БУҲРОНИ ИСЛОМШИНОСӢ Ё БАРХУРДИ КОНСЕПТУАЛИИ ШИНОХТИ ИСЛОМ

1.Методологияи бархурди консептуалӣ дар шинохти исломи муосир

Дар мақола исломшиносӣ ҳамчун як самти илми муосир баррасӣ мешавад. Норавшаниҳои тадқиқоти касбӣ, таҳия нагардидани  методологияи илмӣ, ихтилофи  дидгоҳи муҳаққиқон доир ба табақабандии  исломшиносӣ ва хулосаҳои  илмӣ дар муносибат ба дин, натиҷагирии мухталифи муҳаққиқони ихтисосҳои гуногун дар пажуҳиши ислом мавзуи мазкурро боз ҳам печидаву мураккаб мекунанд. Дар ин маврид чанд дидгоҳ вуҷуд дорад:

1.Исломшиносии муосир дар кишварҳои пасошуравӣ зери таъсири пажуҳишҳои  шарқшиносӣ рушд кард ва он асосан ба сарчашмашиносӣ ва баррасии заминаҳои идеологӣ- сиёсии ислом нигаронида шудааст. Ин қисмати пажӯҳишгарон ба арзёбии таҳаввулоти воқеии иҷтимоӣ-фарҳангии ҷомеаҳои мусулмонӣ  дар зери таъсири дин таваҷҷӯҳи камтар доштанд ва кўшиши дар ҳошия қарор додани онро доштанд. 

2.Набудани таърихнигории  мустақили дин берун аз сиёсат ва низомҳои сиёсии динӣ. Яъне то ҳол, мо таҷрибаи амалии шинохти динро дар  мавҷудияти   низомҳои сиёсӣ, хилофат аморат  ва давлати исломӣ, ки  ба таври сунъӣ ба ислом айният дода мешавад, дорем.  Намунаи ягонаи таърихи пазируфташудаи тамаддуни исломӣ тарҳрезӣ нагардид. Қудсият бахшидан ба таърихи дин ва таърихнигорӣ як омили дигари муноқишаҳои динӣ миёни мусулмонон аст. Ин омилҳое, ки  дар таҳияи консепсияи муносибати мусулмонон ба дин ва ҳам миёни ҳамдигар мушкилот эҷод мекунанд. Яъне бе яҳуду насоро ҳам омили ихтилофи миёни мусулмонон вуҷуд дошт ва дорад.  3.Мавҷудияти ихтилофи  дидгоҳҳо миёни ниҳодҳои исломшиносӣ, сиёсатшиносӣ, таърихшиносон, файласуфон ва ҳуқуқшиносон  дар таъриф ва тавсифи мафҳумҳои муосир ба мисли наҳзати исломӣ, исломи сиёсӣ, сиёсати исломӣ,  бунёдгароӣ, таҳаввалути арзишҳо, модернизатсия, ислоҳот ва ғайра дар ҷомеаҳои мусулмонӣ мебошад. Муаммо дар чист! То ҳол принсипҳои ислоҳотро исломшиносон муайян накардаанд. Як гурўҳи муҳаққиқон  эҳёи исломи ноби давраи паёмбар, ҳаракати консервативии «Салафия»-ро ба ҷунбиши  ислоҳотхоҳ  мансуб дониста, салафигароиро  «раванди ислоҳ» ном мебаранд [1;491-511]. Сониян дар ҷомеаҳои мусулмонӣ ба мисли консепсияи ислоҳоти насронӣ дар Аврупои Ғарбӣ муайян намудани равандҳои муосир қайриимкон аст. Зеро ин ҳаракатҳои консервативӣ дар ҷаҳони ислом ҳамчун ҳаракатҳои ислоҳотхоҳ набуданд. Дар ин маврид, аз куҷо пайдо шудани ибораи ҳаракатҳои ислоҳотхоҳ дар нисбати ин ҳаракатҳои бунёдгаро  ва таҳмил шудани он ба илм муаммои дигар аст.

Бояд изҳор намуд, ки нақши ислоҳот ва раванди секуляризатсияи ҷомеаҳои мусулмонӣ аз қарб фарқ дошта, маънои мафҳуми ислоҳоти қарбӣ аз шарқи мусулмонӣ куллан фарқ дорад. Баръакс ба раванди таҳаввулоти ҳаёти ҷомеаи мусулмонӣ ворид гардидани ин ҳаракатҳои ба ном ислоҳотхоҳ боиси вокунишҳои мураккаб бо дунявият, давлатдории миллӣ ва дар ниҳоят то ба зуҳури шадиди радикализми динӣ оварда расонданд. Дар зери таъсири ин бўҳрон фаҳмиши методологияи илмии исломшиносӣ ҳамчун як бахши алоҳида, хеле норавшан монда, самтҳои дақиқи тадқиқоти онро муайян кардан мушкил аст. Зеро консепсияи таҷрибаи амалии муносибати давлат ба дин дар ҳаёти иҷтимоӣ-сиёсии   ҷомеаи мусулмонӣ бо назардошти хусусиятҳои динию идеологии хоси миллатҳо тарҳрезӣ мегардад.  Дар таҷрибаи шӯравӣ, исломшиносӣ аз дидгоҳи атеизм хамчун самти илмӣ вазифаи “коҳиш додани тасаввуроти диниро ҳамчун як низоми идеологӣ иҷро мекард.[2; 95-100]. 

Дар натиҷа татбиқи дурнамои  муносибати  низоми дунявият бо дин дар таҷрибаи давлатдории миллӣ канора монда, муборизаи идеологии атеизм бо бунёдгароёни исломӣ, ки куллан ҳамзистии дин ва дунявиятро қабул надоранд,  шиддат гирифт ва ин хоси ҳамаи кишварҳои  пасошўравист. Ин сабаб дорад! Дар даврони шуравӣ давлат ба ислом пеш аз ҳама ҳамчун  идеологияи мустақили зидди  давлат муносибаташро муайян карда буд. Бинобар ин идеяи қайриимкон будани ҳамзистии дин ва давлат аз он сарчашма мегирад.[3; 90]. 

Инчунин дар давраи муосир уламои исломӣ вориди майдон шуданд. Онҳо ҳам  ба пажӯҳишҳое  мисли омўзиши  сарчашмаҳои динӣ, илоҳиёт, таърихи дин аз нигоҳи дин, ҳуқуқи исломӣ,  сиёсати исломӣ  машғул шуданд. Дар ин давра адабиёти зиёд ба табъ расид.  Мутаасифона,  натиҷаи як теъдоди ин корҳо бархўрди шадид бо  улуми дақиқ, тиб, табиатшиносӣ,   сиёсатшиносӣ, иқтисод, фарҳанг ва  санъат ва ғайра ба вуҷуд овард. [4;71-78].  Ин масъала тарафи дигар низ дорад. Мутаассифона, дар исломшиносии муосир муҳаққиқони  касбҳои дигар, ҳуқуқшинос, филолог, таърихнигор, файласуф, сиёсатшиносон ва ҳатто улуми табии ворид гардида, кўшиши тобеъ кардани исломшиносиро  бо принсипҳои илмии  соҳҳаҳои фаннии худ идома медиҳанд. Дар натиҷа як теъдод муҳаққиқону олимон пешрафти тамоми улуми дунявиро дар кишварҳои мусулмонӣ асоси  дин дода, ин идеяро  ба авҷи аъло расониданд. [5; 39-74]. Кушиши асоси илмӣ додани мероси чеҳраҳои динӣ ба ҳукми анъана даромадааст. Масалан  ба хотири риояи меёри динӣ, то ҳол тавсифи давлатдории турки салҷуқро намунаи давлатдорӣ барои миллати точик таблиқ доранд. Доираи илмӣ  то ҳол тафовути миёни  Сино ва Қазолиро дар пешбурди фарҳанг ва тамаддуни миллати тоҷик муайян накардааст. Дар ҳоле, ки аврупои насронӣ мақом ва нақши онҳоро дақиқ муайян кард ва  номгузорӣ кардани илми тиби муосир бо номи  Авитсиена  аз он шаҳодат медиҳад. Таассуб дар илм бараъкс тафриқаи миёни ҷомеаро зиёдтар намуда, дараҷаи диндорӣ меъёри муносибат ба мероси илмии миллати тоҷик  гардидааст. 

Дар исломшиносии муосир  масъалаҳои зиёде мавҷуданд, ки ҳалли илмиро тақозо доранд. Олими маъруфи рус С.М. Прозоров барои равшан кардани мазмуни мафҳуми «исломшиносии академикӣ»  онро ба се қисм тақсим мекунад:

-заминаи сарчашмавӣ дар асоси навиштаҳои аслии арабӣ; 

-дастгоҳи консептуалии ислом;

-«равиши методологӣ ба омӯзиши ислом ҳамчун як низоми идеологии худкифоя» [6;270]. 

Дар ин тақсимбандӣ мавзўи манбаъшиносӣ, исломшиносӣ аз як тараф, улуми сиёсӣ- идеологӣ, ки мафкурасозӣ дорад, аз тарафи дигар фаро гирифта шудааст. Бояд таъкид намуд, ки  системаи идеологии динӣ мавзӯи омӯзиши динро низ  ҳамчун ҷузъи тобеъи ин система фаро мегирад. Яъне дин ҳамчун арзиши мустақил берун аз низоми  иделогии дин   буда наметавонад. Вазъият дар адабиёти илмии инглисизабон боз ҳам номуайянтар боқӣ мемонад. [7;55]. Зеро исломшиносӣ дар  Қарб зери таъсири сиёсати мустамликадорӣ динро низ бевосита дар бар мегирад ва он ҳамчун омили таъсиррасон дар  кишварҳои мусулмонӣ истифода бурда мешавад. Дар ҳоле, ки  дар  кишвари пасошуравӣ ин таҷриба дертар мавриди амал қарор гирифт.

Ислом ҳамчун дин  дар умқи худ фарогири тамоми  ҷанбаҳои ҳаёти ҷомеаи мусулмонӣ аст. Дар чунин шакл онро дар доираи муайяни илмӣ таҳқиқ кардан қайриимкон аст. Зеро ҳар як самти дин кушиши мустақилияти худро дар низоми илмӣ дорад.  Оё бо омўзиши ҷомеаҳои мусалмонӣ ва моделҳои гуногуни идеологӣ исломро метавон ба як самти алоҳидаи илмӣ институтсионалӣ кард? Комил набудани принсипҳои методологии муқарраршуда  имкон намедиҳад, ки аз исломшиносӣ ҳамчун илм ҳарф занем.  [8;35-51].  Моҳияти иҷтимоию фарҳангии ислом хеле фарох буда, он як системаи  худкифои иҷтимоӣ  мебошад. Ҳаракатҳои сиёсии динӣ фазое эҷод мекунанд, ки  ҷомеаро аз рӯи мансубият ба арзишҳои динӣ  ҷудо  мекунанд.  Дар чунин вазъ ташаккул додани исломшиносӣ ба сатҳи “предмети  мустақил” қайриимкон гардида, таъсиси системаи универсалии  исломшиносии илмиро дар кишварҳои мусулмоннишин маҳдуд месозад. 

2. МУХОЛИФАТ ДАР ШИНОХТИ ТАЪРИХИ ИСЛОМ  

Тамаддуни аврупоӣ аз асрҳои миёна  ба фарҳанг ва илми юнонӣ такя  дошт ва он махсусан дар давраи Ренессанс (асрҳои XIV-XVI) пурқувват шуд. Дар миёнаи асри XVI ислоҳот оғоз гардида, давраи табаддулоти мафкураи  динӣ ва ҷамъиятию сиёсӣ тақрибан то  асри 17 ба охир расид. Ин давраи ташаккул ёфтани системаи давлатҳои миллӣ мебошад, ки ниҳоят баъд аз сулҳи Вестфалия дар соли 1648 амалӣ гардид. Ҷамъиятҳои аврупоӣ имконнопазирии ҳалли мушкилоти иҷтимоию сиёсиро тавассути модернизатсия, пайванд кардани илм ба истеҳсолот ва мутлақ гардонидани нақши илм дар ҷомеа  дарёфтанд.  [9;222].   Аз охири асри XVII дар Европа раванди саноатикунонӣ дар асоси инқилоби саноатӣ cap шуд, ки минбаъд  дар  ташаккули иқтисодиёти каптализм нақши калон гузошт. Тақрибан дар зери таъсири  ҳамин система   минтақаҳои дигари ҷаҳон инкишоф ёфтанд. Аммо манзараи дар ҷомеа  мақом пайдо кардани илм дар Аврупо аз шарқи мусулмонӣ  куллан фарқ дошт. Аз рўи консепсияҳои илмии Қарб муайян намудани нақши дин дар равандҳои сиёсӣ-идеологӣ дар Шарқ қайриимкон аст. 

Чаро! Имрўз дар илмҳои гуманитарии Қарб истилоҳоти мухталифе сохта шуданд, ки аз рўи онҳо исломшиносии муосир  тавсиф мешавад. Аммо  ин истилоҳот вобаста ба давраи муайяни таърихӣ истифода мешаванд.Модели классикии таърихии рушди тамаддуни Аврупоро наметавон дар як шакли консептуалии нусхабардоришуда ба раванди таҳаввулоти ҷаҳони ислом таҳмил кард. Дастоварди асосӣ дар Қарб саноатикунонӣ дар шакли умум  ва аз майдони илмӣ берун кардани баҳсҳои  теологӣ буд.  [10;128]. Агар наҳзат дар Аврупо ба болоравии фарҳангу тамаддун иртибот дошта бошанд, пас дар робита ба равандҳои кишварҳои мусулмоннишин ин истилоҳ бештар ба  фаъолшавии сиёсии дин пайванд мехўрад. Баъзе муҳаққиқон наҳзати сиёии исломро дар садаи 20 эҳёи ислом дар ҷомеаҳои мусалмонӣ меноманд. Хусусан баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ мавзўи тақйирёбии  нақши дин дар ҷомеаҳои мусалмонӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ низ масъалаи актуалӣ гардид.  Дар  илми диншиносии кишварҳои пасошуравӣ дар баробари  ибораи низоми  мустамликадорӣ, мафҳуми ислоҳот ё навсозӣ  ҳамчун категорияи илмӣ ворид гардид. [11;208-216].  Аммо назарияи навсозӣ ё ислоҳот вобаста ба талаботи ҷомеа тарҳрезӣ нагардида, намояндагони дин ҷомеаи мусулмониро ба суннатӣ ва ғайрианъанавӣ тақсим карданд. Дар ҳоле, ки ин тақсимбандӣ дар таҷрибаи илмӣ қобили қабул нест, Дар баробари ин,  назарияи модернизатсия  аз ибтидо мавриди интиқоди суннатгароён қарор гирифта буд. Ҳарчанд ин танқид ба дигаргуниҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ  бештар равона шуда буд, вале бо мурури замон  раванди модернизатсия ба мухолифати  шадиди исломгароёни сиёсӣ ва бунёдгароён рў ба рў шуд. Дар ин раванд  истилоҳоти зиёд: наҳзати исломӣ, исломи сиёсӣ, ислоҳоти исломӣ, низоми исломӣ, исломи ноб  ва ғайра мавриди истифода қарор гирифтаанд, ки дар доираи исломшиносӣ тафсири дурусти худро пайдо накардаанд. Аксарияти тафсирҳои мавҷуда хусусияти сиёсии ин мафҳумҳоро шарҳ дода, моҳияти консептуалии мафҳумҳои  мазкурро дар исломшиносӣ пурра ифода намекунанд. [12; 69-77] Масалан,  дар бораи фундаментализм ҳамчун ҳаракатҳои протестантӣ дар ИМА бисёр гуфта ва навишта шудааст. Айнан салафия низ ҳадафи эҳёи анъанаҳои асримиёнагии динро дорад. Аммо аз ҷониби баъзе коршиносон  ва мубаллиқон  ҳамчун ҳаракати ислоҳотхоҳи  муосири исломӣ барои мусулмонон муаррифӣ мешавад. Пас саволе ба миён меояд, ки   салафия бунёдгаро ё  ислоҳотхоҳ аст?  Ин савол бояд дар доираи исломшиносӣ ҷавоби худро ёбад.   Шарқшиноси маъруфи кишвари Руссия А.М. Васильев   мавзўи  шинохти  ҷанбаҳои назариявии ислоҳоти динӣ ва  тафовути ҳаракатҳои консервативии исломӣ ва  ҷунбишҳои  ислоҳотхоҳро таҳқиқ намудааст. Ин муҳаққиқ назарияи  бунёдгароии салафия ва таҷрибаи амалии онро дар таълимоти Муҳаммад Абдулваҳҳоб шарҳ додааст.  Таҳияи ин  назария имкон дод, ки  мавзўи бунёдгаро ё ислоҳотхоҳ будани ҳаракатҳо ва   ҷунбишҳои консервативии исломӣ ба мисли  салафия, ваҳҳобия, ихвонӣ ва ғайра  мавриди таҳқиқи исломшиносон қарор гирифт [13;270-278].

Шарқшинос И.Л. Алексеев таъкид дорад, ки  исломшиносиро  ҳамчун системаи мафҳумҳо ва категорияҳои марбут ба ислом фаҳмидан мумкин аст, ки дар он муаллифони мусулмон ва қайримусулмон  воқеияти атрофро дар доираи як низоми муайян, аз ҷумла иҷтимоию сиёсӣ тавсиф мекунанд» [14;268].Мушкилот дар он аст, ки мафҳуми ислоҳ, андешаи ислоҳ  хусусиятҳои хоси мафҳуми  ислоҳотро фаро мегирад ё не. Дар айни замон якчанд категорияҳои муайян шакл гирифтаанд, ки аксар вақт дар мубоҳисаҳои динӣ вомехӯранд. Аз ҷумла мафҳуми “ассалаф ас-солеҳ” – “парҳезгор”-ро  ҳамчун ислоҳот метавон пазируфт ё не!  Дар асарҳои Ибни Таймия ва Муҳаммад ибни  Абдулваххоб ва дигарон ба мавзўи истифодаи дин дар муборизаи идеологӣ  ва дигаргунсозии тафаккури динии кишварҳои мусулмоннишин диққати ҷиддӣ дода шудааст. Аммо тақсимбандии идеологӣ боиси буҳрони ҳувияти сиёсӣ ва иҷтимоӣ - фарҳангӣ дар шарқи  мусулмонӣ  гардид. Дар ниҳоят метавон хулоса кард, ки чунин  мафҳумҳо  панарабизм, арабизми маҳаллӣ, салафизм дар батни маърифати  ҷаҳони мусулмонӣ  ҷо гирифта, таҳқиқи исломро аз нигоҳи назарияи ислошиносии муосири илмӣ қайриимкон мегардонанд.  

Дар  вазъи кунунӣ консерватизми асримиёнагӣ  ҷомеаи мусулмониро тасарруф карда истодааст, ки дигар ҷомеа на хулосаҳои воқеии илмиро қабул дорад ва на ҳақиқати таърихи дин. Дар таҷриба аксари мардум новобаста аз вазъи иҷтимоӣ (вазир ё коргари оддӣ)   исломи ривоятӣ ва афсонавиро  қабул доранд. На дин, балки таърихнигор ҳодисаҳои  таърихиро бо  шахсиятҳои сиёсӣ, ки динро ба манфиати худ истифода мебурданд қудсият  доданд. Масалан дар сарчашмаҳои адабӣ ва таърихӣ Султон Маҳмуди Қазнавӣ ба ҷуз Шоҳномаи –Фирдавсӣ дигар дар ҳамаи китобҳо ҳамчун ҳомӣ ва ҳофизи ислом ном бурда мешавад. Дар назари мардум  лақаби муборизи роҳи дин буданаш ҳамаи ваҳшонияти ўро мепўшонад. Ин равандро ислоҳот ҳисобидан хатост. Зеро  инкишофи равандҳои асосии чамъиятию сиёсиро, ки дин ҳам дар он иштирок мекунад, муайян кардан қайриимкон аст. Зеро дар ин раванд космополитизми динӣ боло мегирад.  Арзишҳои миллии мардумӣ наметавонанд ба ин раванди  умумиисломӣ таъсир расонанд? Барои  ба низом даровардани ин раванд  бояд таносуби арзишҳои умумиисломӣ ва арзишҳои миллиро дар робитаи диалектикии онҳо баррасӣ кард.

Сеюм, мафҳуми «ислоҳот» ба маънои академӣ истилоҳест, ки дигаргунии муносибатҳои ҷомеа, давлат ва ниҳодҳои диниро дар асрҳои 16-17 аз нигоҳи консептуалӣ дар Европаи Қарбӣ ҷамъбаст мекунад. Равшан аст, ки баҳс ба масъалаҳои ҳамкории ҷомеа ниҳодҳои динӣ ва давлат дахл намуда, ба пайдоиши он равандҳое мусоидат карданд, ки дар ниҳоят дар мафҳуми «ислоҳот» консептуализатсия шудаанд. Аз ин лиҳоз, салафияро дар заминаи назарияи  ислоҳот дар низоми илмӣ, “мафҳумҳо ва категорияҳои марбут ба пажуҳиши ислом” баррасӣ кардан қайриилмист. Дар чунин консепсия барьакс шарҳи догматикии дин, ки ақидаҳои диниро ба масъалаҳои иҷтимоӣ - сиёсӣ пайванд мекунад, дар меҳвари масъала қарор мегирад. Пас  мавзўи мазкур метавон бо  ибораҳо ё мафҳумҳои дигар шарҳ дод. Пас ба таври қатъи метавон гуфт, ки  фаъолияти ҷараёни салафия  бо мафҳуми ислоҳот  ё навсозӣ ягон  алоқамандӣ надорад. Дар ин маврид, дидгоҳи шаркшинос А. Игнатенко  дар бораи сохторҳои назариявии исломшиносӣ   мавриди қабул аст: «Дар равишҳое, ки салафияро ҳамчун “ислоҳоти пешрафта” баррасӣ мекунанд, хоҳиши ҳарф задан дар бораи мафҳуми “шутур” дар киштисозиро мушоҳида кардан мумкин аст, зеро дар бархе аз гуфторҳои арабӣ ин ҳайвон ба унвони киштии биёбон ёд мешавад [15;11-37].

Пас дар таҷрибаи амалӣ мушкилотҳо  ва   маҳдудиятҳои муайяни исломшиносии муосир вуҷуд доранд. Дар воқеъ, дар  анъанаҳои шӯравӣ ислом ҳамчун системаи идеологӣ баррасӣ мешуд, вале дар қарб  дар  шарҳи назарияҳои исломшиносӣ мафҳуми “давраи пас аз мустамликадорӣ” бештар мавриди истифода қарор дорад. 

3.БАРХЎРДИ ДУНЯВИЯТ  БО РИВОЯТИ ИСЛОҲОТ!

Агар мазмуни мафҳуми «ислохот»-ро дар робита ба инкишофи тарбияи ҷомеаи насронӣ дида бароем, пас натиҷаи он, аз ҳам ҷудо  кардани институтхои  давлатӣ аз дин буд. Аммо дар  муносибати иҷтимоӣ - сиёсии шарқи мусулмонӣ  ҳатто  дидгоҳи ягонаи диншиносон ё исломшиносон  дар ин масъала равшан ба назар намерасад.  Дар аксари кишварҳои мусулмонӣ бозгашт ба таълимоти давраи ибтидоии ислом эҳсос мешавад, на ислоҳот. Агар дар  кишварҳои насронӣ меёрҳои ҳуқуқӣ аз догмаҳои динӣ ҷудо шуданд,  дар баъзе кишвархои мусулмонӣ  баръакс татбиқ кардани конунҳои  шариат ҳамчун меъёри ҳуқуқӣ пазируфта шуданд ва теократияи сиёсӣ ҷомеаро пурра тобеъ кардааст. Бартарияти сиёсат бар имон  ҷорӣ шуд.  Ҷои доктаринаи Қуръониро  фатво ва хулосаҳои ҳуқуқӣ (фатвоҳо)  гирифт, мухторияти фақеҳоро ба ҳукми анъана даровард. [26].  Яке аз принсипҳои асосии нигоҳ доштани мавқеи худ уламои исломӣ бо таассуб ва тафаккури  бунёдгароӣ  кўшиши куллан ба низоми  асри миёна овардани кишварҳои мусулмониро  доранд.  Даъвати “роҳи ягонаи наҷоти дин ва бақои мусулмонон хилофат аст” шиори доимӣ гардидааст. «Ин тафовути консепсияи исломшиносии шарқи мусулмонӣ аз Ғарб аст.» [16;  62-69].

Ислом хамчун дин барои ташаккули ҷахонбинии пайравонаш  муҳим аст, аммо ин барои  зиндагии  мусулмон дар итоати қонунҳои дунёвӣ монеъ намешавад. Равандҳои секулорикунонӣ дар ҷаҳони ислом ба ҳам зид, зиддунақиз ва бисерҷониба ҳастанд. Имрўз  муносибати  низоми  дунявӣ  бо   дин  ҳам мушкилоти назариявӣ ва ҳам амалӣ дорад. То ҳол аз ҷониби ҳизбу ҳаракатҳои ифротии динӣ  дунявият маъмулан ба бединӣ, беимонӣ ва бадахлоқӣ шинохта мешавад. Шиори онҳо «ислом ин сиёсат, низом ва қудрат аст». 

Тезиси  «аз ҳам ҷудо будани дин ва сиёсат»  дар динҳои тавҳидии яҳудӣ ва насронӣ роҳи ҳалли худро ҳам дар сатҳи дин ва  ҳам дар сатҳи сиёсат ёфтааст. Дин  системаи ҷахонбинии диниро ташаккул дода, муносибати он нисбат  ба ҷомеа, давлат, сиёсат ва қайра дар сатҳи доктаринаи динӣ муайян шудааст. Асоси назари насронӣ дар муносибати калисо ва давлат чунин аст- “Ба Қайсар диҳед ҳарчӣ аз они Қайсар аст ва ба  Худо  диҳед ҳарчи аз они Худост” – мафҳуми тафаккурсоз гардид. ки мафхуми давлати дунёвиро маънӣ дод, роҳи муайяни рушди давлатро тарҳрезӣ кард ва то ба имруз  он идома дорад.

Бешубҳа, кишварҳои мусулмонӣ роҳи рушди худро доранд. Аммо қонуниятхои рушди иқтисодӣ - иҷтимии ҷомеаҳои мусулмонӣ аз конунҳое, ки ҷомеаҳои шарқии аврупои ё дигар ҷамиятҳои шарқи қайриисломӣ зиндагӣ мекунанд, фарқе надоранд.  Ҳар кадоме аз онҳо  дар баробари  намунаи  давлатдории дунявӣ, инчунин  низоми динӣ ба мисли Ватикан дар шакли Тати муқаддас ё  ҷумҳуриҳои исломӣ ҳам доранд [17; 264].

Аз таҳлили вазъи кишварҳои мусулмонӣ бармеояд, ки танҳо аз рўи принсипҳои дунявӣ таъмини суботи ҳаёти ҷомеаи мусулмонӣ мушкилоти навро пеш меорад. Суботи он дар таносуб бо муайян будани нақши дин таъмин мегардад. Аммо дар муқобил гузоштани динявият бо дин дар шарқи мусулмонӣ қарбиҳо низ манфиат доранд. Дар адабиёти нашргардида мавзўи давлати исломӣ бояд таҷассумгари “модели теократии давлат” бошад, аммо дар таҳқиқоти  мусулмонон калимаи хилофат қариб вуҷуд надорад, мафхуми ҷумхурият нисбат ба аморат бисёртар истифода мешавад,  таъкид мегардад. [17; 70-79]. Аммо муҳакқиконе, ки ин андешаҳоро тарқиб доранд, то хол робитаи онҳоро  муайян накардаанд, Мафҳуми динии пазируфташудаи ташкилоти сиёсии мусулмонӣ дар асоси дин вуҷуд надорад. Зеро низоми ба ном динӣ дар муаррифии худ динро истифода мебарад, вале оё худи Қуръон касеро ба таъсиси низоми сиёсӣ, ки имон тобеъи давлат аст, муаззаф кардааст ё не!  Ин муаммои дигар аст! Тамоми баҳсу мунозира дар атрофи ин масъалаи печида ба равшан кардани равобити давлату дин наоварда, баръакс баҳсҳои диниро бо сиёсат ва муноқишаҳо оварда  дар умум кишварҳои мусулмоннишинро  ба бўҳрони сиёсӣ ворид намудааст.

Новобаста аз ин, давлатҳои хозираи миллӣ дар шаклҳои президентӣ, парлумонӣ ва республика бо низоми  идоракунии муосири дунявӣ ба  низоми ҷудонашавандаи ҳаёти ҷомеаи башарӣ ворид шуда истодаанд.  Дар кишварҳои мусулмонишин дар баробари таъсиси низоми сиёсии дунявӣ, инкишофи институтхои давлатӣ ва қонунгузории дунявӣ , инчунин низоми   консервативӣ дар кишварҳои арабии Халиҷи Форс  ва низоми исломӣ дар  Ҷумҳури исломии  Эрон ва давлати исломии Покистон рўи кор омаданд. [18;117-125].  Аммо шариат дар дунёи тақйирёбанда тамоми ҷанбаҳои давлатдориро  фаро гирифта наметавонад ва эҳтиёҷ ба татбиқи меёрҳои дигари ҳуқуқӣ боқӣ мемонад. Мутобиқ намудани низоми иқтисодӣ ба талаботи ҳуқуқи байналмилалӣ дар Арабистони Саудӣ, мавҷудияти дихотомияи ҳуқуқӣ,  пайванди  меъёрҳои динӣ бо принсипҳои конститутсионии ҷумҳуриявӣ дар Эрон  намунаҳои татбиқи меёрҳои дунявӣ дар низоми динӣ мебошад.  Албатта, мухолифони ин таҷриба низ эътироз доранд, аммо дар маҷмӯъ ин ҳамзистӣ  на танҳо талаботи  ҳаёт, балки бо назардошти воқеиятҳои нав, принсипҳои дунявиятро бартарият медиҳад. Моҳияти амомаи шайхҳо ва саллаи охунд аз байн рафта, танҳо зоҳири онҳо барои фиреби мардум  боқӣ мондааст.

Баъди шарҳи ин масъала ба ҳадафи марказӣ бармегардем,  Пас саволи ислоҳоти исломӣ чист?  Қиёс кардани ислоҳоти насронӣ ва дигаргунсозии афкори динии мусулмонон қайриимкон аст. Чун  дар шарқи мусулмонӣ ҳаркати ислоҳотхоҳӣ  дар сатҳи зарурӣ ташаккул наёфт. Масалан дар кишвар як теъдод коршинсон фаъолияти ташкилоти  динии «Ихвонулмуслимин»- ро ислоҳотхоҳ ном мебаранд. Оё таъсиси низоми хилофати асримиёнагӣ ислоҳот аст ё бунёдгароӣ. Ин гурўҳи коршиносон ҳамон  калимаи реформаторони қарбиро нусхабардорӣ карда, фаъолияти сиёсӣ- идеологии ҳаракатҳои бунёдгароии диниро ба он муаррифӣ карданд. Қиёс дар ин маврид  умуман маъно надорад. Сарфи назар аз ҳама шабоҳатҳо, умумиятҳо дар эътиқод, имон, маъод, таҳаввулоти динӣ як хел нест. Масалан, дар ислом ислоҳот на он қадар ҷиддию таркишовар аст, ки дар Аврупо буд. Дар ибтидои солҳои 80-уми асри 20 ин мафҳум  андаке дақиқ ва боварибахш садо медод. Аммо, чунон ки рӯйдодҳои ахир нишон медиҳанд, дигаргуниҳои кунунӣ дар Шарқи мусулмонӣ на дар шакли ислоҳоти аврупоӣ, балки  дар шакли  стихиявӣ ва тарканда  рўи кор  меоянд. 

Дидгоҳи дигари диншиносӣ низ вуҷуд дорад, ки  ин мавзўро чунин шарҳ медиҳад: «Ҳодисаҳое, ки дар Шарқи мусулмонӣ ба амал меояд, гувоҳи он аст, ки мо шоҳиди раванди тақйирёбии ҷомеаи мусулмонӣ  ҳастем. Сиёсӣ шудани афкори динию иҷтимоӣ, парокандагии ҷомеаи мусулмонӣ, низоъҳои дохилӣ ва бартарияти зўроварӣ  ба мо асос медиҳад, ки бо равандҳои ислоҳоти садаи 16-17 дар Европаи Қарбӣ муқоиса кунем. Бархўрди идеологии миёни мазоҳиби аҳли суннат ва шиа ба зиддиятҳои миёни протестантҳо ва католикҳо дар давраи ислоҳот шабоҳат дорад. Аз бисёр ҷиҳат амалкарди инквизитсия ба ваҳшиёнати гурўҳҳои террористии бо ном динии ДИИШ, ки мардум дар он қатл мешуд, ба хотир меорад. Мисли таҷрибаи қарб дар Шарқи мусулмонӣ низ  имрӯз уламои исломӣ ҳангоми шарҳи  ифротгароӣ ду мавқеъ доранд. Бархе бар ин боваранд, ки ислом ва радикализм ба ҳам пайванди ногусастанӣ доранд, бархи дигар, баръакс, талош мекунанд, ки мавҷуд набудани чунин робитаро исбот кунанд. Бархўрди ниҳодҳои дунявӣ ба динӣ, тағйири тафаккури ҷомеа дар зери таъсири дин, буҳрони иқтисодӣ имрӯз барои бисёре аз кишварҳои мусулмонӣ чолишҳои навро пеш меоранд. Аммо равандҳои ба амаломада ногузир буда, онҳо на танхо бо таълимоти динй алоқаманданд, балки онҳо характери мураккабтари иҷтимоию маданӣ доранд.

Дар кишвари мо мисли кишварҳои дигари пасошўравӣ  исломшиносӣ ҳамчун як бахши шарқшиносӣ аслан ба омўзиши  таърихи ислом, сарчашмаҳои он,  маводи дастнависи арабӣ - форсӣ бознашри адабиёти динӣ сару кор дошт.

Дар асл исломшиносӣ  пажӯҳиши илмӣ буда, онро ба  як апологетикаи воқеии дин табдил додан хато аст. Аз ин рӯ, маҳдуд кардани исломшиносӣ дар доираи равишҳои илоҳиёт ва фатвои фақеҳо  назари моро ба теъдоди зиёди чолишҳо, арзёбии онҳо дар пасманзари мушкилоте, ки дар танзими муносибати давлат ба дин  ба вуҷуд меоянд, хеле танг хоҳад кард.

Бояд таъкид намуд, ки  исломшиносӣ илмест, ки ба омӯзиши худи ислом бахшида шудааст, на ба омӯзиши илоҳиёти исломӣ ё фатвои фақеҳо. Чунин усул  рисолати муассисаҳои илмӣ ва донишгоҳҳои дунявиро дар таҳлили ҳамаҷонибаи объекти тадқиқот муайян мекунад.  Дар сурати баръакс  эҳёи  теология дар сурати теократия на ҳамчун таърих ё мероси оддӣ, балки ин раванд  тарзи зиндагӣ дар низоми диниро метавонад асоси эътиқод  ва моро ба низоми  асрҳои миёна баргардонад. Бинобар ин сарҳади  миёни «мероси маънавию таърихӣ» ва воқеияти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва диниро дар мизони илм дақиқ  муайян кардан зарур аст. 

Исломшиносӣ бояд  асоси илмӣ дошта, барои таҳияи сиёсати дурусти дохилӣ  ва вокуниш ба чолишҳои хориҷӣ  ҷавобгў бошад. Дар ин маврид танҳо равиши академикӣ кор меояд на шарҳи илоҳиёт. Ба хусус вақте ки омили динӣ ба дасти мухолифони давлати миллӣ ба омили  инқилобӣ табдил дода шавад, пешгирии он хеле мушкил аст. Намунаи онро дар кишварҳои арабӣ Сурия ва Ироқ дидем.  Ин  ангезаҳои сиёсӣ-идеологии хусусияти динидошта  дар сурати авҷ гирифтани  муноқишаҳои дохилӣ боиси ҷалби мусулмонони муътадил  ба гурўҳҳои тундгаро мегарданд. Зеро ин гурўҳи ҷомеа агар тафаккуран  инқилобӣ набошанд ҳам, вале мавқеи муайян ҳам надоранд ва дар ниҳоят қурбон мешаванд. 

То ҳол  ба эҳёи аҳкоми ҳуқуқӣ ва теологӣ сару кор дорем, ки  дар баробари мероси динӣ будан, онҳо  меъёри мансубияти диёнатиро муайян мекунанд ва  ба  иҷрои ҳатмии аҳком таъкид доранд, ки дар шароити имрўза  ҳамаи он  қобили қабул нест.  Мутаасифона,  корҳои зиёд бештар ба шарҳу тавсифи мероси исломӣ тааллуқ дошта, наметавон  онҳоро ба маводи илмии  исломшиносӣ маҳсуб донист. Чаро! Зеро онҳо на тафаккури илмӣ, балки тафаккури  анъанавии диниро ташаккул медиҳанд. Ҳар яке аз ин усулҳо ҳуқуқи мавҷудият доранд, вале хар кадоми онҳо бояд самт ва  ҳадафҳои  дақиқ дошта бошанд.  Таҳқиқоти илмӣ ба муайян намудани самти фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ,  ва ташаккули сиёсати мутавозуни дохилӣ ва хориҷӣ  нигаронида шудааст. Намунаи таҳқиқоти сирф динӣ  низ метавонад фаъолият кунад, аммо дар он  хам вазифа бояд на тарқиби бевоситаи  таъсиси низоми динӣ, балки хамчун ҷузъи мерос ва таърих баррасӣ  шавад. 

                                       Хулоса:

Дар таҷрибаи исломшиносӣ то ҳол дар сатҳи зарурӣ омилҳои пайдоиш, хусусияти дини касб кардан ва айният додани сиёсат ба дин дар таълимоти салафизм, ҳумайнизм, толибон, ихвонӣ таҳқиқ нагардидааст. Баъзе корҳое, ки дар кишвар дар ин самт анҷом дода шудаанд, бештар самти сиёсии фаъолияти ин ҳаракатҳоро дар бар мегиранд. Фаҳмишҳои коршиносонии мо дар бораи салафия-ваҳобия бо тафовути ришу эзори калта, нахондани намози суннату инкори васила тамом мешавад. Дар ҳоле, ки ин ихтилофи сирф динӣ ва баҳсҳои  фиқҳӣ аст. Хулосаи исломшиносии илмӣ то ҳол  дар ин самт ба таври зарурӣ коркард нашудааст. Дар кишварҳои  мусулмонӣ ва қайримусулмонӣ дар инкору дастгирии ин ҳаракатҳо ҳазорҳо таҳқиқотҳо анҷом дода шуданд. Вале мушкилот дар он аст, ки тадқиқоти илмӣ бо  апологетика омехта мешавад, ки ин як вазъияти хеле норавшанро ба вуҷуд меорад.

Барои таҳкими давлатдории милӣ ва ҳифзи арзишҳои динӣ моро зарур аст, ки муносибат ба мероси гузаштаро вобаста ба ин арзишҳо муайян намоем. Зарурати ба асри 21 кашидани омилҳои баҳсу мунозираҳои динӣ, ки дар асрҳои миёна  сабаби қатли ҳазорон олимону мардуми равшанфикри миллат гардиданд зарурат надорад. Мисли миллатҳои дигар  муносибат ба мероси гузашта бознигарӣ шавад.

Аз доираи афсонаҳои адолати низоми динӣ дар асри миёна бояд берун баромад. Ягон таърих ва ҳатто таърихи  дин дар назди дин муқаддас нест. Қудсият дин дорад. 

Хусусан барои мо омўзиши таҷрибаи амалии омезиши аҳкоми дин бо урфи қавмӣ ва аз ин бардоштани манфиати сиёсӣ хеле муҳим аст. То ҳол ба ҷуз банда ягон кори дақиқ дар таҳқиқӣ масъалаи нақши дин дар шикасти ҳувияти миллати тоҷик  дар Афқонистон коре анҷом дода нашудааст. Бархўрди шадиди тоҷикони хатмкардаи мактабҳои динии мансуби ихвониҳо, ваҳобиҳо, салафиҳо, девбандиҳо бо тоҷикони маҳаллии анънавӣ ва аъзоёни  аҳзоби демократӣ ягонагии мавқеи сиёсии онҳоро дар ин  кишвар аз байн бурд. Ин як масъалаи муҳими илмӣ аст, ки дар сурати таҳқиқ нагардидани он ва надоштани хулосаи илмӣ ҷиҳати раҳоӣ аз ин бўҳрон метавонад барои мо мушкилоти нав эҷод кунад. 

Норавшан мондани принсипҳо ва методологии илмии исломшиносӣ, адами дидгоҳи консептуалӣ ба шинохти таърихи рушди тамаддуни исломӣ монеи таҳқиқи таҳаввулот дар ҷомеаҳои мусалмонӣ мебошанд.Ҳамагуна тағйироти фазои иттилоотӣ бо бархўрди шадиди гурўҳҳои тундгарои динӣ рў ба рў мегардад ва вокуниш ба ин падидаҳои номатлуб бояд дар пояи исломшиносӣ тарҳрезӣ ва интишор гардад. 

 

 

Адабиёт

1.Алексеев И.Л. Собирание расколотой уммы: фундаментализм как реинтерпретация исламской истории // Ab Imperio. - 2004. - № 3. - С. 491-516.

2.Буттаева А.М. Понятие и сущность исламского возрождения в современных реалиях // Вестник Дагестанского научного центра. - 2014. - № 55. - С. 95-100.

3.Гогиберидзе Г.М. Исламский толковый словарь. - Ростов н/Д: Феникс, 2009. -266 с.

4.Аликберов А.К. Исламоведение как научная дисциплина [Электронный ресурс] // Islamica - Центр арабских и исламских исследований. URL: http://www.islamica.ru/2015/07/03/a-k-alikberov-islamovedenie-kak-nauchn/.

5.Кузнецов В.А. Проблема светскости в странах «арабского пробуждения»: тунисская версия // Вестник Московского университета. Сер. 25. Международные отношения и мировая политика. - 2013. - № 4. - С. 39-74.

6 Прозоров С.М. Научное исламоведение в контексте исламского образования в России // Письменные памятники Востока. - 2011. - № 1 (14). - С. 270-278.

7.Toby E. Huff. Reformation In Islam? // Society. September 2007. - Vol. 44, Iss.55.

8.Абрамов А.В. Становление теории модернизации и альтернативные концепции общественного развития // Вестник Московского государственного областного университета. - 2012. - № 3. - С. 35-51.

9.Малашенко А.В. Исламское возрождение в современной России. - М.: Московский центр Карнеги, 1998. - 222 с.

10.Уотт У.М. Влияние ислама на средневековую Европу / отв. ред. и авт. А.В. Сагадеев; пер. с анг. С.А. Шуйского. - М.: Наука, 1976. - 128 с.

11.Гасымов Н.А. Роль ислама в формировании государственных и общественных институтов в монархиях Персидского залива // Вестник РГГУ. Сер. «Международные отношения. Регионоведение». - 2014. - № 7 (129). - С. 208-216.

12.Цибенко (Иванова) В.В. Между ориентализмом и ориентологией: научные подходы к изучению Кавказа // Научная мысль Кавказа. - 2014. - № 1. - С. 69-77.

13.Прозоров С.М. Научное исламоведение в контексте исламского образования в России // Письменные памятники Востока. - 2011. - № 1 (14). - С. 270-278.

14.Гогиберидзе Г.М. Исламский толковый словарь. - Ростов н/Д: Феникс, 2009. -266 с.

15.Игнатенко А.А. Изучать верблюда, а не «корабль пустыни» (задачи исследования нового исламского сектантства) // Ислам на современном Востоке. - М.: ИВ РАН; Крафт+, 2004. - С. 11-37.

16.Cottee S. Jihadism as a Subcultural Response to Social Strain: Extending Marc Sageman's ''Bunch of Guys'' // Terrorism and Political Violence. - 2011. - № 23. - P. 62-69.

17.Васильев А.М. Пуритане ислама? Ваххабизм и первое государство Саудидов в Аравии (1744/45-1818). - М.: Наука, 1967. - 264 с.

18.Прокофьев В.Н. Иранский конституционализм и институт президентства // Конституционное и муниципальное право. - 2016. - № 3. - С. 70-74.

19.Прокофьев В.Н. Конституционное и муниципальное право. - 2016. - № 3. - С. 117-125.

 

 

 

 

Яндекс.Метрика