ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА ЭҲЁИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ

Бо ҳамин унвон санаи 7 - уми сентябри соли 2023, бахшида ба 32- юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар якҷоягӣ бо Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам - Абу Ҳанифа Нуъмон Ибни Собит мизи муддавари сатҳи ҷумҳуриявӣ доир намуд.
Директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Холиқзода А.Ғ. ҷамъомадро бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, ҳозиринро бо фарорасии ҷашни муқаддаси миллӣ – сиюдусолагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон табрик намуданд. Мавсуф дар баромадаш қайд карданд, ки маҳз бо шарофати ба даст овардани истиқлолияти комил, зери роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзишҳои миллии халқамон эҳё шуда, ба ҷаҳониён муаррифӣ гардиданд, ки ин соҳибтамаддун будани миллати тоҷикро собит месозад.
Дар идома бо сухани ифтитоҳӣ ҳамчунин намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Қодирзода баромад намуданд.
Дар мизи мудаввар ҳамчунин бо маърузаҳои пурмуҳтаво директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода А.Ғ. дар мавзуи “Таносуби соҳибистиқлолии миллӣ ва халқӣ дар устувории истиқлоли давлатӣ”, ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам- Абу Ҳанифа Нуъмон Ибни Собит, Зокирзода Н. дар мавзуи “Нақши истиқлоли давлатӣ дар таҳкими худшиносии миллӣ”, муовини директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Ваҳбзода дар мавзуи “Истиқлол ва озодии виҷдон: дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин” баромад намуданд.
Ҳамин тавр дар баъди баромадҳо ва муҳокимаи маърузаҳо китоби тозанашри Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Қонуни миллӣ заминагузори навсозӣ ва рушди фарҳанги миллӣ” – (маҷмуаи мақолаҳо бахшида ба 16-умин солгарди амали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”) муҳаррирон Мирзозода А.Ф. ва Одинаева Ш.Н. ба ҳозирин муаррифӣ гардид.
Дар охир директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода А.Ғ. барои ҳамкории фаъол ва судманд ба як қатор мутахассисони соҳавӣ ифтихорномаҳоро тақдим намуд.

Мудири шуъбаи пажуҳиши исломи муосир
Баҳромбеков В.А.

Яндекс.Метрика