«Таърихи Бухоро» ҳамчун сарчашмаи муҳим ва нодири таърихӣ

Тоҷикон дар асрҳои миёна дар ҳама бахшҳои илму маърифат ба дастовардҳои бузург соҳиб гашта, мероси арзишманде боқӣ мондаанд. Яке аз онҳо илми таърихнависии тоҷикон мебошад, ки дар ҷаҳон маъруфу машҳур гардидааст. Як қисмати он таърихнигории маҳалӣ мебошад. Дар асрҳои миёна, ки роҳҳои иртиботӣ миёни марказу навоҳиҳо маҳдуд буд, инчунин гушаву канори як давлат тараққии нобаробар дошта, робитаҳои сиёсиву минтақавӣ зиёд дида мешуд, қисме аз сардорони ғамхору илмдӯсти шаҳру вилоятҳо донишмандонро дар атрофи худ ҷамъ оварда, муҳити фарҳангӣ бунёд мекарданд. Ҳамин тавр ин ҳолат боис гардид, ки дар таърихнигории миллии тоҷикон таърихнигории маҳалӣ пайдо гардид. Ин таърихнигориҳо барои шинохти ҷуғрофия, таърих, дину ойин, касбу ҳунар ва урфу одати минтақаҳо аҳамияти зиёде дорад. «Таърихи Бухоро»-и Абубакри  Наршахӣ аз ҷумлаи чунин китобҳост.
 
Наршах деҳае буд дар атрофи Бухоро ва Абубакр соли 899 дар он ҷо чашм ба олами ҳастӣ кушода, яке аз шахсони фозилу парвардаи замони Сомониён мебошад. Номи пурраи муаллиф Абубакр Муҳаммад ибни Ҷаъфар Наршахӣ буда, яке аз муаррихони маълуму машҳури асри Х мебошад. Муаллиф асарашро, ки «Таърихи Бухоро» ном ниҳодааст байни солҳои 943-949 бо забони арабӣ навишта шуда аст ва бо номҳои «Ахбори Бухоро», «Таҳқиқи вилояти Бухоро» ва «Таърихи Наршахии нав (ҷадид)» машҳур аст.
 
Тасвири ботафсили ҳодисаҳои давраи Сомониён ва воқеаҳои дигар шаҳодат медиҳанд, ки асар бо супориши махсуси Нуҳ ибни Насри сомонӣ таълиф ёфтааст вале дар ҷои дигар гуфта мешавад, ки худи муаллиф онро ба амири сомонӣ бахшидааст. «Таърихи Бухоро» асосан дар бораи Бухоро ва заминҳое, ки ба ҳайати он дохил мешуданд: ҳаволии шаҳр, бозорҳо, қозиҳо ва дигар амалдорони давр, биноҳои мухталиф аз ҷумла сохтмонҳои аркҳои Бухоро, манзилҳои ҳокимони  Бухоро, баёни Ҷӯи Мӯлиён, андозу хироҷ, тангаю дирҳами Бухоро, ҳукмронии сарлашкари араб Кутайба ибни Муслим ва фатҳи Бухоро, тақсими Мовароуннаҳр ва ҷорӣ шудани дини ислом, дар бораи Сомониён ва хонадони онҳо бо як маҳорати баланд сухан ронда шудааст. Муаллиф дар навиштани «Таърихи Бухоро» аз асарҳои таърихии арабӣ, ки то замони мо нарасидаанд истифода кардааст. Нусхаи дастхати арабии асари «Таърихи Бухоро» то замони мо нарасидааст. Асари машҳур бори аввал 1129 аз ҷониби Абунаср Аҳмад ибни Муҳаммад Қубовӣ бо забони форсӣ гардонда шуда аст, ҳамин нусха бори аввал баъди ним аср ва маротибаи дуюм 1178 аз ҷониби Муҳамммад ибни Зуфар таҳрир кардааст. Ва ғайр аз ин якчанд нафари номаълум асаро таҳрир кардаанд ки то баёни воқеаҳои оғози ҳуҷуми муғулҳо иникос ёфтааст..
 
Дар асоси нусхаҳои зиёди дастхатӣ, китоби «Таърихи Бухоро» соли 1892    Ҷ. Шефер дар Париж бо забони фаронсавӣ ва соли 1939 дар Теҳрон бо забони форсӣ нашр шуд. Инчунин асарро соли 1897 дар шаҳри Тошканд бо забони русӣ тарҷума карданд. Соли 1954 бошад аз ҷониби Р. Фрай бо эзоҳу иловаҳо дар Кембриҷ бо забони англисӣ чоп шуд. Соли 1966 дар шаҳри Тошканд бо забони узбекӣ низ тарҷума шудд ва соли 1980 дар шаҳри Душанбе бо забони тоҷикӣ нашр гардид. Нусхањои «Таърихи Бухоро» дар китобхонаҳои Ленинград, Тошканд, Машҳад, Теҳрон, Париж ва Душанбе маҳфуз аст.
 
Асари мазкур сарчашмаи беназири таърихӣ ба шумор меравад, ки чанд хусусияту бартарӣ дорад. «Таърихи Бухоро»-и Наршахӣ яке аз сарчашмаҳои арзишманд дар бораи ҷуғрофия ва мавқеи ҷойгиршавии Бухорои асримиёнагӣ мебошад. Дар ин китоб номи даҳҳо мавзеъҳои таърихии шаҳри Бухоро аз ҷумла маҳалҳои шаҳр бо номи дарвозаҳои он оварда шудааст. Дигар муҳимияти асар дар он аст, ки дар бораи урфу одатҳои фарҳангӣ ва мазҳабии  мардум маълумот медиҳад. Инчунин дар бораи тасарруфи шаҳри Бухоро аз ҷониби сарлашкари араб Қутайба ибни Муслим маълумот додааст, ки аҳамияти муҳими илмӣ дорад. Яке аз маълумотҳои муҳими дигаре, ки дар  «Таърихи Бухоро» оварда шудааст, он аст, ки дар бораи мусулмоншавии мардуми Бухоро ва муқовимати онҳо бо истилогарон, ва бо забони порсӣ Қуръон хондани онҳо маълумот медиҳад. Донишмандони шинохтаи олам, ки роҷеъ ба Осиёи Миёна таҳқиқот анҷом додаанд, аз ҷумла В. Бартолд, Б. Ғафуров, Э. Босворт, Р. Фрай, Н. Неъматов ва дигарон аз ин шоҳкории илмӣ истифода бурдаанд ва имрӯз низ мавриди истифодаи васеи муҳаққиқону донишмандон мебошад. 
 
Санавбар Шарифова   -   сармутахассиси шуъбаи пажӯҳиши маъхазҳои исломӣ
Яндекс.Метрика