Бузургтарин риёзидонҳои торих

"Риёзӣ"-ро "ЗАБОНИ ДУНЁ" медонанд.

Риёзӣ ва илми ҳисоб поя ва асоси дарки ҷаҳони ҳастӣ аст ва дар дунёи мудерн низ корбурди бисёре дорад.
Ҳар созаи башариро, ки нигоҳ кунед радди пойи (асар, нақш) илми ҳисобро дар он пайдо хоҳед кард. Ба ҳамин далел риёзидонҳои бузурги ҷаҳон дар пешрафти илм нақши бисёр муҳимме доштаанд ва ба ҳамин далел номи онҳо ба некӣ дар торих сабт шудааст.

Яке аз ин аввалин бузургҳо ФИСОҒУРИС (ПИФАГОР) маҳсуб мешавад

Фисоғурис яке аз бузургтарин файласуфон ва риёзидонҳои юнонӣ будааст. Ӯ дар солҳои 569-500 пеш аз мелоди Масеҳ зиндагӣ мекард ва нахустин касе буд, ки тавонист усули парокандаеро, ки риёзидонҳои нахустин умдатан бо истиқро (induction) ва озмуну хато кашф карда буданд, бар пояи усул ва бароҳини (бурҳонҳо, далелҳо) қиёсӣ бино кунад.

Фисоғурис аз ҷумлаи файласуфоне аст, ки муҷиби пешрафти зиёди риёзӣ шуд. Ӯ кошифи (кашфкунандаи) қазияи Фисоғурис (теоремаи Пифагор) аст. Ин теорема дар ҳандаса бахше аз сурати куллии қонуни косинусҳо дар замоне аст, ки зовияи (кунҷ) байни ду хатт 90 дараҷа (градус) аст. Ба иборати дигар, дар як мусалласи қоимуз зовия (секунҷаи росткунҷа) ҳамвора суммаи катетҳо баробар ба суммаи гипотенузаи он аст.

Таҳиякунандаи мавод : Абдуллоҳи Қодирӣ

Яндекс.Метрика