Дурнамои маориф ва маърифатӣ ҳуқуқӣ

(Дар ҳошяи мулоҳиза ва бардоштҳои Эмомалӣ Насриддинзода дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ  таҳти унвонӣ “Маориф ва равандӣ маърифатӣ ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”)
 
Маориф  ва маърифати ҳуқуқӣ ҳамчун ниҳоди пурмасъул дар даврони ҷаҳонишавӣ таъиноти фаромиллӣ дорад, чунки аксарияти арзишҳо, махсусан, арзишҳои фарҳангӣ тавассути  маориф ва маърифати ҳуқуқӣ дар раванди таърих аз насл ба насл ба мерос мегузаранд. Аз ин рӯ, ҳар як миллату давлатро лозим аст, ки барои ба мерос гузоштани фарҳангу тамаддун ва ҳифзи арзишҳои гузаштагони хеш ҳарчи бештар маориф ва маърифати ҳуқуқӣ ҷомеаро  рушд диҳанд.
 
Дар мақолаи Эмомалӣ Насриддинзода дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар мавзуи “Маориф ва раванди густариши маърифати ҳуқуӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” , ки дар “Агенти итилооти Ховар” дар таърихи 13.01.2024 ба нашр расидааст масоили маориф ва раванди густариши маърифати ҳуқуқӣ таҳлилу баррасӣ гардидааст. 
 
Тамоюли ҷаҳонишавӣ фарҳанги ҳамаи халқияту миллатҳоро дар заифию устуворӣ имтиҳон мекунад. Роҳи ягона ва асосии ҳифзи ин арзишҳо дар чунин шароит тавассути илму маориф сурат мегирад. Мусаллам аст, ки барои дуруст рушдёбии ин падида ҷомеа ба мутахассисони ҳирфавӣ ва баландихтисоси касбӣ ниёз дорад, ки ин тавассути низоми маориф дар давлат ба роҳ монда мешавад. Муаллиф бар он назар аст, ки “Дар ҳақиқат маҳз илму маориф аст, ки ҳар фарди миллат ба василаи он дониш меандӯзад, давлату ҷомеа пешрафт менамояд ва дар умум, сатҳи маърифати шаҳрвандон дар ҳамаи самтҳо таъмин  мешавад, ки яке аз муҳимтарини онҳо соҳаи ҳуқуқшиносӣ буда, соли ҷорӣ бо назардошти таҷлили сисолагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мубрамияти он боз ҳам меафзояд” .
 
Фаъолияти устувор ва рушди соҳаи илму маориф дар ҳама сатҳҳои иҷтимоӣ мутобиқшавӣ ё навсозии динамикии шахсият ва ҷомеаро таъмин месозад. Назари муаллиф дидгоҳи хешро нисба ба муносибатҳои иҷтимоӣ чунин таҳлил менамояд. “Муносибати гурӯҳҳои гуногуни иҷтимоӣ ба қонун амалан аз сатҳи донишҳои ҳуқуқӣ ва ҳушмандию огоҳияшон аз муҳтавои қонунгузории амалкунанда вобаста буда, дар амалӣ намудани ин талабот нақши соҳаи маориф хеле назаррас аст”.
 
Маориф дар давоми ду асри охир як қатор дигаргуниҳои ҳақиқатан инқилобиро аз cap гузарондааст. Дар аксари кишварҳои дунё мардону занон имрӯзҳо ҳуқуқи гирифтани таҳсилро доранд, давлат кафолат медиҳад, ки шаҳрвандонаш дараҷаи муайяни таҳсилот дошта бошанд, таълим мунтазам суръат мегирад. Ҷаҳони муосир бо ҳама пуртаззодӣ, мухолифат ва дигар вижагиҳояш ба илму дониш ва мутахасисони болаёқат эҳтиёҷ дорад. Дар ин замина нимаи дуюми асри XX мафҳуми «бозори кадрҳои илмӣ» ба вуҷуд омад.
 
Яке аз заминаҳои асоси барои маориф ва раванди густариши маърифати ҳуқуқӣ ин консепсия ва барномаҳои рушди давлатӣ мебошад. Муаллифи мақола мубрамияти ин консепсияҳоро оварда чунин иброз назар мекунад “Дар соҳаи маориф ҳамчунин якчанд консепсия ва барномаҳои давлатӣ амалӣ шуданд. Аз ҷумла, «Консепсияи миллии маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Консепсияи миллии таҳсилоти фарогир барои кӯдакони дорои имконияти маҳдуд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015», «Нақшаи татбиқи ислоҳоти соҳаи маориф барои солҳои 2004-2009», «Барномаи давлатии сохтмон, таъмир ва навсозии мактабҳои дар хонаҳои хусусӣ, вагонхонаҳо, биноҳои маъмурӣ ҷойгиршуда дар соли 2008-2015», «Барномаи давлатии таъминоти муассисаҳои маориф ва илм бо утоқҳои таълимӣ ва заминаи илмию таҳқиқотӣ», «Барномаи давлатии таҳия ва нашри китобҳои дарсӣ барои солҳои 2007-2010», «Барномаи давлатии рушди таҳсилоти касбӣ дар солҳои 2008-2015», «Барномаи давлатии компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015», «Барномаи давлатии омӯзиш ва таълими забонҳои русӣ ва англисӣ барои соли 2011-2014», ки дар рушди соҳаи маориф нақши муҳим гузоштанд.” 
 
Илҳом Қурбоншоев н.и.фалсафа, мутахасисси пешбари шуъбаи махазҳои исломӣ 
Яндекс.Метрика