1.Масъалаҳои таълиму тарбияи ҷавонон
2.Одоби муошират миёни ҷавонон
3.Нақши падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд
4.Пешгирии каҷрафтории ҷавонон (ҳамкории оила, мактабу донишгоҳ, ҳукуматҳои маҳалӣ ва деҳот дар ин самт)
Аҷдодони тоҷикон аз қадимулайём дар сарзамини ҳозираи Тоҷикистон ва Узбекистону як қисмати Афғонистон зиндагӣ карда, халқи қадимтарини Осиёи Марказӣ мебошанд. Дар ҳудуди Тоҷикистони имрӯза қадимтарин осори ҳаёти инсон ба давраи палеолити миёна рост меояд. Ниёгони тоҷиконро Ориёӣ мегуфтанд. Ориёӣ аз калимаи авестоии “Aria” гирифта шуда, маънояш тоза, асилзода, донишманд, тоҷдор, муътабар мебошад. Таърихи қадимтарини ориёиҳо дар китоби Авесто ва дар китоби Ведҳо инчунин дар сарчашмаҳои асримиёнагӣ аз қабили “Таърихи Табарӣ”, “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ, “Форснома”-и ибни Балхӣ ва ғайра сабт гардидааст. Дар қадим аҷдоди ориёиҳо ҷамъияти ягонаи этникиро ташкил мекарданд яъне як халқ буданд ва бо як забон зап мезаданду дар як кишвар зиндагӣ мекарданд. Тақрибан дар асрҳои XX-XV пеш аз мелод онҳо ба ду шоха тақсим шуданд, ки яке онҳо ба Ҳиндустон кучида дар он ҷо Ведҳоро таълиф карданд. Гуруҳи дуюм ки дар Осиёи Марказӣ ва Эрони шарқӣ зиндагӣ мекарданд Авесторо офариданд. Мутобиқи маълумоти сарчашмаҳои хатти дар асрҳои IX-VII то мелод тоифаи ориёиҳо тақрибан дар нисфи қитъаи Осиё ба Байнаннаҳрайн ва Аврупои шарқию Сибири ҷанубӣ зиндагӣ мекарданд.
Дар сарчашмаҳои таърихӣ омадааст, ки мардуми Ориёно дар давлатҳои Пешдодиён, Каёниён, подшоҳии Бохтари қадим, Суғди қадим, Хоразми бузург, Порту Мод ва Хуросон аҷдодони ориёӣ зиндагӣ кардаанд.
Ба қавли Пешвои муаззами Миллат “Таърихи пурифтихори халқи тоҷик мактаби бузурги худшиносӣ мебошад ва мо вазифа дорем, ки ба он арҷ гузорем. Саҳифаи дурахшони қаҳрамониву диловарии гузаштагони худро омӯзем ва онро ҳамчӯ асоси ғояи ватандӯстиву садоқат ба Ватан ташвиқ намоем”. Бахусус дар шароити имрӯзаи рушди босуръати технологияи иттилоотии муосир, ки воридшавии фарҳангу анъанаҳои бегонаро ба маданияти милли зиёд намудааст, ба омӯхтани таърих зарурати бештар ба вуҷуд омадааст. Донистани таърих, урфу одат ва расму русум яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи насли наврас ва ҳар як фарди ватандӯст мебошгад.
Бо фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳисоби фонди Президент аз нав нашр намуда, дастраси ҳар як оилаи кишвар намудани китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров доир ба зарурати омӯхтани таърихи пурифтихори миллат гувоҳӣ медиҳад. Инчунин озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон оинаи таърихи миллат» барои аз худ намудани донишҳои таърихӣ миёни наврасонут ҷавонон ва ҳар ак шаҳрванди кишвари азизамон бисёр аҳамиятнок мебошад. Дар ин замина муҳтарам Пешвои миллат дар Паёми гузаштаи худ 26-уми декабри соли 2019 қайд намуда буданд ки “Олимону донишмандони моро зарур аст, ки ба шинохти дурусти таърих, тарғиби мероси маънавӣ ва суннату оинҳои мардумӣ, ки тайи асрҳо дар хотираи таърихии миллат нақш бастаанд, таваҷҷуҳи ҷидди зоҳир намоянд” ва супориш доданд, ки осори хаттии забонҳои гуногунро ба забони тоҷикӣ тарҷума намуда, дастраси хонандагон намоянд то ҳама тавонанд аз таърихи гузашта огоҳ шаванд.
Дар замони Истиқлолият бо ташаббуси Пешвои миллат ташкил намудани конференсияю сипмозиумҳо ва чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ, эҳёи фарҳанги миллӣ ва гиромидошти таъриху фарҳанги миллат, инчунин бузургдошти адибону донишмандон ва таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ ва ғайра ба роҳ монда шуд, як қатор асарҳои илмию омавӣ нашр гардид. Нуқтаи дигарро бояд қайд намуд ки Сарвари давлат шахси фарҳангдӯсту илмдӯст буда, дар эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ ба монанди кулолгарӣ, заргарӣ, қолинбофӣ, косаю қошуқтарошӣ, кандакорӣ, чакандӯзӣ, Гулдузӣ, атласбофӣ ва дигар суннатҳои миллӣ нақши калон бозид. Инчунин зимни сафарҳои худ ба шаҳру ноҳияҳо аз намоишу ҳунарҳои мардумӣ дидан мекунанд. Бо дастгирию ташабуси худи Пешвои миллат таъмиру азнавбарқароркунии ёдгориҳои таърихӣ, эҳё намудани расму ойин ва суннатҳои миллӣ вусъати нав пайдо намуд ва дар паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта шуд, ки Агентии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ташкил карда шавад, ки ин ҳама диққати ҷидди ба омӯхтани таърихи ниёгон мебошад.
Дар замони имрӯза таълиму тарбияи наврасону ҷавонон бисёр масъалаи муҳим буда, яке аз масъалаҳои мубрами ҳаётӣ дониста мешавад, ки ҳалли дурусти он асоси пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ мебошад. Консепсияи миллии тарбия барои наврасон ва ҳамкории волидон бо муассисаҳои таълимӣ бисёр ба маврид мебошад. Тарбияи наврасону ҷавонон вазифаи ҳар як фарди ҷомеа ва муассисаву ниҳодҳои иҷтимоӣ мебошад. Барои он ки қонуну тартиботи ҷамъиятии мо меъёри муайян риоя карда шавад , бояд робитаи падару модарон ба он ниҳодҳои ҷамъиятие, ки фарзандонашон дар онҳо таҳсил доранд, мустаҳкам карда шавад. Ин амал метавонад ба кам шудани сатҳи ҷиноят дар байни наврасону ҷавонон мусоидат намояд.
Имрӯз, ки мо зери парчами Ватан ва давлати соҳибистиқлол қарор дорем , бояд пеш аз ҳама мо ҷавонон мазмуну моҳияти арзишҳои миллиамонро, истиқлолият, худшиносӣ, ифтихори миллӣ ва ваҳдату ягонагии миллатро аз худ намоем. Асри XI ки асри илму техникаи навин мебошад мо ҷавонон бояд аввал забондон бошем то тавонем таъриху фарҳанги бою қадимаи хешро ба ҷаҳониён ошно кунем ва аз илму технологияи замонавӣ огоҳ бошем. Бо дуруст аз худ намудани таълиму тарбия миёни наврасону ҷавонон метавонад одоби муошират миёни онҳо дуруст ба роҳ монда шавад, чунки одоби сухан яке аз масъалаҳои муҳим буда, мутаассифона имрӯзҳо гоҳе ба назар мерасад ки баъзе аз ҷавонони мо бо овози баланд, суханони қабеҳ якдигаро меранҷонанду дигаронро нороҳат месозанд. Дар таълиму тарбия на танҳо волидону муассисаҳои таълимӣ, балки муҳит, донишгоҳ, Ҳукуматҳои маҳалӣ ва мутахассисон дар ин самт бояд бетарафӣ зоҳир накунанд.
Сармутахасссиси Шуъбаи пажӯҳиши маъхазҳои исломӣ Шарифова С.