ГЕГЕЛ ДАР БОРАИ МУНОСИБАТИ ДИН ВА ДАВЛАТ

Дар замони муосир, ки дар кишварҳои Шарқи исломӣ зиддияти байни мазҳабҳои таҳаммулгарои анъанавӣ ва ҳаракатҳои ифротгарои динӣ  қувват гирифта, ҳаракатҳои ифротгаро бо ҳар тарзу усул,  ба таври ошкоро ё пинҳонӣ, бо мақомот ва рӯҳониёти расмии давлатҳои  дунявӣ мухолифат карда, онҳоро ҳукм ба такфир ва дуршавӣ аз шариат мекунанд, ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли мусолиматомези пешгирӣ ва рафъи мафкураи ифротгароии динӣ ва паёмадҳои номатлуби он хеле муҳим ба назар мерасад. Бояд тазаккур дод, ки таассубу ифротгароии динӣ , экстремизм ва терроризм беморӣ ё нуқсоне нест, ки танҳо ба ин ё он дини алҳида хос бошад. Ин як мушкилотест, ки дар ҳамаи динҳои ҷаҳон, алалхусус дар насрония ва ислом,  чӣ дар гузашта ва чӣ дар замони муосир вуҷуд дошта, аз ин рӯ ҳам уламои дин ва ҳам файласуфону олимони диншинос  барои рафъи ин мушкилоти хатарнок фикру андешаҳои ҷолиберо дар осори худ баён кардаанд. Аз ҷумлаи мутафаккирони бузурги ҷаҳон, ки дар осори худ масъалаи муносибати дин бо давлат ва сиёсатро ба таври хеле амиқ ва ҳамаҷониба таҳлилу баррасӣ намудааст, Гегел, файласуфи маъруфи олмонӣ, устоди Карл Маркс  мебошад. Метавон гуфт, муносибати Карл Маркс бо афкору андешаи Гегел ба муносибати Арасту бо таълимоти Афлотун як навъ шабоҳат дорад. Бо ин маънӣ, ки чӣ тавре Арасту дар осори худ ба назарияи мусули Афлотун эрод гирифта, онро рад карда буд, ҳамин тавр, Маркс фалсафаи идеализми диалектикии Гегелро ҳамчун ҳақиқати чаппа ё сарозер инкор карда, ба ҷои он назарияи материализми диалектикиро бунёд гузоштааст. Ҳарчанде, ки дар маҷмӯъ, афкори ин ду шогирдон аз афкори устодонашон аз лиҳози мутобиқат бо ҳақиқату воқеияти айнӣ (объективӣ), доираи нуфуз ва таъсирнокӣ дар афкори ҷаҳонӣ- умумибашарӣ  хеле пешқадамтар ва муассиртар ба назар мерасанд, вале ин воқеият арзишу аҳамияти осори устодони онҳоро ба ҳеҷ ваҷҳ коста намекунад. Дар осори Афлотун ва Гегел фикру андешаҳои зиёде вуҷуд доранд, ки метавонанд дар  ҳалли бисёр мушкилоти иҷтимоию сиёсии имрӯза, азҷумла рафъи таассубу ифротгароии динӣ ва танзими муносибати байни мафкураҳои гуногун дар ҷомеаҳои муосири демократию ҳуқуқбунёди миллӣ  ҳамчун сарчашмаи назариявӣ хизмат кунанд.  Дар ин ҷо мо кӯшиш мекунем  як андешаи Гегелро дар мавриди муносибати дин ва давлат мухтасар таҳлилу баррасӣ кунем, ки онро мутафаккир дар «Фалсафаи ҳуқуқ» эрод карда аст, ва он андеша имрӯз низ арзишу аҳамияти баланду мубрами илмию амалии худро гум накардааст. Гегел дар «Фалсафаи ҳуқуқ»  масъалаи муносибати зиддиятноки байни дин ва давлатро, ки дар замони зиндагии мутафаккир дар давлатҳои сармоядории Аврупо, аз ҷумла дар Олмон, ҳанӯз муташанниҷ буд,  бодиккат дида баромада, кушиш кардааст ки ин муноқишаро дар чаҳорчӯбаи фалсафаи ҳуқуқ қазоват ва ҳал намояд. Ба андешаи Гегел, дин ва давлат ҳамчун шаклҳои субъективӣ ва объективии як мундариҷа бо ҳам зиддият доранд ва роҳи оқилонаи бартараф кардани ин зиддият ин аст, ки  ба давлат хамчун шакли бештар тараккикардаи объективӣ афзалият дода шавад. Дар зер порае аз андешаҳои ҷолиби ин мутафаккири бузургро дар бораи муносибати дин ва давлат иқтибос мекунем, ки имрӯз низ арзиши илмиву амалии худро хуб нигоҳ доштаанд: «Онхое, ки ба шакли дин афзалият дода, онро ба давлат мукобил мегузоранд, — менависад Гегель, — мисли онхое рафтор мекунанд, ки ба ҳақ будани худ боварӣ дошта, дар соҳаи маърифат танхо бо шинохти  моҳият иктифо мекунанд ва аз ин абстраксия ба шинохти мавҷудият намегузаранд, ё монанди онҳое мебошанд, ки танҳо некии абстрактӣ (маънавӣ, ухравӣ) мехоҳанд ва  бо некии вуҷудӣ (моддӣ, дунявӣ)  эътибор намедиҳанд. Дин муносибат ба ҳастии мутлак  дар шакли эҳсос, муаррифии эътиқод аст ва дар маърази ҳамафарогири он ҳама чизи марбут ба дунёи моддӣ тасодуфӣ ва камарзиш аст. Агар ба (мақоми) ин шакл (шакли дин)  дар давлат ин кадар сахт муътақид бошанд ва бигӯянд, ки он барои давлат як падидаи моҳиятан муайянкунанда ва  эътиборнок аст, пас чунин давлат … ба ноустуворӣ ва бетартибӣ махкум аст. Қонунҳо, дар муқоиса бо ин шакл, ки ҳама чизи дар худ муайяншударо фаро мегирад, ва маҳз аз ҳамин сабаб давлатро ба як чизи субъективӣ табдил медиҳад, ба ҷои он ки ҳамчун мавҷуд ва дорои қувва,  объективӣ ва умумибашарӣ муайян карда шаванд, таърифи манфӣ мегиранд.  Дар чунин  давлати динмеҳвар дар муносибат ба рафтори инсон чунин меъёр амал мекунад: барои муъмин қонун вуҷуд надорад; тақводор бошед, пас ҳар коре, ки  дилатон  мехоҳад, кардан гиред …, аммо  дигаронро, ки аз ин сабаб беадолатӣ мекашанд, барои тассалло ва умедворӣ ба дин даъват кунед, ё аз он ҳам бадтар,  метавонед онҳоро ҳачун бединон маҳкум кунед. Ва чун ин муносибати манфӣ танҳо ҳамчун як ҳолати ботинии рӯҳӣ боқӣ намемонад, балки рӯ ба воқеият оварда, қувваи худро дар он зоҳир мекунад, аз ин рӯ таассуби динӣ ба вуҷуд меояд, ки мисли таассуби сиёсӣ ҳар гуна сохти давлатӣ ва тартиботи ҳуқуқӣ,  зимнан,  моликияти хусусӣ, никоҳ, муносибатҳо ва фаъолиятҳои ҷомеаи шаҳрвандиро ҳамчун маҳдудкунии сатхи хаёти ботинӣ ва  бепоёнию фанонопазирии рӯҳ,   ҳамчун эҳсосоти нолоиқ ба муҳаббат ва озодӣ аз байн мебарад. … Аммо дар баробари ин ҳақиқати субъективӣ, ки реша бар  эҳсос ва тахайюлот дорад,  ҳақиқати воқеӣ вуҷуд дорад, ки он натиҷаи  гузариши бузург аз дарун ба берун, ворид кардани ақл ба воқеият, гузарише мебошад, ки тамоми таърихи ҷаҳонӣ дар он заҳмат кашидааст; ба шарофати ин заҳмати  таърих инсонияти босавод воқеият ва шуури ҳастии оқилона, ниҳодҳои давлатӣ ва қонунҳоро касб кардааст. Аз он одамоне, ки Худоро меҷӯянд ва ба ҷои касбу маърифати донишҳо ва ҳуқуқу вазифаҳои объективӣ , худро бо ин ақидаи бесаводонаи худ бовар мекунонанд,  ки  онҳо ҳама чизро мустақиман доранд – аз ин тоифа одамон танҳо  вайрон шудани ҳама гуна муносибатҳои ахлоқӣ, корҳои бемаънӣ ва рафторҳои зиштро интизор шудан мумкин аст;   инҳо оқибатҳои ногузири тафаккури динӣ мебошанд, ки танҳо ба шакли худ пофишорӣ мекунад ва ба ин васила бо воқеият ва ҳақиқате,  ки дар шакли қонунҳои куллӣ вуҷуд дорад, мухолифат мекунад . [Гегел.Г.В.Ф. Философия права. М.: Соцэкгиз, 1934. –С.   280-281]. Мазмуни умумии дин ва давлат – ғояи умумибашарӣ (Худо) дар давлат шакли мукаммалтари худро мегирад. «Аз ин рӯ, дин набояд ҳукмрон бошад», - хулоса мекунад Гегел [Ҳамон асар. -С. 292]. Албатта, ин асло маънои зарурати пахш кардани ҳама гуна унсурҳои динӣ дар давлатро надорад, зеро:1) «Дин асосест, ки дар маҷмӯъ ахлоқу маънавиётро, ва аз он наздиктар, табиати давлатро ҳамчун иродаи илоҳӣ дар бар мегирад» [Ҳамон асар. -С. 280]. 2) Чизи хавфнок «таассубии динӣ» мебошад, ки «фақат ба шакли худ исрор карда», барои гирифтани мақоми принсипи давлатдорӣ кӯшиш мекунад. Ҷолиб он аст, ки дар навиштаҳои худ Гегел тамоюл ба чунин таассуби диниро махсусан барои ислом хос медонад, зеро ислом рӯҳи поки абстрактии илоҳиро мутлақ сохта, ҷанбаи мушаххаси онро аз байн мебарад [ниг. Гегел Г.В.Ф. Философия религии. М. 1970. Т. II.  –С. 327-328 (нашри 1977)]. 3) Дин ва давлат аз ҷиҳати шакл ба ҳамдигар мухолифанд, аммо мазмунан не. Аз ин рӯ, дар байни онҳо муносибатҳои мутақобилан судманд метавонанд ва бояд инкишоф ёбанд, ки дар чаҳорчӯбаи он аз як тараф,  ҷомеаи динӣ (мазҳабӣ)  «дар амалӣ намудани ҳадафи динии худ дастгирӣ ва кумак ҳосил мекунад» [Гегел Г.В.Ф. Фалсафаи  ҳуқуқ, -С.284],  аз тарафи дигар, давлат низ «пуштибонии динӣ»-ро, ки ба он ниёз дорад, дарёфт мекунад, зеро «асосҳои ахлоқӣ ва тартиботи давлатӣ, умуман,  ба  соҳаи дин низ интиқол меёбанд ва бояд ба он дахолат дошта  бошанд» [Ҳамон асар. –С. 286]. Дурустии андешаҳои мазбури Гегелро воқеиятҳои ҷаҳони муосир хеле равшан собит намуда истодаанд. Чунин ҳамзистии осоиштаи дин бо қудрати давлатӣ, ки Гегел  онро шарти бақо ва некӯмандии фард, ҷомеа ва давлат дониста, дар бораи зарурати таҳкими он сухан рондааст, ба исломи анъанавии маншур дар Тоҷикистон ва кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ, махсусан,  ба мазҳаби ҳанафӣ ва тариқати нақшбандӣ хос мебошад.

Шоев Зиёвиддин, мудири шуъбаи пажӯҳиши анъанаву маросимҳо ва диншиносии муқоисавӣ.

 

Яндекс.Метрика