Дар арафаи истиқбол аз Иҷлосияи таърихӣ ва сарнавиштсози миллат, XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашри дастури таълмии олимони тоҷик - Маҷидзода Зоир Ҷурахон, Холиқзода Абдураҳим Ғаффор ва Қосимов Файзалӣ Маҳмадович дар бораи Муқовимат бо терроризм ва экстремизм армуғони идона ба ҳисоб меравад.
Дастури таълимӣ муаррифигари курси махсусе мебошад, ки аз ибтидои солҳои 80 – уми асри XX то рӯзҳои мо давраи пайдоиш ва инкишофи экстремизми динӣ – сиёсиро дар Осиёи миёна, Тоҷикистон ва кулли ҷаҳон дарбар мегирад.
Муаллифон кӯшиш ба харҷ додаанд, ки паҳлӯҳои гуногун, сабабҳо, шароитҳои пайдоиш, омилҳои паҳншавии экстремизм ва терроризмро дар ҷомеа нишон дода, масъалаҳои баҳсталаб ва мубрами паҳншавии фъолиятҳои зикргардидаро дар ҳудуди Осиёи Миёна ва Тоҷикистон инъикос намоянд. Диққати махсус ба тадбирҳои муқовимат бар зидди экстремизму терроризм ва пешгирии ин зуҳуроти номатлуб дар сатҳи давлатӣ дода шудааст.
Бояд зикр намуд, ки дастури таълимӣ барои пешбурди амалияи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ дар самти муоқивимат ба экстремизм ва терроризм ба омӯзгорон, аспирантҳо, донишҷӯён, курсантону шунавндагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо ва ҳимоятчиҳо, инчунин, шаҳрвандон пешкаш мешавад.
Абдуллоҳи Қодирӣ – шуъбаи пажӯҳиши исломи муосир