Тибқи таҳқиқоти олимони Донишгоҳи Гарвард, ки соли 2005-ум анҷом додаанд, 75 кишвари олам, расман дини давлатӣ доранд ва эълон ҳам кардаанд, ки динашон расман давлатист. Дар 113 мамлакати дигари дунё, расман дини давлатӣ вуҷуд надоранд. Аз соли 1900-ум то соли 2000-ум дар 63 кишвари олам, аз ҷумла дар Бразилия, Ҷопон ва гайра динҳои давлатӣ расман бекор шудаанд.
Дар ватани азизамон Тоҷикистон тибқи қонунгузорӣ фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ аз давлат ҷудо бошад ҳам, ҳамкории дину давлат зич бо онҳо ба роҳ монда шудааст. Барои бароварда гардонидани хостаҳои динии шаҳрвандон дар асоси Қонуни ҶТ «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» дар кишвар феълан наздики 4 ҳазор иттиҳодиҳои динии расмӣ фаъолият мекунанд, ки наздики 400 адади он масҷидҳои ҷомеъ ва ҷомеъи марказӣ ва боқимонда масҷидҳои панҷвақта мебошанд. Имомони масҷидҳои ҷомеъи кишвар бо сабаби он, ки дар тарбияи маънавии сокинони ватанамон иштироки фаъол мегиранд, аз ҳисоби давлат бо маош таъмин гардидаанд. Ин теъдод масҷидҳо айни замон ҷавобгўи талаботи руз ва ниёзҳои эътиқодии шаҳрвандони кишвар мебошанд. Илова бар ин, дар кишвар Донишкадаи исломии Тоҷикистон фаъолият мекунад, ки барои таъмин намудани иттиҳодияҳои динӣ ва дигар бахшҳо бо кадрҳои соҳибмаълумот муваззаф мебошад. Дар сатҳи давлатӣ таҷлил намудани идҳои динии Рамазон ва Қурбон бароямон дастоварди даврони истиқлолият аст, ки аз он бояд шукргузр бошем.
Ҳамин тавр, бо назардошти таҳлили қонунгузории Тоҷикистон дар мавриди мушаххас намудани ҷойгоҳи дин дар ҷомеа метавон гуфт, ки маҳз афзалият додан ба шакли давлатдории дунявӣ, ҳуқуқи инсон ба озодии виҷдонро таъмин ва танзим менамояд. ки муҳтавои он ба арзишҳои умумибашарии ҳуқуқи инсон ва ба ҳама санадҳои байналмилалии марбут ба ҳуқуқи инсон пурра мувофиқат мекунанд.
Қонуни дигари миллиамон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим» мебошад, ки бо иқдоми наҷибонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 17 сол муқаддам 8 июни соли 2007 қабул гардид. Мақсади қабули қонун пеш аз ҳама баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинони кишвар, пешгирии хароҷоти беҳуда ва исрофкорӣ, ба низом даровардани маъракаҳои хурсандӣ ва азодории шаҳрвандон буд. Ин таҷриба низ дар ҷаҳон назир надорад ва татбиқи босубот ва муътадили ин санади муҳимми ҳуқуқиву сиёсӣ ба шуури диниву дунявии мардум таъсири ҷиддӣ расонид. Ба ин маънӣ, ки фазои динӣ ва мафкуравии мардум аз бозмондаҳо ва хурофоти дерина тоза шуд ва як муҳити созгори пайванди равобити дину давлат дар шароити дунявият ба вуҷуд оварда шуд.Имрўзҳо бо гузашти ин муддат бо боварӣ метавон гуфт, ки қонун ба ҳадафҳои худ то андозаи назаррасе расидааст. Барои тақвияти фикр овардани фақат як мисол кифоят мекунад, ки моҳияти масъала равшан шавад. Аз рӯйи ҳисоботи мақомоти ваколатдор дар ин давра аз ҳисоби ба низом омадани маъракаҳо, камхарҷ гузаронидани онҳо, ихтисори як қатор маъракаҳои такрорӣ дар умум зиёда аз 28 миллиард сомонӣ ба нафъи шаҳрвандон пасандоз гардидааст. Маъракаҳо ба ҳисоби оморӣ ворид шуданд, ки барои танзими дигар барномаҳо дар ин самт мусоидат хоҳанд кард.
Дар моддаи 7 банди 4-и қонуни зикршуда, ба шаҳрвандон оиди дар рўзҳои иди Рамазон ва Қурбон оростани хони маънавӣ ва дурӣ ҷустан аз исроф ва зиёдаравӣ дастур дода шудааст, шариати ислом бошад сареҳан исрофкоронро бародаронии шайтон меҳисобад, аммо мутаасифона то ҳол ҳам аз ҷониби як теъдод ҳамватанон содир намудани зиёдаравӣ дар ин амали носавоб ба мушоҳида мерасад.
Дастархони маънавӣ бояд содда ва хуб мешуд аз маводу хўрокиҳои истеҳсоли ватанӣ оро меёфт. Дар арафаи идҳои динӣ болоравии нарху наво дар бозорҳо ба мушоҳида мерасад, саволе пайдо мешавад, ки сабаб чисту гунаҳкор кист? Баъди чанд моҳ иди Қурбон фаро мерасад ва мо бояд андеша кунем, ки хароҷоти зиёдатӣ ҷоиз нест. Барои анҷом додани корҳои хайру савоб дастгирии шахсони нодору барҷомонда, маъюбу бесаробон ва ниёзмандон ба мақсад мувофиқ буда, ҳамзамон моро соҳиби савоби зиёде мегардонад.
Муҳимтарин хислати қонунҳои муосири Тоҷикистон ин аст, ки ба арзишҳои миллии давлатдории дунявӣ бештар арҷ мегузорад. Аз ин нуқтаи назар, миёни арзишҳои динӣ ва арзишҳои давлати миллии дунявии Тоҷикистон ягон ихтилофи назар вуҷуд надорад ва ҳама фаъолиятҳо дар асоси қонунгузориҳо ба роҳ монда шуда, манфиати умумии сокинони мамлакатро ҳифз менамоянд
А. Мирзозода - мушовири директори Марказ