АЗ ЁДҲО ДАР ЁДҲО!

Маҷрои зиндагиномаи устод Садриддин Айнӣ пур аз ҳаводиси ибратомӯзу ҳикматомезест, ки таваҷҷуҳ ба он дар замири кас майли худогоҳию хештандориро бедор мекунад. Ӯ бузургтарин фарзанди миллати тоҷик мебошад, ки манфиатҳои халқу ватанро аз ҳама арзишҳо муқаддастар медонист. Дар ин роҳ ҳатто манфиатҳои худро пушти по зада, ба сад дарду ранҷи зиндагӣ гирифтор шуд. Чун дигар ҷавонону ҳамсолони хеш натавонист зиндагиеро барои худ бисозаду орӣ аз кулфатҳои замона бошад.
Бузургтарин аслиҳаи Садриддин Айнӣ ба муқобили нотавонбинони миллат дар тӯли ҳаёти хеш доим қалам ба ҳисоб мерафт. Ӯ дар асоси маъхазҳои муътамад ва далелҳои илмӣ рисолаю мақолаҳои зиёде навишта чун шоҳсутун бақои миллату давлати хеш гардид.
Устод Садриддин Айнӣ дар арафаи инқилоби Бухоро муқими шаҳри Самарқанд буд. Дар ин айём низ С. Айнӣ ором наистода, ба воситаи рӯзномаҳое, ки дар Самарқанд ба нашр мерасиданд ба хусус маҷаллаи тоҷикии «Шуълаи инқилоб» (аввалин маҷаллаи тоҷикӣ) ва газетаи ӯзбекии «Меҳнаткашлар товуши» (Садои меҳнаткашон) мақолаҳои гуногуни илмию оммавии худро ба табъ мерасониданд.
Бояд қайд намуд, ки устод Садриддин Айнӣ то соли 1920 яъне то 42 солагиаш (агар соли таваллуди устодро аз соли 1875 ба инобат бигирем пас то синни 45 солагиаш), бо сабабҳои носозгории рӯзгор ва тангдастии оилавӣ натавонистааст, ки никоҳ намуда оилаи мустақилона бунёд намояд. Айнӣ дар Самарқанд дӯстони зиёд пайдо намуда буд. Абдуллоҷон Абдухолиқзода, Мардонқул Шоҳқурбонзода, Ризохон Ҳодизода, Мулло Исматуллоҳи Раҳматуллозода, Абдулқодир Шакурӣ аз зумраи онҳое буданд, ки ба Айнӣ мададҳои зиёди бародарона анҷом доданд.
Доир ба воқеаи оиладоршавии С. Айнӣ бояд ҳаминро қайд намуд, ки дар ин кори хайр Абдулқодир Шакурӣ (ҷадиди пешқадам ва таъсисдиҳандаи аввалин мактаби усули нави форсии тоҷикӣ дар Осиёи Миёна) ва Абдулқодир Муҳиддинов (раиси Кумитаи Инқилобии Умумибухороии ҶХШ Бухоро) саҳм гузоштанӣ шуда, бо яке аз занони бомаърифати Самарқанд Анварбегим завҷаи Домулло Маҳмуди мударрис (Домулло Маҳмуд барвақттар вафот намуда буд) маслиҳат карда духтари ӯ Салоҳатбегимро моҳи октябри соли 1920 (дар он вақт ӯ 18 сола буд) ба С. Айнӣ никоҳ карда доданд. Худи устод С. Айнӣ воқеаи хонадоршавии худро хело кӯтоҳ чунин шарҳ медиҳад: «Баъд аз ба амал омадани инқилоби Бухоро, ман хотирҷамъ шуда дар умри худ якӯм бор (дар моҳи октябри соли 1920) дар Самарқанд хонадор шуда, дар он ҷо ҷои истиқомати доимии худро ташкил додам». Аз рӯи навиштаи Холидаи Айнӣ (духтари С. Айнӣ) Анварбегим бинобар сабаби бармаҳал вафот кардани шавҳараш фарзандони хурдсолаш Абдулвадуд, Сабоҳатбегим ва Салоҳатбегимро худ ба воя расонид. Донишманди маъруфи тоҷик Худойназар Асозода, ки дар риштаи айнишиносӣ мақоми шоистаеро соҳиб аст оид ба воқеаи хонадоршавии С. Айнӣ чунин менависад: «Вақте, С. Айнӣ барои Салоҳатбегимро ба ҳамсарӣ гирифтан хостгор мефиристад, ӯ 18 сол дошт. Хешону наздикони арӯс ин хабарро шунида, изҳори норозигӣ карданд, Анварбегимро огоҳ сохтанд, ки С. Айнӣ шахси бадхашм аст, як ҳафта ҳам намегузараду Салоҳатбегим боз ба хонадон пас мегардад. Илова ба ин, онҳо ба Бухоро каси наздики қавмро мефиристанд, то ки дар бораи шахсияти домод маълумот ҷамъ намояд». Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, Анварбегим бинобар сабабе, ки Айнӣ мисли шавҳараш мударрис аст розигии хешро медиҳад. Дар идома ба иқтибос аз гуфтаҳои устод Асозода рӯ меоварем, ки тақвиятдиҳандаи гуфтаҳои болост: «Фақат Анварбегим ҷонибдори С. Айнӣ буд. Ӯ ба хотири эҳтироме, ки ба шавҳари фарҳангиаш дошт, С. Айнии мударрисро мепазирад ва ифтихор аз он дошт, ки домодшавандааш монанди шавҳари марҳумаш мударрис аст, ба мисли ӯ сару либос мепӯшад ва ба ҷавонони аврупоипӯш шабеҳ нест».
Анварбегим хело зиндагонии хоксоронаю камбағалона дошт. Аз ин лиҳоз барои таъмини лавозимоти арӯсии духтараш имкони пурра надошт. Аммо Айнӣ ҳам барои либосҳои арӯсӣ ва гузаронидани тӯй маблағи зарурӣ надошт. А. Муҳиддинов, ки он вақт барои ҷалб намудани С. Айнӣ ба корҳои маорифи ҶХШ Бухоро омада буд, бо мақсади ин тангдастии устодро бароварда сохтан ба ӯ 75 сӯм қарз медиҳад. Дар ин ҳангом Айнӣ хонаи шахси надошта дар болохонаи беруни Мулло Исматуллоҳ ном шахс яккаву танҳо зиндагӣ мекардааст. Чихеле, ки муаллифони китоби «Глазами совести» Р. Фиш ва Р. Ҳошим қайд мекунанд: «Дар он рӯзгорон ӯ (С. Айнӣ) яккаву танҳо буд. Дар оташдони хурд барои худаш хӯрок мепухту чой меҷӯшонд ва ҳатто худаш ҷомашӯӣ мекард». Баъди хонадор шудан дар хонаи модарарӯси худ хонадомод мешавад. Ҳанӯз ҳам бо мушкилиҳо зиндагии худро пеш мебурд. «Он вақтҳо дар Самарқанд, – менависад С. Айнӣ, – зиндагонии ман бисёр сахт буд. Ман хонаи худ надоштам. Дар ҳавлии модарарӯсам менишастам. Дар он ҷо ду хона буд, ки дар вақти бориш ҳамеша об мегузашт. Ман дар пеши сандалӣ нишаста, дар вақте ки ба атрофам ва сарам борон мечакид, кори таҳририи худро давом медодам».
Пас аз ин дар назди С. Айнӣ мушкилии дигаре, ки меистод ин пайдо намудани хонаи алоҳида буд. Дар ҷустуҷӯ ва харидани ҳавлии алоҳида ба сари С. Айнӣ бисёр мушкилиҳо омад, зеро барои рафъи ин мушкилӣ маблағи зарурие надошт. Абдуқодир Муҳиддинов чун як нафар аз дӯстони ҷавонтарин ва деринаи С. Айнӣ дар рафъи ин мушкилот ба устод дасти мадади худро дароз намуд. Тавре, таърихшинос Усмонҷон Ғаффоров менависад: «Дар ин маврид ҳам ба ёрии ӯ Абдулқодир Муҳиддинов ҳозир шуд ва аз маҳаллаи Қӯрғончаи Самарқанд ҳавлии нисбатан хуби Хушкомилбой ном шахсро харида дод. Ба ин кори хайр А. Муҳиддинов 150 сӯми пули тиллои худро дареғ надошт». Ҳамин тавр, С. Айнӣ сентябри соли 1923 ба ин ҳавлӣ мекӯчад ва то поёни умр он ҷо рӯзгори хонаводагию эҷодиашро сипарӣ менамояд.
Пас аз ин барои таъмини рӯзгор ва осуда пеш бурдани зиндагии оилавии С. Айнӣ, А. Муҳиддинов ҳар сари чанд гоҳ ба устод дасти ёрӣ дароз мекард. Муҳиддинов бо истифода аз мансабҳое, ки ба уҳда дошт, кӯшиш менамуд, ки Айнии навхона дар пешбурди рӯзгор мушкилие накашаду шикаста хотир нагардад.
Бинобар навиштаи академик Муҳаммадҷон Шакурӣ «Айнӣ соли 1923 дар Самарқанд консултанти консулхонаи Бухоро таъйин шуд, ки ин кор бо далолати А. Муҳиддинов сурат гирифт. Пас аз ин дар Самарқанд мудири як шуъбаи Бухгосторг (тиҷорати давлатии Ҷумҳурии Бухоро) таъйин шудани Айнӣ ҳам бо ёрии А. Муҳиддинов ба амал омад». А. Муҳиддинов аз моҳи сентябри соли 1921, пас аз сабукдӯш шудан аз вазифаи раиси КМУ-ии ҶХШ Бухоро ба вазифаи нозири Нозироти савдо ва саноати ҶХШ Бухоро таъин шуд. Ҳамин буд, ки ӯ бештар С. Айнӣро ба корҳои зертобеъи идораи худ ҷалб карданӣ мешуд. Ин корҳо аксаран ба руҳияи С. Айнӣ, агарчанде номувофиқ буданд, аммо Муҳиддинов тавре, ки дар боло ишора намудем бо ҳар роҳ талош менамуд, ки С. Айнӣ дар он солҳои қаҳтию қиматӣ (солҳои 1920-21 дар ҶХШ Бухоро қаҳтию қиматӣ рух дод) бо машғул шудан ба ин корҳо зиндагии худро тавонад, ки таъмин намояд. Бо вуҷуди он, ки Айнӣ аз машғул шудан ба корҳои тиҷоратӣ сарпечӣ менамуд, аммо Муҳиддинов барои ин баҳонаҳо ҷуста Айниро ба чунин корҳо уҳдадор менамуд. Чунин шуд, ки С. Айнӣ дар он ҷо низ паи эҷоду тадқиқи корҳои илмию адабии худ гардид. Устод С. Айнӣ чунин ранг гирифтани корро ба тариқи зайл ба қалам медиҳад: «Дар соли 1923 консулхонаи дар Самарқанд доштаи ҳукумати Бухоро баста шуд ва маро дар охири соли 1923 дар шуъбаи Бухгосторг ки дар Самарқанд буд, мудир таъин карданд. Аммо роҳбари тиҷоратии онвақтаи Бухоро (А. Муҳиддинов дар назар аст. Д. М.) маро қаноат кунонид, ки то ёфт шудани ягон одам ин корро муваққатан идора намоям. Аммо ин кори «муваққатӣ» ба ном мудирии ман аз сари соли 1924 то сари соли 1925 давом кард». Чунин ҳамкориҳои дӯстона байни ин ду нафар дар солҳои минбаъда, яъне пас аз тақсимоти миллию ҳудудӣ низ бо ҳамин минвол идома ёфтанд.
Ин ҷо суоле пайдо мешавад, ки чаро устод С. Айнӣ дар ҷилди аввали «Куллиёт» дар қисмати «Мухтасари тарҷимаи ҳоли худам» аз мададгории хонаводаи Муҳиддиновҳо махсусан аз робитаҳояш бо А. Муҳиддинов хело пардапӯшона ёдовар шуда, аммо бо ном эшонро зикр накардааст, ки ин албатта то ҷое хонандаро дар ҳамин мавзуъ ба шубҳа меорад? Дар посух ба ин савол ҳаминро бояд зикр намуд, ки С. Айнӣ ҳамчун як нафар олими равшанзамир ба ҳама масълаҳои ҳаёт хело нозукона рафтор менамуд. С. Айнӣ «Мухтасари тарҷимаи ҳоли худам»-ро соли 1940 ба қалам дода буд, ки он вақт шахсияти А. Муҳиддинов ҳамчун «душмани халқ» дар назди давлату ҷомеа матраҳ мегардид. Бинобар чунин вазъият С. Айнӣ низ наметавонист ошкоро аз номи ин дӯсти худ ба некӣ ёд кунад.

Давлатшоҳ Маҳмудов.

Садриддин Айнӣ - Sadriddin Ayni - صدرالدین عینی - «Ёддоштҳо»(1) Бо садои Ато Муҳаммадҷонов
https://www.facebook.com/100001816880177/videos/2650014645069072/
Садриддин Айнӣ - Sadriddin Ayni - صدرالدین عینی - «Ёддоштҳо»(2) Бо садои Ато Муҳаммадҷонов
https://www.facebook.com/100001816880177/videos/4652102431526940/
Садриддин Айнӣ - Sadriddin Ayni - صدرالدین عینی - «Ёддоштҳо»(3) Бо садои Ато Муҳаммадҷонов
https://www.facebook.com/100001816880177/videos/554904738968900/
Садриддин Айнӣ - Sadriddin Ayni - صدرالدین عینی - «Ёддоштҳо»(4) Бо садои Ато Муҳаммадҷонов
https://www.facebook.com/100001816880177/videos/857292205146339/

Яндекс.Метрика