Зодрӯзи Тоҷикистон зодрӯзи Айнӣ аст!

Зодрӯзи Тоҷикистон зодрӯзи Айнӣ аст,
Роҳи мо равшан зи шамъи дилфурӯзи Айнӣ аст.
(Рустами Ваҳҳоб)

145 сол пеш худованд ба миллати мо шахсеро офарид, ки ояндаи миллати моро созад. Ин шахс воқеан миллати моро аз маҳв шудан нигоҳ дошт. Гарчӣ душманони миллат ӯро қариб чун дигар намояндагони миллатамон нест мекарданд, зинда монд. Ба бахти миллат Устод Айнӣ аз нобасомониҳои давр бо хӯрдани зарбҳои чӯб ва ҳабсҳои душмани миллат бо сари баланд баромаданд. Иншои шаҳодатномаи халқ : "Намунаи адабиёти тоҷик" тавонистанд, ки миллати моро ба ҳама муаррифӣ намоянд.

Умри Айнӣ аз барои халқ сарфи хома шуд,
Халқи моро дафтари Айнӣ шаҳодатнома шуд.
Имрӯз ҳарчӣ дорем, аз хизматҳои Устод Айнӣ аст!
Ному ёди Устод Айнӣ зиндаю гиромӣ бод!

Зодрӯзи бунёдгузори адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон - устод Садриддин Айнӣ гиромӣ бод!

Таҳиякунанда:
Абдуллоҳи Қодирӣ

Яндекс.Метрика