӣ аст (Бақара, ояти 216, Моида, оятҳои 92-93) манъ аст ва ин ҳукм дар фиқҳ ба набиз, шароби хурмо ва анвои дигар шаробҳо, ки хусусияти масткунанда доранд, ҷорӣ аст. Ин ҷо тамсил миёни онҳо вуҷуд дорад, ки сабабаш маст шудан аст (Ибни Халдун, Муқаддима, ҷ. 3, с. 288). Мисоли он дар ҳалли масъала дар Имоми Аъзам (р) ҳам дучор мешавад. Тамсил дар мавриди масоили имонӣ то зуҳури мӯътазилиён бо такмили баъзе ҷиҳатҳо, ки ба қиёс (силлогизм) шабоҳат дошт, мавриди истифода қарор гирифтааст. Минбаъд вақте калом ба илми махсус табдил шуду баҳсҳо атрофи сифоти Худованд ва Қуръон хеле тавсеа пайдо карданд, қиёси тамсилӣ ба қиёси фалсафӣ ва мантиқӣ табдил шуд. Қадами нахустин дар ин мавридро Имоми Аъзам (р) дар «Фиқҳи акбар» гузоштааст, ки он ба чанд нукта алоқаманд аст. Аввал, дар қиёс истифода шудани раъйи мустақил ва хусусан рӯ овардан ба истеҳсон ҷиҳати муҳими истидлоли айнӣ дар калом ва фиқҳи Абӯҳанифа (р) мебошад. Баъзеҳо эрод бар он доранд, ки Имоми Аъзам (р) аз раъй истифодаи бештар бурда ҳадисро камтар мавриди истинод қарор додаст. Ин масъала дар осори бахшида ба фаъолият ва рӯзгори Абӯҳанифа (р) зикри муфассали худро пайдо кардааст ва радди он низ мавриди баҳсу андеша қарор гирифтааст. Аз ин ҷо хонандагонро ба он асарҳо ва фикри муҳаққиқон ҳавола намуда, ҷиҳати дигари онро дар равиши баҳсамон тафсир карданием. Ин ҷиҳат таносуби раъй ва ривоят аст. Ба қавли М. Ҳимматзода, ки дар осори фиқҳӣ ин масъаларо омӯхтааст, «аҳли раъй аз ривояти ҳадиси бисёр метарсиданд… ва аз фатво бо раъйи худ нигарон набуданд, балки масъулияти хаторо худашон ба дӯш мегирифтанд» (Ҳимматзода М. Зиндагӣ ва осори Имом Абӯҳанифа, Хуҷанд, 2004, с. 138). Дар ин маврид бояд зикр кард, ки раъй ин истидлоли ақлие буд, ки ба илми яқин такя мекард. Илмро, чунонки аз тафсирҳои Қуръони карим бармеояд, се рутба аст: илмуляқин, айнуляқин ва ҳаққуляқин, ки ҳар кадом ба доираи мухталиф марбут аст. Ҳаққуляқин ба анбиёю авлиёҳо муяссар мегардад. Дар илми диншиносии муосир дараҷаи баланди исботро истидлоли айнӣ таъмин мекунад ва он низ бар се навъ аст: истидлоли айнӣ дар қаламрави ақли назарӣ (истидлоли ақлӣ ё қиёс), истидлоли айнӣ дар қаламрави таҷруба (истидлоли таҷрибӣ ё истиқроӣ), истидлоли айнӣ дар қаламрави таърих (таърихӣ ва нақлӣ) (Аҳмад Нароқӣ. Рисолаи диншинохт, Теҳрон, 1378, с. 10). Ба қавли Абӯзаҳра, Имоми Аъзам (р) чунин мешумурд, ки ҳамаи манбаъҳои динӣ (нусус) аз ҷиҳати маъно бо ақлу хирад дарёфт мешаванд, ба ҷуз ибодот, масалан, фаҳмидани он, ки чаро панҷ вақт намоз, на се ва на ҳафт. Ба инҳо танҳо бояд бовар кард ва пайравӣ аз суннат намуд (Абӯзаҳра, «Маноқиби Абӯҳанифа», с. 260). Пас Абӯҳанифа (р) доираи шинохти динро ба қаламрави ақлу хирад, дарки ботинӣ ва отифӣ, яъне берун аз ақл ва маърифат низ мешуморад. Ин ҷо мақсад муқобилгузории ақлу имон нест, балки таъкиди он аст, ки имон авлотар аз маърифати ақлӣ ва васеътар аз он аст, ки далоили дигар, далоили нақлӣ иродию отифиро ба бор меоварад. Ҳамчунон ки Муҳаммад Иқбол дар диншиносии маърифатии худ ин маъниро ба чунин тарз таъкид кардааст: «Чун ба сурати куллӣ сухан гуфта шавад, зиндагии диниро метавон ба се давра тақсим кард. Ин давраҳоро метавон давраҳои «имон» ва «андеша» ва «иктишоф» номид. Дар давраи аввали зиндагии динӣ ҳамчун назму инзиботе аст, ки фард ё қавме онро ба сурати як фармони ғайримашрут мепазирад, бе он ки ҳеҷ фаҳми оқилонае аз ғарази ниҳони иҷрои он фармон дошта бошад » (с. 157). Ин тарзи зиндагии динӣ комилан дар имони ҳазрати Иброҳим (а) ва Паёмбари ислом (с) ҳувайдост. Аввалан, ки ҳазрати Иброҳим (а) ҳеҷ суоле аз натиҷаи ниҳоии имони поку муҳаббати бепоён ба Худованди мутаол дар онҳо намекунад, аз дигар тараф, бо итоати бе каму кости фармонҳои Худованди мутаол бо як ҳаяҷони фаровон ҷиҳати иҷрои онҳо кӯшиш менамояд. Давраи дуюми зиндагии динӣ ба дарки ақлӣ, пайдо кардани назари мантиқӣ ба ҷаҳон аст. Ба гуфти Муҳаммад Иқбол «ҳаёти динӣ ба сурати орзуи тамоси мустақим бо ҳақиқати мутлақ пайдо кардан дармеояд» (Ҳамон ҷо, с. 157). Дар шарҳи аниқтари даври сеюм – иктишоф М. Иқбол ба қавли аҳли тасаввуф муроҷиат кардааст, ки назари ӯро дурусттар баён месозад: «фаҳми китоби осмонӣ мумкин нест, магар он замон, ки ин китоб ба ҳамон сурате, ки бар Пайғамбар ваҳй шуда, барои мӯъмин низ ҳолоти ваҳй пайдо кунад» ( Ҳамон ҷо, с. 157). Дар ин ҷо бояд гуфт, ки зинаи «иктишоф» ба он маънӣ нест, ки ваҳй ба кулли мӯъминон расида бошад, зеро гирифтани ваҳй хосаи пайғамбарон аст, балки дарки амиқи аҳкому мазмуни оёти раббониро дар назар дорад. Ҳамон тавре ки барои баъзе авлиё ва уламо муяссар мегардад. Ба қавли Иқбол «кӯшиши ақлӣ барои боздоштани мавонее, ки ҷаҳон дар пеши пои мо мегузорад, илова бар он ки зиндагии моро вусъат мебахшад ва сарватманд мекунад, биниши моро низ афзоиш медиҳад ва ба ин тартиб моро барои бархурд бо ҷанбаҳои дақиқтари таҷрибаи башарӣ мусалламтар месозад» (Ҳамон ҷо, с. 20). Вақте аз боби мантиқ сухан меравад, ки он як шохаи илм аст, набояд тасаввур намуд, ки динро ба ягон шохаи илм муқоиса намуда, таълимоти диниро бо он баробар донист. Ба қавли М. Иқбол «Дин чизе нест, метавон онро бо яке аз шохаҳои илм муқоиса кард, на фикри муҷаррад аст ва на фикри эҳсоси муҷаррад ва на олами муҷаррад; баён ва таъбире аз тамоми вуҷуди одамист»( Ҳамон ҷо, с.10). М. Иқбол дар ҷои дигар гӯяд «сурати баёни дигари илми Илоҳӣ ҳамадонӣ аст ба маънои як феъли идроки муфради ғайри қобили тақсим, ки Худоро бевосита аз саросари ҷараёни таърих ҳамчун риштаи пайвастае аз ҳаводиси хос дар як «акнун» -и абадӣ огоҳ месозад» (с. 74). Аз ин иқтибосоте, ки оварда шуд, натиҷагирӣ мешавад, ки маърифати динӣ танҳо ба васоити мантиқӣ ба амал намеояд, балки он дастгоҳи болотаре дорад, ки он ба ботини инсон, илҳоми шахсии диндор низ алоқаманд аст. Дар баробари ин бояд гуфт, ки ҷиҳати муҳими усули фиқҳии Абӯҳанифа (р) ва инчунин каломии ӯ низ равиши қиёсӣ аст, наздик ба қиёси мантиқӣ. Ҳамчунон ки дар боло зикр шуд, қиёси фиқҳӣ аз қиёси илми мантиқ, ки поягузори он Арасту мебошад, фарқ дорад, вале он дар равиши истидлолии Абӯҳанифа (р) то ҳадде наздик шудааст, ки дар шакли рамзӣ метавон онро ин тавр ифода кард:
Агар А, пас В
Агар В, пас С
______________
Агар А, пас С
Маҳз дар ҳамин шакл қиёс метавон гуфт, ки бо иҷтиҳод ҳамрадиф мегардад. Хусусияти қиёсро мо дар «Фиқҳи акбар» - и Имоми Аъзам (р) ба тарзи зерин мебинем. Дар ҷавоб ба суолоти зиндиқон ва баҳс дар бораи вуҷуди Худо, Имоми Аъзам (р) ба онҳо гуфт, ки андаке сабр кунанд, то коре ки ҳоло хабараш ба ман расид, бияндешам, он гоҳ посухи шуморо медиҳам. Ба ман гуфтанд, ки киштии сангинбор ҳомили анвои колоҳои тиҷорат, бе ҳеҷ нигаҳбон ва нохудое меояд ва меравад ва амвоҷи дарёҳоро мешикофад. Он гурӯҳи даҳримашраб гуфтанд: «Ин сухане, ки ту мегӯӣ, аз забони ҳеҷ оқиле берун намеояд». Имом гуфт: «Пас вой, бар шумо! Оё як киштӣ ба нохудо ниёз дорад, аммо ин ҳама мавҷудот дар олами боло ва поин бо ин низоми мутқан ва мустаҳками худ ҳеҷ офарандае надорад»? Чунон ки мебинем, дар ин ҷо тамсиле аст миёни киштӣ ва мавҷудоти олам. Ҳарчанд ба тамсили пешиниён монанд аст, вале он муқоиса дар асоси ду гузора аст: киштӣ ба нохудо (киштибон) ва мавҷудоти олам ба офаранда эҳтиёҷ дорад. Пас ҳамчунон, ки киштӣ ба киштибон эҳтиёҷ дорад, мавҷудоти олам низ мӯҳтоҷи офаранда ҳастанд. Ҳукми тамсилӣ хусусияти қиёси қатъиро ба худ гирифтааст.
Дар «Фиқҳи акбар» омадааст, ки мусулмонеро ба куфр ҳукм намекунем ба сабаби гуноҳе аз гуноҳон ва агарчи гуноҳи кабира бошад, модоме ки ҳалол нашуморад ва номи имондориро аз ӯ дур накунем ва ӯро мӯъмини ҳақиқӣ медонем ва ҷоиз аст, ки мӯъмин фосиқ бошад ва кофир набошад» (Фиқҳи Акбар, с. 9). Ин ҳукм аз рӯи шакл ба трилемма, яъне як намуди силлогизми қатъии дорои модусҳои мухталиф монанд мебошад, ки дар он тасдиқ ва инкори модусҳои мухталиф ҷой дорад, яъне дар он тасдиқи имон, гуноҳ ва инкори куфр, фисқ омадааст ва инкори куфр дар асоси тасдиқи имон, фисқ ва гуноҳ аст. Таносуби қиёс ва истеҳсон, ки бисёр мавриди баҳси уламо ва фуқаҳо гаштааст, дар каломи Абӯҳанифа (р) бо қиёс пайваст буда, гузариш ба қиёси қавӣ шояд дар баъзе маврид мазмуни он ноаён аст ва ё равиши қиёсист, ки барои осон кардани аҳкоми дин ва фаҳми онҳо истифода мешавад ва ин пайравӣ аз фармудаи ояти 85-уми сураи Бақара, ки Худованд осониро барои шумо мехоҳад, на мушкилиро, бармеояд. Дар ин бора шарҳи хуби М. Ҳимматзода вуҷуд дорад, ки дар китобашон овардаанд. (Муҳаммадшариф Ҳимматзода. Зиндагӣ ва осори Имом Абӯҳанифа. Хуҷанд, 2004, с. 221-227). Истеҳсон ҳаммонанди худро дар мантиқи муосир пайдо кардааст, ки ба тасдиқи натиҷае алоқаманд аст, ки аз далоили мантиқи он натиҷа ба даст меояд ва ҳукм маҳз ба тасдиқи он натиҷа нигаронида шудааст. Мисоли равшани он ҳукм дар бораи назарияи гравитатсионии А. Эйнштейн аст, ки мутобиқи он ҳаҷмҳои (массаҳои) вазнин, мисли офтоб рӯшноиро ба худ ҷазб мекунанд, ҳамчунон ки аҷсоми моддиро ба худ мекашанд. Ҳисобҳое, ки аз ин назария ба вуҷуд омад, нишон дод, ки рӯшноии ситораи дур, ки дар назди офтоб дида мешавад, ба тарзе ба замин омада мерасад, ки гӯё ишора ба сӯи офтоб майл карда бошад, ки дар асл аз вазъияти мавҷуда фарқ мекунад. Ин эффектро дар вазъияти муқаррарӣ мушоҳида кардан номумкин аст, зеро ситораҳои наздик ба офтоб зери шуои он тамоман ноаёнанд. Фақат дар мавриди гирифтани офтоб онро аксбардорӣ кардан мумкин аст. Яъне ин ҷо ҳодисае мавҷуд аст, ки бо қонун алоқаманд бошад ҳам, хеле ноаён мебошад ва ҳукм дар бораи он гузаштан ба далоили мустаҳкамтаре аст, ки аз натиҷаи индуксия бармеояд ва дар ин маврид индуксия (тамсил) намуде аз дедуксия (қиёс) қарор мегирад.
Дар ҷамъбасти баҳси қиёс дар каломи Абӯҳанифа (р) гуфтаи М. Иқболро меорем, ки бо вуҷуди розӣ набудани мо бо он чи дар гироиши Абӯҳанифа (р) ба қиёс М. Иқбол то ҳадде муболиға намудааст, вале истифодаи қиёси мантиқиро аз ҷониби Абӯҳанифа (р) равшан месозад. М. Иқбол менависад: «Бад- ин тартиб дар мазҳаби Абӯҳанифа тамоюл бар он буд, ки озодии халлоқ ва иродӣ будани зиндагӣ мавриди ғафлат воқеъ шавад ва чунон мехостанд, ки як низоми фиқҳии мантиқии комил бар пояи ақл ва истиқлоли маҳз бисозанд… Агар ҳақиқати қиёс дуруст фаҳмида ва ба кор баста шавад, ҳамон гуна ки Шофеӣ ба ҳақ гуфтааст, қиёс номи дигаре барои иҷтиҳод мешавад»(с. 45).
Масъалаи дигар, ки хусусияти каломи Абӯҳанифаро (р) муайян мекунад, таносубу фарқи афкори каломии ӯ аз равияҳои дигар мебошад, аз ҷумла қадария, мурҷиа, мӯътазила, зоҳирия, ботиния. Ақоиди каломи Имоми Аъзам (р) бо вуҷуди ҷиҳатҳои умумӣ ғайри онҳост ва ӯ ба ҳеҷ кадоми онҳо шомил нашудааст. Имоми Аъзам (р) вориди баҳс дар мавзӯъҳои имон, тақдир, сарнавишт, каломи Худо, ҷазою сазо, хайру шарр, адл ақидаи худро, ки аз исломи ростин бармеояд, ба таври возеҳ бо истифода аз далоили нақлӣ баён доштааст. Муҳимтарин мавзӯи «Фиқҳи акбар» имон мебошад. Баёни Абӯҳанифа (р) айни фармудаҳои Қуръон ва Паёмбари ислом (с) аст. ӯ имонро на танҳо дар дил, аз иқрор, балки рондан ба забон медонад. Баръакси мурҷиа, ки имонро тасдиқ ба дил медонистанд, гуфтор ба забонро низ шарти муҳими имондорӣ медонад. Ин нукта дар оятҳои Қуръони карим, аз ҷумла ояти 83 сураи Моида, ояти 136 сураи Бақара, ояти 26 сураи Фатҳ, ояти 24 сураи Ҳаҷ, оятҳои 12 ва 14 сураи Аъроф, оятҳои сураи Ихлос ва ғайра сареҳан зикр шудаанд. Азбаски Абӯҳанифа (р) дар масъалаи берун аз имон ва кофир надонистани онҳоеро аз мусалмонон, ки гуноҳ карда бошанд, гуноҳи бузург ҳам бошад, ақида меронад ва он бо гуфти аҳли мурҷиа мутобиқат дорад, бисёриҳо машраби каломии имомро мурҷеӣ медонанд. Вале дар асл ин тавр нест, зеро мурҷиа ҳама чизро баъди имон мубоҳ медонад ва фосиқонро муртакиби гуноҳ намешуморад, яъне Худованди мутаол ҳамин гуноҳҳоро, агар кас имон дошта бошад, афв мекунад ва гуноҳҳо ба кас ҳеҷ зараре намерасонанд. Аммо Имоми Аъзам (р) шахсони муртакиби гуноҳро сазовори ҷазо ва нигоҳ доштан дар дӯзах то замоне, ки мағфирати Илоҳӣ нашавад, медонад. Далелҳои зиёд аз тарафи уламо оварда шудаанд, ки мансубияти Имоми Аъзамро (р) ба мурҷиа инкор мекунанд.
Дар китобҳои худ «Фиқҳи Акбар», «Олим ва мутааллим», «Рисола ба Усмон бинни Муслими Баттӣ», «Рад бар қадария» масъалаҳои каломии зеринро мавриди баҳс қарор додаст: имон, тақдир, халқи Қуръон, адл, имомат ва ғайра. Дар ин ҷо ин нуктаро сараввал мутазаккир бояд шуд, ки инҳо он масъалаҳое буданд, ки дар замони Абӯҳанифа (р) мавриди баҳси равияҳои гуногун гаштаанд ва равише, ки ҳазрати имом пеш гирифтанд, равиши аҳли суннат ва-л-ҷамоат дар ин масъала буд. Масъалаҳои мазкур дар давраи аввал дар илми алоҳида, яъне илми калом, ки минбаъд илми мустақили шаръӣ гардид ва шеваи фалсафиро ба худ гирифт, омӯхта намешуд, балки дар дохили фиқҳ қарор дошт ва агар Имом Абӯҳанифа (р) саранҷом ба масъалаҳои каломӣ машғул шудааст, ин маънии дар аввал ба калом машғул шудан ва баъд ба фиқҳ гузаштани ӯро надорад, зеро каломи он замон аз фиқҳ ҷудо набуд. Масъалаҳои дар боло зикршуда баҳсҳои доманадореро дар байни мусулмонон ба бор овардаанд ва ҳар як равия маҳз бо нуктаи фарқкунандааш ба асомии он ном бурда шудаанд. Масалан, бо ирҷоъ «мурҷиа», бо «қадр» қадария, бо ҷабр «ҷабрия», бо ботин «ботиния» ва ғайра. Имоми Аъзам (р) ақоиду равиши ҳеҷ кадоми онҳоро пурра дастгирӣ накарда, ақоиди аҳли суннат ва-л ҷамоатро аз ҳар гуна олудагӣ нигоҳ доштааст ва ин хидмати бузурге аст, ки Абӯҳанифа (р) ба ислом кардааст ва ин корро дар асоси илми замонааш бо далоили ақлию нақлӣ иҷро намудааст. Аз ин ҷо ӯ аз ҷумлаи аввалин шахсонест, ки такони бузурге ба мактаби каломии аҳли тасаннун: мотуридия ва ашъария бахшидааст. Он чиз ҷолиб аст, ки сарфи назар аз он ки Абулҳасани Ашъарӣ (873-941) пайрави мактаби фиқҳии Имом Шофеӣ (р) бошад ҳам, дар калом худро пайванд ба ақоиди каломии Абӯҳанифа (р) медонад ва ҳатто баъзе муҳаққиқони мактаби ашъария каломи ӯро каломи ҳанафӣ шумурдаанд. Албатта, ин ҷо он нуктаро ҳам набояд фаромӯш кард, ки калом ба сабаби масъалаҳои умдаи имонро фаро гирифтанаш чандон фарқҳои ҷиддӣ аз рӯи мутааллиқ ба ин ё он мактаби фиқҳӣ буданаш надошт, вале дар ҳар сурат пайравӣ аз ақоиди каломии Абӯҳанифа (р) дар каломи аҳли суннат як амри воқеӣ мебошад. Абдуллоҳи Аҳмадиён дар ин бора менависад: «Мотуридӣ мактаби миёнраве ироа дод, ки бо мактаби ашъарӣ то андозае мувофиқ буд, ки қарнҳо пайравони шайх Ашъарӣ «Шарҳи ақоиди Насафӣ»- ро барномаи тадриси мадориси хеш қарор додаву ҳанӯз ҳам барномаи мадориси онҳост». Дар ҳоле ки ҳам муаллифи китоб, яъне Наҷмиддин Умар Абӯҳафси Насафӣ ва ҳам шореҳи он, яъне Масъуд ибни Умар Саъдиддини Тафтозонӣ (722-793 ҳ. – 1322-1395) ҳар ду аз пайравони мактаби мотуридӣ будаанд… Ҳарчанд пайравони мактаби мотуридӣ ҳанафимазҳаб ва пайравони мактаби ашъарӣ ғолибан шофеимазҳаб ҳастанд ва дар аҳкоми фиқҳӣ тафовутҳои зиёде доранд, дар ақоиди мактабӣ то ҳадди зиёде мутобиқи якдигар мебошанд ва танҳо дар масоили ҷузъӣ бо якдигар фарқ доранд» (Мулло Абдуллоҳи Аҳмадиён «Сайри таҳлилии каломи аҳли суннат». Теҳрон. 1380 (2001)), с. 171). Баёни каломи мотуридӣ ва каломи ашъарӣ баҳси дигар аст, вале наздикии онҳо хислати куллӣ доштани ақоиди каломии Абӯҳанифаро (р) ба субут мерасонад.
Масъалаи сифоти Худо ва тавҳид аз муҳимтарин масъалаҳои каломии Абӯҳанифа (р) аст, ки бо вуҷуди аҳамияту манзалати худ дар илми калом, аз тарафи муҳаққиқони осори Абӯҳанифа (р) чандон шарҳу баёни муфассали худро пайдо накардааст. Чанд асареро ба андозаи ангуштшумор метавон пайдо кард, ки ба ин масъала дар каломи Имоми Аъзам (р) эътибори ҷиддӣ дода бошанд. Аз ҷумлаи онҳо «Маноқиби Имоми Аъзам», «Шарҳи Фиқҳи акбар»-и Алии Қорӣ, «Шарҳи ақоиди аҳли суннат» ва чанде дигар ҳастанд. Абӯҳанифа (р) таъкид мекунад, ки «Худованд ҳамеша буду ҳамеша мемонад, бо исмҳояш, бо сифатҳояш, ки зотӣ ва феълӣ ҳастанд» (Фиқҳи Акбар, с. 4). Шинохти Худованд ба василаи сифатҳояш як ҳукми умумӣ барои ҷамъи мутакаллимин аст ва Имоми Аъзам (р) низ ин ҳукмро тасдиқу таъкид намуда, нишон медиҳад, ки Худованд бо сифоти зотияш мавсуф мегардад ва зидди онро имконнопазир месозад, монанди раҳмат, ки зидди он ғазаб аст (Фиқҳи Акбар, с.4). Сифоти зотиро Абӯҳанифа (р) аз ҳашт сифат иборат медонад: ҳаёт, қудрат, илм, калом, шунавоӣ, биноӣ, хоҳиш ва офариниш (Фиқҳи Акбар, с. 4) ва сифоти салбӣ, ки боз ҳам навъҳои гуногун дорад ва онҳо сифатҳое ҳастанд, ки метавонанд дорои нуқс бошанд.
Аз рӯи гуфтаи баъзе муҳаққиқон Имоми Аъзам (р) ба мисли равияҳои мавҷуда чун мушабиҳа ва муҷасима, ки гуфтаанд Худованд ҷисм аст, амал намекунад. Ин ақидаро ба Ҳишом ибни Ҳакам ва Алӣ ибни Мансур, Муҳаммад ибни Халил ва Юнус ибни Абдураҳмон нисбат медиҳанд, ки сифоти Илоҳиро ба муқтазои ҳис ҳамл мекунанд.
Аммо Абӯҳанифа (р) чуноне ки китоби «Талбиси Иблис» мефармояд, ба куллӣ аз ин ақида дур аст. Абӯҳанифа (р) дар китобаш «Васияти Абӯҳанифа» овардааст, ки «иқрор мекунем, ки Худои мутаол бар Арш истиво дорад, бе он ки ҳоҷат дошта бошад ва қарор бар Арш гирифта бошад, ҳол он ки Худованди мутаол ҳофизи (нигаҳбони) Арш ва ғайри Арш аст. Пас, агар Худои мутаол мӯҳтоҷ ба Арш бошад, қодир ба эҷоди олам ва тадбири олам намебуд мисли махлуқ ва агар Худои мутаол (фаразан) мӯҳтоҷ ба ҷулус ва қарор гирифтан, пас пеш аз офариниши Арш Худои мутаол куҷо буд? Худои мутаол аз он ниҳоят орӣ ва пок аст» (Васият. с. 16). Оятҳое дар Қуръони карим ҳастанд, ки маънии онҳо пӯшидааст ва маънии ин оятҳои муташобеҳаро Худо медонад ва донишмандони моҳир – росихон (Оли Имрон, ояти 7). Ба росихон анбиё, авлиё ва донишмандони бузург, ки ба онҳо асрори донишро Худованд ато карда бошад, дохиланд. Ояи карима аз арзиши баланд қоил шудани каломи раббонӣ ба уламо шаҳодат медиҳад. Дар шарҳи оёти муташобеҳа ва росихон ҳар равияю мазҳаб шарҳи худро дорад. Масъалаи мазкур ба хотири он оварда шуд, ки каломи Абӯҳанифа (р) дар баъзе масоил аз каломи дигар мазҳабҳои аҳли суннат ва ҷамоат фарқ мекунад, ҳарчанд ки дар аксари масъалаҳо фикри умумӣ вуҷуд дорад.
Саид АҲМАДОВ,
доктори илмҳои фалсафа
http://www.jumhuriyat.tj
Абдуллоҳи Қодирӣ -корманди шуъбаи пажӯҳиши исломи муосир