Имом Абуҳафси Насафӣ Наҷмиддин Абуҳафс Умар ибни Муҳаммади Насафии Ҳанафӣ (461-537ҳ.) маъруф ба муфтии Сақалайн, яке аз уламои бузурги ислом дар қарни панҷум ва шашуми ҳиҷрӣ мебошад ва дар фиқҳ, тафсир, ҳадис ва илми калом (ақида) осори маъруфе дошта аст. Имом Насафӣ шояд ба он андозае, ки дар байни уламои араб маъруф будааст, дар байни форсизабонҳо маъруф набуд. Далилаш ҳамин аст, ки бештари китобҳои худро ба забони арабӣ навиштааст. Яке аз китобҳояш “Ал-ақоидун-насафия” аст, ки Аллома Саъдуддин Ҳаравии Тафтазонӣ, олими машҳури асри ҳаштум, онро шарҳ дода ва китоби “Шарҳи Ақоиди насафи”-ро навиштааст.
Номи пурраи ӯ Абуҳафс Умар ибни Муҳаммад ибни Аҳмад ибни Луқмони Насафӣ мулаққаб ба Наҷмиддин аст. Гуё ба ҷин ва инс таълим медод ва аз ин рӯ, ба муфтӣ Сақалайн ё муфтиюл-фариқайн буда аст. Вай соли 461ҳ.қ. дар қаряи Нахшаб ё Насаф, ки миёни Балх ва Бухоро воқеъ мебошад, мутаваллид гардид ва барои касби илм ба Бағдод ва Макка сафар намуд. Шумораи устодонаш чунонки худи ӯ дар яке аз китобҳояш зикр мекунад, ки ҳудуди 550 нафар будааст. Вай ҳам асри уламои чун Ҳуҷҷатул-ислом имом Ғазолӣ ва Абулқосим Замаҳшарӣ буд. Омада аст, ки вай дар Макка бо Замаҳшарӣ рӯ ба рӯ шудааст ва бо ӯ гуфтушунид доштааст. Имом Наҷмиддини Насафӣ поёни умри худро дар онљо гузаронд ва дар соли 537ҳ.қ. дар ҳамонҷо даргузашт.
Уламои машҳури ислом аз вай ба бузургӣ ёд кардаанд; Аллома Тафтазонӣ дар муқаддимаи китоби шарҳи “Ал-ақоидун- насафия” вайро “қудваи уламои ислом ва ситораи уммат ва дин” хитоб кардааст. Имом Заҳабӣ ӯро дар китоби “Сийяр Иъломун-нубало” “Алома ва муҳадис” хонда ва Самъонӣ вайро “Имоми фақеҳи фозил ва ориф дар дин ва мазҳаб” тавсиф кардааст.
Теъдоди осори ӯро ҳудуди сад китоб дар фиқҳ, тафсир, ҳадис, илми калом, таърих, тасаввуф ва шеъру адаб кардаанд, ки маъруфтарини онҳо иборатанд аз:
1.Ал-ақидатун - насафия: Қитобест ба забони арабӣ, ки ақоиди аҳли суннат ва ҷамоъатро ба шакли мухтасар баён намудааст. Ин китоб бештар бар асоси ақоиди ҳанафӣ ва мотуридӣ мебошад ва метавон онро аз ҷумлаи чанд китобҳои маъдуде донист, ки тавассути уламои халаф дар мавриди ақоиди аҳли суннат ва ҷамоат таҳия ва таълиф гардидаанд. Аз ҷумла метавон аз “Фиқҳи акбар”-и имоми Аъзам Абуҳанифа ва “ Ал-ақидатут- таҳовия”-и имом Ҷаъфари Таҳовӣ ҳанафӣ ном бурд. Аллома Саъдуддини Ҳаравии Тафтазонӣ (722-793ҳ.қ) шарҳи мафассал бар китоби Ақидаи насафия навишт, ки ба номи “Шарҳи ал-ақоидун-насафия” ёд мегардад ва аз ҷумлаи машҳуртарин китобҳои Мотуридӣ ба шумор меравад. Ин китоби мухтасар борҳо ба нашр расида аст ва марҷаъи асосии ақоиди аҳли суннат ва ҷамоат дар паҳлӯи китобҳои “Фиқҳи акбар” ва “Ақидатут- таҳовия” мебошад.
1.Ат-тайсир фи илмит-тафсир: китобест шомили тафсири қуръони маҷид, илми тафсир ва таъвил. Имом Насафӣ ин китобро ба забони арабӣ навиштааст, аммо ҷумлаҳо ва ибораҳои форсии зиёдеро овардааст. Дар ин китоб нахуст имом Насафӣ сад ном аз номҳои Қуръони маҷидро тафсир ва таъвил намуда ва баъдан ба тафсири баъзе аз сураҳои Қуръони маҷид ва бар усули истинботи аҳкоми шаръӣ аз Қуръон пардохта аст, ки умқи мабоҳис ва маъонӣ дар ин китоб таваҷҷуҳи олимонро ҷалб кардаст. Чандин нусхаҳои ин китоб, аз ҷумла дар Донишгоҳи Малик Холид дар Арабистони Саъудӣ дар даст мебошад.
1.Ал-акмал-ул-атвал фит тафсир: тафсири дигарест ба забони арабӣ, ки дар чаҳор ҷилд таълиф шудааст.
2.Тафсири Насафӣ: тарҷумаи тафсири Қуръони маҷид ба забони форсӣ аст. Имом Насафӣ ин тафсир ё тарҷумаро ба насри масҷҷаъ ва мавзун навиштааст ва вижагии худро дар миёни тамоми тарҷумаҳои форсӣ Қуръони маҷид доро мебошад. То онҷое, ки нависандаи ин сатрҳо иттилоъ дорад, тафсири Насафӣ аз лиҳози насри масҷҷаъ ва мавзунаш назири худро миёни тарҷумаҳои форсии Қуръони маҷид надорад.
2.Ал - қанд фи зикри уламои Самарқанд: китоби машҳурест, ки дар он зиндагинома ва тазкираи мардон ва уламои Самарқанд, Мовароуннаҳр ва Хуросонро гирд овардааст. Самъонӣ, имом Заҳабӣ ва имом ибни Ҳаҷари Асқалонӣ аз ин китоб ба ҳайси марҷаъ истифода намудаанд. Ин китоб чандин бор аз ҷумла дар Теҳрон соли 1378 ба нашр расида аст.
3.Талаба - тут - талаба: китобест дар шарҳи истилоҳоти фиқҳи мазҳаби ҳанафӣ ва чандин бор дар Маср ва Берут ба нашр расида аст.
4.Манзумат-ул-ҷомиъ-ус-сағир: ин аср шарҳест бар китоби Ҷомиъ - ус сағири имом Муҳаммади Шайбонӣ – фақеҳ ва муҳаддиси қарни дуввуми ҳиҷрӣ, ки бар фиқҳи имом Абуҳанифа навишта шудааст.
5.Матлаъ-ун-нуҷум ва маҷмаъ-ул-улум: Доират-ул-маъорифе аст, ки ашъори шоъирони қадими фарсизабонро низ дар бар мегарад.
Бар иловаи осори дар боло зикр шуда, ки бештар шуҳрат доранд, китобҳои зер низ ба ҳайси осори имом Насафӣ ёдоварӣ гардидаанд:
•Ан-наҷоҳ фи ахбори китоб-ус-сиҳоҳ (шарҳи саҳеҳ Бухорӣ ва Муслим),
•Машориъ-уш-шориъ (дар фуруъи мазҳаби ҳанафӣ),
•Таърихи Бухорӣ , шарҳул усул (дар шарҳи китоби усул Убайдуллоҳ ибни далоли Кархӣ),
•Ал-ҳасоил фи масоил, Алхасоил фил фуруъил муътақид (дар илми хилоф) ...
Имом Абуҳафс Умар ибни Муҳаммади Насафиро набояд бо дигар уламо ва мутакаллимин, низ аз Насаф ё Нахшаб буда ва насафӣ машҳуранд иштибоҳ кард. Машҳуртарини онҳо иборатан аз:Абулмуъин Маймун ибни Муҳаммади Насафӣ: фақеҳи мутаккалими қарни панҷи ҳиҷрист. Вай дар соли 508ҳ . вафот намуд ва муаллифи китобҳои (Тамҳид ли қавоиди таҷвид, Табсиратул- адилла ва Баҳрул калом) мебошад.
Абдулазиз ибни Муҳаммади Насафӣ: Ориф ва Суфии машҳури қарни ҳафтуми ҳиҷрӣ аст. Соли вафоташ дақиқан дар даст нест. Аммо омадааст, ки бештари умри худро дар Бухоро сипарӣ намуд ва дар 617ҳ дар ҳуҷуми қушунҳои Чингиз Бухороро тарк намуд. Аз осори маъруфи ӯ Кашфул-ҳақоиқ, Зубдатул-ҳақоиқ ва маҷмуаи расоилест бо номи Ал-инсонул-комил.
Бурҳониддини Муҳаммад ибни Муҳаммади Насафии Ҳанафӣ: соли вафоти ӯ 687ҳ мебошад ва тафсире дорад ба номи “Кашфул-ҳақоиқ ва Шарҳу дақоиқ мин каломи раббил-оламин”. Бурҳониддини Насафиро баъзеҳо бо Абуҳафси Насафӣ иштибоҳ гирфтаанд ва китоби “Ал-ақидату-насафия”-ро ба таври иштибоҳи Бурҳониддин Насафӣ мансуб донистаанд. Аз он ҷумла доктор Абдулазизи Ҷувайнӣ дар муқаддимаи “Тафсири Насафӣ” менависад, ки “зоҳиран чунин ба назар мерасад, ки ду китоб буда аст , ки бо ҳам халт шуда аст: яке Ал-ақоиду-насафия ва дигаре Ақоиду-насафия.... шояд яке аз Умари Насафӣ ва дигаре аз Бурҳониддини Насафӣ, ки ҳам марди муфассир ва мутакаллими усулӣ мебошад ва китобро Тафтазонӣ шарҳ карда аст”. Ин гумони доктор Ҷувайнӣ бар бунёди китоби “Райҳонул-адаб” аст, ки нависандаи он ҳам Абҳафс Умари Насафиро ва Бурҳониддин Муҳаммад Насафиро соҳибони китоби ба номи “Ал-ақоиду-насафия” медонад. Аммо ба назар мерасад, ки иштибоҳе будааст аз ҷониби нависандаи “Райҳонул-адаб” яъне Мирзомуҳаммад Алии Хиёбонӣ, (ки аз ҷумлаи уламои аҳли ташаююъ дар қарни14ҳ.қ. аст ва мумкин аз таълифоти уламои аҳли суннат иттилои комиле дар даст надошта аст). Дар соири китобҳое, ки тавассути уламои аҳли суннат таҳия шудаанд чун “Ат-таҷир фи муъҷамил-кабир”- и Абусаъиди Самъонии шофеъӣ (562-616ҳ.қ.) ва ҳамчунон китоби “Муъҷаму-шуюх”-и ӯ, Сайру Аълому-наблои имом Заҳабӣ (673-748ҳ.қ.) ва “Кашфу-зунун” Чалабӣ маъруф ба Ҳоҷӣ Халифа (1017-1067ҳ.қ.) ҳама аз як китоб ба номи Ал-ақидиту-насафия ё Ал-ақоиду-насафия ёд кардаанд ва ҳама ин китобро ба имом Абуҳафс Умари Насафӣ мансуб медонанд. Гузашта аз он худи алома Тафтазонӣ дар китоби шарҳи “Ал-ақоиду-насафия” ошкоро аз “Умари Насафӣ” ба ҳайси нависандаи китоб ном мебарад. Лизо китоби Ал-ақидату- насафия бегумон аз имом Абуҳафс Умари Насафӣ аст ва аз Бурҳониддин Муҳаммади Насафӣ.
Ҳофизуддин Абулбаракот Абдуллоҳ ибни Аҳмади Насафии Ҳанафӣ: дар соли 710ҳ.қ. вафот намуда ва тафсире дорад баноми “Мадорикуд-танзил ва Ҳақоиқут-таъвил” ба забони арабӣ , ки дар чаҳор муҷаллад дар солҳои ахир ба чоп расида аст. Ин тафсир ҳам бо номи “Тафсири Насафӣ” машҳур аст ва набояд бо тафсири форсии Абуҳафси Насафӣ иштибоҳ гардад. Ҳофизуддини Насафӣ низ шарҳе навишта аст: Алмусафо, шарҳест бар китоби “Манзуматул-ҷомиъус-сағир” ва Ал-эътиқод фил-эътиқод, ки шарҳест бар китоби Ал-ақидатун-насафия. Аз китобҳои дигари ӯ метавон аз китоби “Ал-манор фи усулил-фиқҳ, Канзул-дақоиқ, Кашфул-асрор, Китобул-кофӣ, Ал-умдату фи усулид-дин ва Манорул-анвор” ном бурд.
Мудири шуъбаи пажӯҳиши исломӣ Наботов М.