Асрҳои даҳум ва ёздаҳуми милодӣ замонест, ки таърихнигории ба истилоҳ исломӣ хеле рушд кард. Ангезаи рушди ин таърихнигориро баъзе муҳаққиқон дастуроти Қуръон ва суннат дар амри фарогирии улум ва мероси гузашта ба манзури пандпазирӣ ва ибратомӯзӣ медонанд. Бештари осори таърихии асрҳои аввали исломӣ «ахбор» номида мешуданд. Бо густариш ёфтани ислом дар мамлакатҳои хориҷ аз сарзамини Арабистон яъне мамлакатҳое, ки собиқаи тулонии нигориши таърихро доштанд (Эрон, Рум, Ҳинд) ин илм заминаи муносибро барои тараққиву такомул пайдо кард. Сарфи назар аз ҳодисаҳои сиёсӣ, қавмӣ ва мазҳабии муаррихон дар ин давра осоре офарида шуд, ки бе зикри онҳо баъзе аз саҳифаҳои таърихи ҷаҳонӣ ҳам ноқис хоҳад монд.
Яке аз марҳилаҳои муҳими таърихи мардуми тоҷик аҳди ҳукумати Ғазнавиён аст, ки парварда ва гулбоғи салтанати Сомониён буданд ва пас аз пошхӯрии давлати Сомониён бештари қаламрави ононро тасарруф карда, низоми идорию девонсолории Сомониёнро ворис шуданд. Ин суннатҳоро Ғазнавиён ба силсилаҳои баъдӣ интиқол доданд. Барои равшан гаштани авзои сиёсию сохтори идории хонадони Ғазнавиён ҳеҷ асаре ба андозаи «Таърихи Масъудӣ»-и Абулфазли Байҳақӣ судманд нест. «Таърихи Масъудӣ», ки бо номи муаллифи донишманду нуқтасанҷи гаронқадраш Байҳақӣ, ба «Таърихи Байҳақӣ» шуҳрат ёфтааст, муҳимтарину дақиқтарин сарчашмаи таърихӣ ва аз осори беназири насри порсӣ мебошад. Байҳақӣ худ солҳо дар дарбори Ғазнавиён хизмат кардааст ва баъди мудате аз дарбор худро канора гирифта, бидуни амру дастури ҳоким ё фармонравое ин таърихномаро ба қалам кашидааст, ки аз муҳимтарин осори таърихӣ бо забони форсӣ аст. Дар ин асар нуқтаҳои фаровоне дар бораи вазъи дохилӣ, равобити хориҷӣ, русумоти дипломатӣ ва суннатҳои девонсолорӣ, артиш инчунин ситезаҳои пинҳону ошкори вазирон, амирон ва низомиён мавҷуд аст, ки бар аҳамияти китоби ӯ афзудааст.
Пас аз он ки аз ҷониби як нафар низомии таърихдӯсти англис бо номи Морлей (соли 1862) асари «Таърихи Масъудӣ» дар Ҳинд ба чоп расид, таваҷҷуҳи олимон ба он бештар гардид. Муҳаққиқон асари номбурдаро беназиру нотакрор ва яке аз сарчашмаҳои муҳими форсӣ ном бурдаанд. Чандин маротиба нашр гаштани ин асар шуҳрату маҳбубияти онро афзун кард. Муаррих ё муҳаққиқе дар соҳаи таърихи забону фарҳанги форсиро ёфтан мушкил аст, ки зимни пажуҳиш аз асари мазкур моя нагирифта бошад, зеро дар боби ҳодисоту рухдодҳои солҳои 1030-1041 дар Хуросону Мовароуннаҳр ва Эрону Ҳинд бидуни ошноӣ бо ин асари пурарзиш тасаввуроти муњаќќиќ аз бисёр љињат нопурра ва ноќис мемонад. Ҷои зикр аст, ки ахбори фаровоне дар бораи сохтори идорӣ ва русумоти давлатдории Ғазнавиёну силсилаҳои пеш аз онҳо (Абосиёну Сомониён) дар «Таърихи Масъудӣ» омада, бо чунин назокату дақиқи то ҳанӯз дар ҳеҷ як аз сарчашмаҳои дигар пайдо нашуда аст. Инчунин дар бораи кишварҳое, ки бо Ғазнавиён муносибатҳои дипломатӣ доштанд, низ маълумот дода мешавад.
Хоҷа Абулфазл Муҳаммад ибни Ҳусайни Байҳақӣ ҳамчун дабири хирадманду таърихнигори варзида маъруф аст. Аммо то имрӯз дар бораи зиндагию рӯзгори ӯ ба мо маълумоти ночизе расидааст. Нахустин манбае, ки метавон роҷеъ ба аҳволу осори Байҳақӣ маълумоти бештар ба даст овард, таърихномаи маъруфи уст. Байҳақӣ дар ҷое, ки асараш аз аслу насаб ё рӯзгори шахсии хеш таваққуф ва ишорае накардааст, аммо дар ҷилдҳои охир гоҳе нуқтаҳои парокандаву фишурда дар бораи худ меорад. Танҳо дар маъхазҳои асрҳои пас аз рӯзгори вай аз зиндагию осораш ишораҳои кутоҳе дида мешавад, вале ин маълумотҳо чунон ночизу ноқисанд, ки наметавон дар асоси онҳо шарҳи ҳоли ин донишманди мумтозро дарёфт. Аз ин рӯ, бо такя ба ишораҳои худи Абулфазли Байҳақӣ даст ба фарзияҳо мезанем. Ягона маълумоти мухтасар дар бораи рӯзгори Байҳақӣ навиштаҳои ҳамшаҳрии муаллиф – Абулҳасан Зайди Байҳақӣ мебошад, ки бештар бо номи ибни Фундуқ машҳур аст. Ибни Фундуқ навиштае дорад бо номи «Таърихи Байҳақ», ки он дар бораи номоварони зодгоҳаш – шаҳри Байҳақ аст. Ин асар дорои маълумотҳои нодири таърихию адабӣ мебошад ва аз он метавон барои равшан кардани зиндагиномаи Хоҷа Абулфазли Байҳақӣ шарҳи ҳоли тақрибӣ тартиб дод.
Аз ишораҳои худи муаллиф бар меояд, ки ӯ соли 995, яъне дар охири салтанати Сомониён чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Байҳақ дар рӯзгори Сомониёну Ғазнавиён аз шаҳрҳои маъруф буд. Худи муаллиф аз мулоқоти падари худ бо яке аз акобири давлати Ғазнавиён ҳикоят намудаааст, падарашро «хоҷа» меномад. Аз ин ишора бар меояд, ки ӯ аз хонаводаи соҳибному шуҳратёре будааст. Даврони ҷавонӣ ва таҳсилоти минбаъдаи Абулфазл дар шаҳри Нишопур гузашт, ин шаҳр дар асрҳои IX-XI аз бузургтарин марказҳои илму адаби тамоми хилофати Аббосӣ ба шумор мерафт. Таърихи ба дарбори Ғазнавиён ворид гаштани Абулфазли Байҳақӣ равшан нест. Муаррихон дар хусуси зери роҳбарии Абунасри Мушкон фаолият намудани ӯ хабар додаанд. Дар саросари асари худ Байҳақї аз Абунасри Мушкон ба некӣ ёдоварӣ карда, аз ҷумла дар вақти марги устодаш бо таассуфи зиёд иброз медорад ки: «Маро азиз дошт ва нуздаҳ сол дар пеши ӯ будам азизтар аз фарзанди вай ва навохтҳо дидам ва ному молу ҷоҳу изз ёфтам». Марги Мушкон соли 1039 иттифоқ афтод. Агар Абулфазл 19-сол шогирдии устоди хешро намуда бошад, пас метавон хулоса кунем, ки вай соли 1020 дар сини 26-27 солагӣ ба хидмати дарбор дохил гардидааст.
Байҳақӣ бо роҳбарии Абунасри Мушкон дар девони рисолат, ки ҳамшафат бо қасри амир буд, машғули дабирӣ буд. Ин девон мукотиботи расмии давлатро роҳандозӣ мекард ва кормандони онро дабир мехонданд. Дабирӣ то густариши ислом ва баъд аз он низ аз пешаҳои муътабар ва дабир шахсе арҷманд буд. Дар ин росто Фирдавсӣ чунин овардааст.
Дабирӣ биёмӯз фарзандро,
Чу ҳастӣ бувад хешу пайвандро.
Дабирӣ расонад ҷавонро ба тахт,
Кунад носазоро сазовори бахт.
Дабирист аз пешаҳо арҷманд,
К-аз ӯ марди афканда гардад баланд.
Тадбиру ақидаи некӯ ва кори шоиста боис гардид, ки Абулфазли Байҳақӣ дар назди устодаш Абунасри Мушкон ва аъёни дарбор ба эътибору эҳтироми тамом расад. Ва ин дар ҳоле буд ки Абунасри Мушкон дар назди султон Маҳмуд ва писараш султон Масъуд бисёр соҳибэҳтиром буд. Бо ин алоқамандӣ ӯ хазинаи ҳуҷҷатгузории Ғазнавиёнро ба Абулфазли Байҳақӣ вогузор мекунад. Ба ҳангоми кор дар девони рисолат Байҳақӣ аз тамоми асрори давлат огоҳ мегардад. Ҳеҷ як аз дабирони даргоҳ дар бораи сиёсати давлат ба андозаи ӯ маълумот надоштанд. Муҳимтарин номаҳои султон низ ба дасти ӯ навишта мешуд. Байҳақӣ дар замони салтанати султон Маҳмуд корро дар дарбори Ғазнавиён оғоз намуда бештар дар давраи ҳукмронии султон Масъуд фаолият намудааст ва аз ин хотир асари худро «Таърихи Масъудӣ» номгузори намудааст, ки бештар ба ҳодисаву воқеаҳои замони Масъудро (1030-1041) дар бар мегирад. Сарнавишти Байҳақӣ пас аз Масъуд норавшан бошад ҳам, бинобар навиштаҳои ибни Фундуқ, метавон хулоса кард, ки ӯ дар аҳди ҳукумати писарони Масъуд – Мавдуд (1041-1050) ва Фарухзод (1050-1059) низ дар девони рисолат машғули кор будааст.
«Таърихи Масъудӣ» ҳодисаву воқеаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, ва фарҳангии замони ҳукумати Масъуди Ғазнавиро фаро мегирад. Чунон ки зикр шуд, то замони мо ҷилдҳои панҷум, шашум, ҳафтум, ҳаштум, нуҳум ва бахше аз ҷилди даҳум расидаанд. «Таърихи Масъудӣ» бо фурӯ гирифтани писари хурдии Маҳмуд - Муҳаммад аз тахти шоҳӣ ва ба подшоҳӣ расидани писари бузурги ӯ – Масъуд оғоз мешавад. Пас аз ошноӣ бо муҳтавои асари Байҳақӣ, метавон номгӯи пурраи мавзӯъҳои муаллиф баён фармударо дарёфт. Лозим ба ёдоварист, ки «Таърихи Масъудӣ» дар боби салтанати Масъуд ҳикоят кунад ҳам, пиромуни таърихи гузаштаи мардумони Шарқи исломӣ ва рӯзгори шахсиятҳои номиву даврони рӯзгори Аббосиён, Тоҳириён, Саффориёну Сомониён ва Қарахониён маълумоти ҷолиб медиҳад. Аз муҳтавои «Таърихи Масъудӣ»-и Абулфазли Байҳақӣ бар меояд, ки муаллиф ба ғайр аз баёни таърихи сиёсӣ, иқтисодӣ ва низомии замони ҳукумати Масъуди Ғазнавӣ аз суннатҳову ойину русуму роиҷи дарбор ҳикоят мекунад. Дар «Таърихи Масъудӣ» маълумоте фаровон пиромуни дигар бахшҳои рӯзгори он давра низ гирд омадааст. Байҳақи дар таълифи асари хеш аз манбаъҳои дақиқ истифода намудааст: нахуст ӯ дидаҳову мушоҳидаҳои худро овардааст ва манбаъи дигар ахборест, ки аз ростгӯён шунидааст. Инчунин манбаи сеюм ин аст, ки аз китобҳои пешин ба кор бурдааст.
«Таърихи Масъудӣ»-и Абулфазли Байҳақӣ аз ҷониби бузургони илму адаб ва ҳам аз ҷониби пажӯҳишгарони арсаи дониш ҳамчун як шоҳкории нотакрор эътироф ва баҳогузорӣ шуааст. Академик Бартолд навиштаҳои Байҳақиро «хотирот» ва ҷойгоҳи онро дар миёни адабиёти исломӣ беназир меномад. Доктор Ғуломҳусайн Юсуфӣ Байҳақиро «гузоришгари ҳақиқат» хонда асари ӯро аз лиҳози диққату амонат «беҳтарин ва саҳеҳтарин таърихи форсӣ» меҳисобад.
Шарифова Санавбар, сармутахассиси шуъбаи пажўњиши маъхазњои исломии Маркази исломшиносӣ