Дар гулистон булбулу дар анҷуман парвона бош

❗Дар гулистон булбулу дар анҷуман парвона бош,
Ҳар куҷо доми тамошое, ки бинӣ, дона бош.
Домани ҳар гул магиру гирди ҳар шамъе магард,
Толиби ҳусни ғарибу маънии бегона бош...
То шавӣ чашму чароғи ин ҷаҳон чун офтоб,
Пӯшиши ҳар тангдасту фарши ҳар вайрона бош.
Сӯҳбати шабҳои майхорон надорад бозгӯ,
Чун зи маҷлис меравӣ берун, лаби паймона бош.
Мо забони шикваро дар сурма хобонидаем,
Эй сипеҳри бемурувват, дар ҷафо мардона бош.
Хазри роҳи растагорӣ дил ба даст овардан аст,
Дар мазоқи кӯдакон ширинии афсона бош.
Бе муҳаббат магзарон умри азизи хешро,
Дар баҳорон андабелу дар хазон парвона бош.
То магар, Соиб, чароғи куштаат равшан шавад,
Ҳар дили гарме, ки ёбӣ, гирди ӯ парвона бош!
✍️Соиби Табрезӣ.

Таҳиякунандаи мавод:
Абдуллоҳи Қодирӣ

Яндекс.Метрика