
17 июли соли 2022 дар асоси Нақшаи чорабиниҳои Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва супоришҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 21 декабри соли 2021 зикр гардидаанд, вохӯрии навбатии гурӯҳи корӣ дар деҳаи Миёнадеҳи ҷамоати Заршӯён сурат гирифт.
Мулоқоти навбатӣ дар деҳаи Миёнадеҳи ҷамоати деҳоти Заршӯён бо раиси ҷамоат Сандалов Раҳмон, раисони маҳалла, омӯзгорону муаллимон деҳқонону кишоварзон ва дигар сокинони ҷамоат доир гардид.
Нахуст, Сандалов Раҳмон - раиси ҷамоати Заршӯён ташрифи меҳмононро ба деҳаи Миёнадеҳ хайра мақдам гуфта, қайд намуд, ки дар ҷамоати Заршӯён 115 хоҷагӣ бо 537 нафар аҳолӣ зинадагӣ мекунанд ва имсол ҳосили ғалладона ва замини картошка бисёр хуб аст.
Сипас, директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти ҶТ, профессор, Холиқзод Абдурраҳим дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи камбудии маводи озӯқаворӣ дар ҷаҳон, таваҷҷӯҳи деҳқонон ба ҳар як ваҷаби замин, сари вақт ҷамъоварӣ намудани ҳосили заҳмати деҳқонон, таъсири ҷангҳои минтақа ба иқтисодиёти кишвари мо, Ваҳдати миллӣ, муттаҳидӣ ва якпорчагии миллат, экстремизму терроризм, хизмати ҷавонон дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҶТ, аҳамияти мутолиаи китоби Бобоҷон Ғафуров дар тақвияти андешаи миллӣ, озодии эътиқод ва иттиҳодияҳои динӣ, сафари ҳоҷиён ба Макка, дастгирии ятимону бепарасторон, бегонапарастӣ дар байни ҷомеа, Қонуни Ҷумҳурири Тоҷикистон ” Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ дар Тоҷикистон”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, ибрози андеша намуд.
Дар фарҷом, профессор, Холиқзода Абдурраҳим миннатдории худро аз номи Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти ҶТ ба мардуми ҷамоати Заршӯён, ба хусус мардуми деҳаи Миёнадеҳ бобати самаранок истифода бурдани замин, сари вақт ҷамъоварӣ намудани ҳосили заҳмати деҳқонон, рушди занбурпарварӣ ва картошкапарварӣ баён дошт.
Абдуллоҳи Қодирӣ - корманди Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти ҶТ