АЛОМАТҲОИ СТАТИКӢ ВА ДИНАМИКИИ КОНСТИТУТСИЯ ВА МАСЪУЛИЯТИ ТАЪРИХИИ МИЛЛАТИ СОҲИБДАВЛАТ

Конститутсияи ҳар давлат, заминаи устувори рушди миллӣ, сиёсӣ ва кафолати ҳуқуқии таъмини амният барои ҳар халқу миллати давлатдор аст. Маҳз Конститутсия хати эътидоли рушди давлатҳоро дар ҳама давру замонҳо таъмин намуда, дар лаҳзаҳои вазнину тақдирсоз, тақдири ҷомеаю халқҳоро бо мизони адолату таъсири баробари меъёрҳои худ нигоҳ медорад.
Муҳаррики асосии нигоҳдошти низоми идораи давлат ва назму тартиби ҷомеа муносибати дуруст ба ду хосияти асосии Конститутсия: хосияти статикӣ ва динамикии он аст. Хосияти статикӣ барои устуворӣ ва пойдории низом ва одату анъана табдил ёфтани арзишҳо ва принсипҳои умдаи Конститутсия хизмат намуда, ҳаддалимкон меъёрҳои онро дар раванди рушди ҷомеа ҳифз менамояд. Хосияти динамикӣ бошад, ҳамчун унсури диалектикии Конститутсия ҷиҳати рушди ҳаёти иҷтимоӣ ва инъикоси рӯзгори воқеии тағйирёбандаи халқ ҳамчун санади зинда ва мусоид барои рушду таҳаввулоти ҳадафмандонаи миллат хизмат менамояд. Муносибат ва тавозуни дурусти миллати сиёсӣ бо ин унсурҳои Конститутсия аз бисёр ҷиҳат кафолати суботу оромии ҷомеаи шаҳрвандӣ аст.
Таърихи сиёсии миллатҳо гувоҳи он аст, ки шоҳроҳи давлатдорӣ ҳамеша орому якмаром нест. Пастию баландиҳо ва парвозу шикастҳо дар ори идораи давлат ҳамрозу ҳамнафаси ҷомеаи зинда буд ва хоҳад монд. Ҳолатҳое мешавад, ки ақли солими низоми идорӣ дар кори идораи хирадмандонаи соҳаҳои ҷамъиятӣ ба мушкилиҳо мувоҷеҳ мешавад. Дар чунин нуктаҳо манфиат ва мубориза барои мақсадҳо имкони ворид намудани ноадолатиҳои зиёдро дар рақобати сиёсию молӣ дар даст доранд. Дар ин вазъият кори наҷоти мафкураи халқу миллатҳо дар итоат ба принсипу қонунҳои навиштаи ҳамон халқу миллатҳо бештар аз ҳарвақта эҳтиёҷ пайдо мекунад. Халқу миллате, ки дар чунин давраҳои вазнину ноороми буҳронӣ такяи асосиро бар Конститутсия ва қонунҳои эътирофкардаи худ менамояд, устуворӣ ва пойдории давлат ва низомро ҳифз менамояд.
Дар чунин лаҳзаҳои эҳсосотию буҳронии ҳуқуқӣ давлатҳо ва халқҳо таҳти таъсири авомили мухталифи иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсию ҳуқуқӣ мерасанд. Дур будани табиати қонунҳо аз талаботи асли халқу миллатҳо, номувофиқ ва ноодилона будани таснифи ҳокимияти давлатӣ, носолим будани рақобати озоди иқтисодӣ, гурӯҳбозии формалии ҳизбӣ, яккаҳукмронии ҳизби заифи сиёсӣ, нодуруст фаъолият намудани низоми ҳокимияти судӣ, рушди коррупсия, нигилизми ҳуқуқӣ ва амсоли ин норасоиҳо имкон доранд мушкилии халқро бо татбиқи шоҳроҳи таърихии давлатдориаш, ки ҳуҷҷати бунёдии вай эълон намудааст, мушкилӣ эҷод намоянд. Роҳи баромадро халқу миллатҳо аз ин бунбасти сиёсӣ гуногун ҷустуҷӯ менамоянд.
Як қисме аз халқу миллатҳо дар чунин ҳолатҳои вазнини буҳрони ҳуқуқӣ даст ба ислоҳи тағйири Конститусия мезананд. Агар буҳрон оғоз шуда, ба вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ таъсир расонида, ба қишрҳои мафкуравӣ роҳ ёфта бошад, ин кор натиҷа нахоҳад дод. Чунки масъала дигар сари ислоҳи вазъи низоми ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ нарафта, сари табдили қудрат ва низом дар умум тобиш мехӯрад. Он тавре, ки мухолифини тоҷик солҳои навади асри гузашта хостанд бо ворид намудани тағйирот ба Конститутсия тақдири қудрати сиёсиро ҳал карда, шоҳроҳи давлатдориро тағийр диҳанд. Ба ёд орем суханони таърихии собиқ Роҳбари давлат Қ. Маҳкамовро дар саргаҳи ин моҷароҳо роҷеъ ба тағйироти Конститутсия, ки гуфта буд: «Ба хотири вазифаи ман шуда ба Конститутсия даст назанед ва низомро вайрон накунед. Ман худам аз вазифа даст мекашам». Яъне рақибони сиёсӣ тавассути дигар кардани Конститутсия мехоҳанд ҳам қудратро ба даст оранду ҳам шоҳроҳи таърихиро тағйир диҳанд. Тарзе дидем бо ин усул табдили ҳолат натиҷа нахоҳад дод.
Дигар аз халқу миллатҳо дар чунин шароитҳо даст ба табаддулоти давлатӣ ва тағйири шоҳроҳи давлатдорӣ мезананд, ки одатан онро ҳамчун инқилоб низ ёдрас мешаванд. Инқилоб ин қатъиян шикастани низому тартиботи мавҷуда ва арзишҳои бунёдии ҷомеа буда, моҳиятан давлатро аз шоҳроҳи таърихии мавҷудааш ба дигар паҳнои манфӣ ва харобиовар мегузаронад. Дар ин дарҳамшиканӣ қатъиян халқ ва миллат азият мекашад, як ду насли инсонӣ сахт дучори фишорҳо мегарданд ва худи давлат дар низоми башарӣ ба ҳолатҳои мухталифи таъсиррасонӣ қарор мегирад.
Баъд аз инқилобҳои буржуазӣ, ки онҳо сохтори навъи феодалии давлати феодалиро аз сари Аврупо дур карданд, таърих дигар инқилобҳои муваффақро қариб, ки ёд надорад. Албатта, инқилобҳои буржуазӣ низ мушкилиҳои худро дошт, вале ҷамоати дастаҷамъонаи Ғарб онҳоро моҳирона аз чашми ҳақбинон пӯшида дошт. Бо роҳи инқилоб дигар кардани вазъи давлатдорӣ ошкоро шикаст додани низоми конститутсионӣ ва қатъиян тағйир додани арзишҳои бунёдӣ аст, ки халқу миллатҳоро ба вартаи мушкилихои мухталиф гирифтор хоҳад кард. Марксистон ба вижа, В.И. Ленин, ки ҷонибдори ин усул буд дар асари худ «Давлат ва инқилоб» дар ин бора зиёд навишт. Вале воқеият на ҳама навиштаҳои ӯро исбот кард ва давлати бо ин роҳ таъсисёфта айнан ба ҳамон тартиб аз байн рафт. Мунаққидони инқилоби русӣ баъдан дар Ғарб низ роҷеъ ба зарарҳои инқилоб асарҳо навиштанд. Роҳи инқилобии табдили низом ва шикасти Конститутсия роҳи дурусту саҳеҳ нест.
Ва ниҳоят, қисмати сеюми халқу миллатҳо бо дарки ибтидои тағйироту мушкилиҳои авзои башарӣ ва дохилӣ арзишу ҳаракатҳои сиёсию ҳуқуқии худро ҳамчун организми зинда, ки дар Конститутсияҳои худ муқаррар шудааст, тавассути ислоҳоту тағйиротҳо ба шарту шароитҳои нави башарӣ мувофиқ менамоянд. Ин навъ халқу миллатҳо дар кори идораи давлати худ ба муваффақиятҳо ноил шуда, миллати сиёсии хешро ҳамчун ҷомеаи зинда, бо масъулият назди наслҳои гузашта, имрӯза ва оянда дар амон ҳифз менамоянд. Ин навъ конститутсияҳо дар қатори хосияти статикии худ хосияти динамикиашонро бо фаросати сиёсии халқаш ҳифз менамояд. Сарчашмаи ин рафтори қонунӣ аз фаҳми дуруст ва шинохти комили рисолати Конститутсия сарчашма мегирад. Қудрати сиёсӣ, неруҳои сиёсӣ ва халқ, агар ба Конститутсияи худ дуруст муносибат карда тавонад, ин роҳи орому ҳамвори рушдро дар ботини худ ҳамчун низом нигоҳ медоранд.
Шоҳроҳи давлатдории мо ва се давраи ислоҳоти конститутсионии кишвар (1999, 2003 ва 2016) таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи эътирофи хосияти статикӣ ва динамикии Констутсия маҳз ҳамин роҳи орому саодатовар ва мутобиқ ба талаботи миллат рушд намудани вазъияти ҳуқуқиро интихоб кардааст. Ин роҳ аз назари илмӣ ва амалӣ роҳи дуруст ва ҳадафраси ҷомеаи соҳибдавлат, бо эҳтироми арзишҳои миллӣ ва меросбардории таърихист, ки барои бақои давлат ҳамчун анъанаи нек хизмат менамояд.

Холиқзода Абдураҳим Ғафор – директори муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ» дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор
Шокиров Ҳусен Зокирович – мутахассиси пешбари шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносии муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ» дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Яндекс.Метрика