
Қисми II
Дар байни онҳое, ки сари қудрат омада буданд, Ҷамол Абдуносир бо ватандустӣ ва миллатдустиаш фарқ мекард. Ӯ дину давлатро аз ҳам ҷудо медонист, ҳарчанд барои иззати раҳбари кишвари исломӣ баъзе маросимҳои диниро иҷро мекард, вале дар давладорӣ роҳи дуняият ва демократиро афзал мешуморид. Ӯ ба модернистони исломӣ таваҷҷӯх зоҳир мекард. Носир тарафдори назарияи «сотсиализми исломӣ» буд. Хусусияти сотсиализми пешниҳод кардаи ӯ иборат буд аз моликияти хусусии ба истисмор вобаста набуда, ташкили ҳукумати миллӣ на диктатураи пролетарият, эътиқод ба Худо ва пайѓамбар. Хартияи миллии қабулшуда маҳз ҳамин ѓояи сотсиализми исломиро фаро гирифта буд. Рӯҳи асосии ин назарияро панарабизм ташкил медод. Албатта, панарабизми хартияро набояд бо панарабизми арабгаро айният дод. Вале мақоми миллати араб дар таъри васф карда мешуд ва дар асоси умумияти арабӣ ба вуҷуд овардани иттиҳодро тақозо мекард. Ба сабаби мнсубияти иҷтимоӣ ва шароити таърихии Миср роҳбарияти «афсарони озод» баъзан дар муроҷиат ба дин барномаи иҷтимоӣ ва сиёсии худро сохтаанд. Муроҷиат ба ислом яке аз аслҳои ѓоявии ислоҳоти иҷтимоии онҳоро ташки кардааст. Аммо онҳо ба ислом мазмуни тоза, мазмуни ба замони нав мувофиқ бо дар назардошти орзую омолҳои мардум изофа мекарданд. Ин амали онҳо, албатта, ҳодисаи нав дар таърихи ислом набуд. Ҳамаи ҷунбишҳои мардумӣ ва инқилобҳои иҷтимоӣ таҳти ҳамингуна шиорҳо ба амал омадаанд. Алалхусус, ки барномаҳои иҷтимоии ихвониҳо барномаи бунёди ҷомеаи сотсиалистӣ мисли таълимоти Абӯало ал-Мавдудӣ ва ѓайра ба онҳо маълум ва шинос буд. Агар равияҳои тундрави исломӣ эгалитаризми иртиҷоӣ доштанд эгалитаризми«афсарони озод» эгалитаризми меҳнаткашон буд. Қариб дар ҳамаи кишварҳои исломӣ эгалитаризми нерӯҳои чап заминаи ислоҳоти майдабуржуазиро бо андозаи каму беши иртиҷоипарастӣ ва фундаменталистӣ ташкил додаанд. Назарияи «сотсиализми исломӣ» ё «сотсиализми арабӣ» низ аз ҷумлаи ҳамин гуна назарияҳо мебошад. Инҷо бояд як чизро таъқид сохт, ки эгалитаризм аз эгалитаризм фарқ дорад. Эгалитаризми гурӯҳҳои рости буржуазӣ ва табақаҳои иртиҷоии ҷомеа як навъи эгалитаризманд, эгалитаризми гуруҳҳои чапу демократӣ дигар навъи он ва эгалитаризми равияҳои ифротии исломӣ навъи сеюми он мебошад. Эгалитаризми равияҳои тундрави исломӣ эгалитаризмест, ки ба садақаю фондҳои иҷтимоӣ такя мекунад, эгалитаризми руҳонияти иртиҷоӣ ва табақаҳои ҳукмрон: буржуазию феодалӣ ба саховатмандии онҳо, ба таълимоте, ки заминаи иҷтимоӣ надорад, ва инсофу ахлоқи соҳибдавлатон, ки дар таърих ҳеҷ гоҳ амалӣ нашудааст ва шуда ҳам наметавонад, алоқаманд буда, таълимоти ихвониҳо, сарфи назар аз даъвоҳои онҳо, дар бораи адолати иҷтимоӣ дар воқеъ бо таълимоти панисломизми феодалӣ ва иртиҷоӣ пайваст мегардад. Тасаввуроти ифротгароёни исломӣ аз ҷумла ихвониҳо бо аслҳои абстрактии иҷтимоие, ки дар Қуръону Суннат баён шудаанд, наметавонанд заминаи устувори барномаи таѓйир додани ҷомеа ба манфиати меҳнаткашон бошанд, ҳарчанд ислоҳоти ихвониҳо дар байни гурӯҳҳои майдабуржуазӣ, кисме аз донишҷуён ва интелигенсия тарафдориро ба вуҷуд оварда бошад ҳам, аммо барномаи онҳо мутобиқ ба орзую омоли ҳамаи меҳнаткашон, ба ҷуз гурӯҳҳои майдабуржуазӣ набуда,шиорҳои онҳо тамоми меҳнаткашонро муттаҳид кардан наметавонист. Ҳатто, иттиҳоди ҷомеаро ҳам таъмин намекард. Бинобар ин ихвониҳо иттиҳоди арабҳоро ҳеҷгоҳ таъмин кардан наметавонанд, балки дар байни онҳо ҷудоӣ меандозанд.
Дар солҳои 70-уми асри гузашта насли нави ихвониҳо ба арсаи сиёсат меоянд, ки онҳо дигар, ҳатто, Ҳасан ал-Банно ва ихвониҳои пештараро пайравӣ намекунанд, ба ҷои онҳо идеологҳои нав, мисли Саид Қутб, Абӯ Аъло ал-Мавдудӣ- роҳбари «ҷамоаи исломӣ»-и Покистон эътибор пайдо мекунанд. Ба қавли баъзе муҳаққиқон ихвониҳо аз Мавдудӣ ѓояи такфир, аз Саид Қутб оштинопазирии пайравони ислом бо ѓайримусулмононро қабул мекунанд ва гурӯҳҳои тоза дар байни ихвониҳо ба вуҷуд меоянд. Мисли «Ҷиҳоди муқаддас», «Ҷамоаи муслимин», ки дар соли 1988 номи «Такфир ва ҳиҷра»-ро ба худ мегирад. Дар ин гурӯҳхо таассуб ва ифрот боз ҳам бештар мешавад. Инҳо чандон ба барномаҳои дигар сохтани ҷомеа камтар таваҷҷӯҳ зоҳир карда, аслан ба танқиди сохторхои мавҷуда ва роҳҳои мубориза бо он эътибор додаанд. «Ҷиҳод» ба тарѓиби ҷанги муқаддас-ҷиҳод диққати асосӣ додааст. Ҳамчунин гурӯҳи «Такфир ва ҳиҷра» ба ҷуз ҷиҳод, ба такфири мухолифонашон эътибори хос додааст.
Азбаски фаолияти ихвониҳо ба ҳукумати вақт мухолиф буд, Хасан ал-Банно чанд бор ба маҳбас кашида шуд. Соли 1948 Ихвониҳо бар зидди нахуствазири Миср Нуқраши Пошо сӯиқасд ташкил карданд ва ӯро ба қатл расониданд. Баъди марги Нуқраши – Пошо худи Хасан ал- Банно аз ҷониби мухолифонаш кушта шуд ва роҳбарии ҷомеаи «Ихвон-ул-муслимин»-ро Ҳасан –ал-Ҳудайбӣ ба уҳда гирифт.
Баъди инқилоби «Афсарони озод» соли 1952 ихвониҳо умед доштанд, ки бо ҳукумат ҳамкорӣ карда, ѓояҳои худро дар Миср паҳн кунанд, ҳатто Ҳудайбӣ умед дошт, ки ӯ пири «Афсарони озод» мешавад вале ҳукумат бо роҳбарии Ҷамол Абдуносир фаъолияти ихвонимҳоро манъ кард. Соли 1954 26 октябр яке аз шохаҳои ҷамъияти «Ихвону-л-муслимин» ба ҳаёти президент Носир сӯиқасд ташкил карданд. Баъди ин ҳукумат нисбати ихвониҳо чораҳои боз ҳам сахттар дида, бисёре аз аъзоёни ин созмон ба ҳабс гирифта шуда, баъзеяшон ба қатл маҳкум шуданд. Соли 1965 ихвониён хостанд зидди ҳукумат хуруҷ кунанд, вале ба даст афтоданд ва ба пешвоёни онҳо бародарон Қутб ба қатл расонида шуданд.
Баъди Ҷалол Абдуносир Анвар Содот сари қудрат омад, муносибат ба ихвониҳо таѓйир ёфт. Анвар Содот як андоза ба таълимоти ихвониҳо қаробат дошт. Аз дигар тараф, бо ин роҳ хост, ки ихвоиҳоро ба ҷониби худ кашида, ҳукумати худро тақвият бахшад ва тасири тарафдорони Носирро дар Миср хотима диҳад. Ӯ барои дар ҳукумат ва парлумони вақт чанд вазифа ба ихвониҳо дод, ба ривоҷи таълимоти ихвониҳо мусоидат кард. Ин ҳодиса баъди ҷанги шашрӯза, ки Исроил дар он пирӯзӣ ба даст овард, рӯх дод. Ихвониҳо шикаст дар ҷангро ба таври худ таъбир карданд. Сабаби шикастро дар он диданд, ки мисриҳо на дар асоси Қуръон, балки дар асоси Хартия ҳукумати худро ташкил доданд ва бо СССР-и бехудо муоҳида баста, дӯстӣ намуданд. Дар ҳар сурат оммаи мардум, ки диндор буданд, таълимоти ихвониҳо таълимоти ба онҳо фаҳмо ва ба андешаи онҳо мувофиқ буд, бадин сабаб бисёриҳо ба ихвониҳо пайвастанд. Дар натиҷа нуфузи онҳо дар байни аҳолӣ хеле зиёд шуд. Душвориҳое, ки дар ҳукумати кишвар вуҷуд доштанд, онҳоро ҳукумат мехост аз тақдири илоҳӣ дониста мардумро ором созад.
А. Содот ба ихвониҳо дӯстӣ барқарор карда, изҳор намуд, ки ӯ ба ихвониҳо доир ба масъали мубориза бо комуннистони атеист ҳамфикр аст ва як навъ дастгирии худро аз ихвониҳо пешиниҳод намуд. Дар Миср дар солҳои 80-ум ѓояҳои ихвониҳо ба таври васеъ тарѓиб карда мешавад, китобҳои Сайид Қутб, Муҳамад ал-Баҳо, Абдулкарим аз-Хатиб ба миқдори зиёд нашр мешаванд, ки дар онҳо ѓояи бунёдии «ҷомеаи исломӣ» тарѓиб шуда, ба матириализм ва сотсиализм муқобил гузошта мешавад. Соли 1972 «Ҷамъияти мусалмомнон» бунёд мешавад, ки роҳбараш ихвонии машҳур Шукри Мустафо интихоб мегардад. Анвар Содот иқдомҳои ихвониёнро дастгирӣ карда, дар артиш чорабиниҳоеро татбиқ мекунад, ки таъсири исломро ба артиши бештар месозад. Ин амалҳо барои Содот пеш аз ҳама барои он лозим буд, ки таъсири «носирчигӣ»-ро, ки дар Миср нуфузи зиёд дошт, аз байн барад. Содот Мисрро бо кишварҳои Ѓарбӣ, пеш аз ҳама ШМА надик сохта, дар симои онҳо такягоҳи худро ҷустуҷӯ менамуд ва ҳар чӣ бештар аз иттиҳоди Шӯравӣ худро канор мегирифт ва чуноне ки маълум гарид, ин кор ба Содот пурра муйяссар мешавад ваСодот мехост, ки Миср ҷойи Исроилро чун такягоҳи ИМА дар Шарқи Наздик гирад, ҳарчанд муносибаташ ба Америка хеле беҳтар шуда бошад ҳам, Содот хост, ки қудрати худро ба Америка нишон диҳад ва 6 октяри соли 1973 аз канали Суетс гузашта, ба Исроил ҳуҷум мекунад ва дар он сӯи соҳил мавқеъ гирифта меистад. Исроил ин фурсатро муносиб дониста, артиши худро аз ҳар ҷиҳат омода сохта, артишиМисрро иҳота мекунад. Аммо ин талошҳои он ба муқобилияти Иттиҳоди Шӯравӣ рӯ ба рӯ мешавад ва баъди таъкидҳои пай дар пай Иттиҳоди Шӯравӣ маҷбур мешавад, амалиёти ҳарбии худро қатъ кунад. Аммо ҷанги «моҳи ноябр» ба Содот имконият медиҳад, ки мавқеи худро дар дохили кившар мустаҳкамтар сохта, мубориза бар зидди гурӯҳҳои чапро тақвият бахшад ва курси либерализатсияи иқтисодиро самаранок созад. Ин курс ба фоидаи сармоядорони Миср буд ва онро онҳо ҳамаҷониба дастгирӣ мекарданд. Баъди ҷанг байни Мисру Исроил аҳдномаи «КЕМП-Девид» имзо мешавад, сафари расимии Содот ба Исроил баргузор мегардад, ки Мисрро бо Исроил наздиктар месозад. Аммо ҷиҳатҳои манфии ин сиёсати Содот ба зудӣ ошкор мегарданд. Аввалан, обрӯи Содот дар байни кишварҳои арабӣ коҳиш меёбад, сониян, капитализатсияи Миср зиндагии аксари мардуми Мисрро, ки бенаво буданд, боз ҳам бенавотар месозад.
Содот ба ислом рӯ меоварад, соли 1977 дар Миср таѓйиротҳо дар конститутсия қабул мешаванд, ки талаботҳои шариати исломӣ мисли ба кори давалатӣ, роҳбарии кооперативҳо, органҳои иттилоотӣ қабул накардани онҳоеро, ки қонуни илоҳиро эътироф надоранд ва ѓояҳо зиддиисломиро тарѓиб мекунанд, ҳамчунин ҷазоҳои асримиёнагӣ барои дуздӣ, буридани даст, барои истеъмоли шароб дурра задан, қатл кардани касоне, ки ба дин эътиқод надоранд ва ѓайра ба ҳукми қонун дароварда мешаванд. Ин чорабиниҳо мавқеъи президентро чун шахси диндор тақвият бахшида бошад ҳам ва инчунин муборизаро бар зиддди чапгароёну коммунистҳо тақвият дода бошад ҳам, аммо бо курси либерализатсияи иқтисодӣ ва рушди сармоядорӣ дар Миср, ки озодии бештарро хостор буд ва ба ин маҳдудиятҳо созгор набуд , сармоядорони бузургро норозӣ месохт. Аз дигар тараф, исломгароёни ифротиро ҳам, ки аксаран аз унсурҳои майдабуржуазӣ иборат буданд ва рушди сармояи калон онҳоро хонасалот месохт, аз молу мулкашон маҳрум мекунонд, сафи коргарону бекоронро зиёд мекард ва аз режими Содот, сиёсати ӯ комилан онҳоро норозӣ месохт. Ба қавли Ҳайкал ифротгароёни исломӣ яъне (ихвониҳо) «дар байни мардум тарафдор ёфтанд, зеро барои онҳо шароит мусоидат фроҳам омад... Дин ягона воситаи ба рои баёни эътироз ба он ҷӣ дар кишвар рух медод, гардид». Аммо ихвониҳо, бо вуҷуди ҳамаи ин дастгирии васеъи аҳолиро ба даст наоварданд, зеро таълимоти онҳо ба аксари мардуми бенаво чизе дода наметавонист ва илова бар он тезиси идеологи онҳо Саиди Қутб «Афзалият ба беҳтаринҳо- на ба оммаи мардум ва мақоми асосӣ ба шахсони худованд интихобкарда, на ба уммат дода мешавад», онҳоро аз ихвониҳо як андоза дур сохт.
Сиёсати Содот оид ба исломкунонии ҷомеа ва қонунҳои он коптҳоро, ки масеҳӣ буданд, ба ташвиш овард ва ҷиҳоди мазҳабиро дар байни мисриҳо қувват бахшид. Наздикшавии Миср ба Исроил эътирози кишварҳои дигари исломӣ ва арабиро ба вуҷуд оварда, Мисрро аз узвияти Лигаи кишварҳои арабӣ ва Конфоронси умумиҷаҳонии исломӣ (ОИК) маҳрум сохт. Қариб ҳамаи давлатҳои араб муносибаташонро бо Миср қатъ карданд. Дар ҳар сурат исломикунонии ҷомеаи Миср аз ҷониби Содот ба ӯ ҳеҷ гуна нуфузи сиёсӣ ва эътибор набахшид. Ба қавли Ҳайкал Содот «Таъкид кард, ки ӯ бо забони ислом сӯҳбат дорад, вале онҳое, ки муқобили ӯ буданд, даъво мекарданд, ки онҳо ба исломт наздиктаранд.
Чуноне ки мушоҳида мешавад, аз нимаи дуюми солҳои ҳафтодум муносибати Содот бо ихвониҳо ба мушкилӣ дучор мегардад. Ихвониҳоро ҳамаи он ислоҳоте, ки Содот дар Миср гузаронид, ба ҳеҷ ваҷҳ қаноатманд намесохт, алалхусус ислоҳоти иқтисодӣ, ки бар зарари табақае буданд, ки ихвониҳо ба он марбут буданд. Онҳо бунёди давлати теократиро мехостанд. Илова бар ин сулҳи Кемп-девид ба исломгароён ҳеҷ мувофиқат надошт, зеро онҳо онрогузашти зиёде ба Исроил ва бар зидди пуштибонӣ аз озодии Фаластин медонистанд. Бинобар ин ихвониҳо А. Содотро душмани ислом эълон карда ӯро ба қатл маҳкум намуданд.
Аз дигар тараф худи А. Содот низ аз наздикӣ бо ихвониҳо дилсард шуда буд. Алалхусус, баъди инқилоби исломии Эрон, ки шоҳи Эрон дӯсташ буд, фаҳмид, ки ихвониҳо наметавонанд такягоҳи давлати миллӣ, чунон ки ӯ орзу дошт, бошанд.
Дар соли 1981 буҳрони иқтисодию сиёсӣ ба дараҷаи олӣ расид. Тарафдорони Содот фақат буржуазияи компромадорӣ буду халос. Талошҳои ихвониён ва амалҳои онҳо барои ба даст гирифтани қудрати сиёсӣ афзуд.
Ихвониҳо Содотро ҳамчун душмани ислом дар паради ҳарбии 6-уми октябри соли 1981 (аз ҷониби созмони «Ҷиҳод» яке аз ташкилотҳои ихвониҳҳо) ба қатл расониданд. Ба ѓайр аз ӯ ҳафт нафари дигар низ қурбони ин сӯиқасд шуданд. Ба гуфти Ҳайкал «Бори аввал мардуми Миср фиръавни худро куштанд»
Ихвониҳо кӯшиш карданд, ки намоиши оммавиро ташкил карда зимоми ҳукуматро ба даст гиранд, вале ин барояшон муяссар нашуда, шуриши онҳо дар Асиют пахш карда шуд.
Баъди ба сари қудрат омадани президент Ҳусни Муборак ҳам, ихвониҳо мавқеъи худро дигар накарданд. Ҳамон тавре, ки пеш амал мекарданд, онро идома доданд. Аз идеалҳои стратегии худ «Бунёни ҷомеаи исломӣ», «Давлати исломӣ» баргаштан ба сохти давраи аввали ислом, исломи «пок»-и беолоиш, усулҳои мубориза барои ноил шудан ба ин ҳадафҳо даст накашиданд. Вале вобаста ба шароити нав ва имкониятҳо онҳо хостанд чун ҳизби парламентӣ дар Миср амал намоянд. Дар давраи Муборак нисбати ихвониҳо чораҳои сахт пеш гирифта шуд. Вале онҳо аз фаъолияти террористӣ ва ошубгарии худ даст накашиданд. Масан соли 1987 сӯиқасд ба ҷони вазири корҳои дохилӣ М. Исмоил, муҳаррири маҷаллаи «ал-Мусавваф» ташкил намуданд. Соли 1988 ба идораи полиси шаҳрчаи назди Қоҳира Абузабил ҳуҷум карданд ва ҳамин гуна ҳама солҳо ихвониҳо ин ё он моҷаро ё суиқасдҳоро роҳандозӣ кардаанд.
Дар давраи Ҳуснӣ Муборак ихвониҳо фаъолияти худро хеле ривоҷ дода, нуфузи худро дар байни аҳолӣ зиёд намуданд, масалан дар интихоботи 2000-ум ихвониҳо 17 ҷой дар парламенти Миср ишѓол карданд. Дар соли 2005 бошад, 88 ҷой, ки тақрибан 20% -ро дар парламент ташкил медиҳад, гирифтанд.
Дар натиҷа Мурсӣ намояндаи ихвониҳо бо аксарияти овозҳо президенти Миср интихоб мешавад, вале намоишҳо бар зидди ӯ аз байн намеравад ва апрели 2013 Муҳаммад Мурсӣ аз вазифааш дур карда мешавад. 30-юми июл барои холӣ кардани майдони «Таҳрир»нерӯҳои ҳарбӣ истифода мешаванд. Фармондеҳӣ ин нерӯҳо Абдулфаттоҳ Сисӣ ҳукуматро ба дасти худ мегирад. Ихвониҳо қарор нанишаста, намоиш мекунанд. 14 август дар Миср вазъияти фавқулодда эълон мешавад. 15 апрели соли 2014 суди Миср ширкати ихвониҳоро дар интихобот манъ карда, онҳоро ташкилоти террористӣ эълон мекунад. 3-юми июли соли 2013 А. Сисӣ президент Мурсиро аз вазифа дур сохта, амали кқонуни асосиро мувақатан боз дошт. 14 август пешвои рӯҳонии ихвониҳо Ҳомеъ Бадеъро ба ҳабс гирифт.
Дар соли 2015 байни ихвониҳои собиқадор, ки аз истифодаи қувва тарс доштанд ва роҳбарияти нави ихвониҳо дар муносибат ба низоми ҳарбии Миср ҷудоӣ ба амал омад. Дар ин бора Муршиди аршади собиқи ихвони Маҳмуди Ҳусейн изҳорот дод. Дар айни замон гурӯҳи дигари ихвониҳо изҳорот доданд, ки бар зидди ҳукумати ҳарбиҳо муборизаро идома медиҳанд.
Идеология ва назарияи сиёсии ихвониҳо ҳам дар ҳуҷҷатҳои расмии онҳо изҳороту оиномаҳои онҳо ва дар осори идеологҳои онҳо равшан баён шудааст. Аз ҷумла, дар фармоиши сиёсии онҳо қайд шудааст, ки шгариати исломиро асоси қонунгузории давлат ва зиндагии ҷомеа қарор медиҳанд ва кишварҳои исломиро (асосан арабиро) аз империализми хориҷӣ озод мекунанд. Шӯрои руҳониён барои иҷрои меъёрҳои шариат аз ҷониби ҳукумат бояд назорат намояд ва амали президантро дар ин асоси маҳдуд созад. Дар изҳороти онҳо омадааст, ки дар кивари исломӣ зан наметавонад президент интихоб шавад, зеро иҷрои ин вазифа ба табиати зан мувофиқат намекунад. Ҳоло ихвониҳо дар назди худ вазифа гузоштанд, ки низоми ҳарбии Мисрро фош намоянд ва обурӯи президантро байни мардум паст кунанд ва майли мардумро ба сӯи худ бештар сохта, ташкилоти худро ба нерӯи асосии сиёсии Миср чун таѓйирдиҳанди вазъияти сиёсӣ табдил диҳанд. Созмони «Ихвон-ул-муслимин» шакли созмони сиёсию ҳарбиро ба худ гирифтааст . Сохтори он тарзе бунёд шудааст, ки дар он интизоми қатъӣ ҳукмрон аст. Муршиди ом роҳбари умумии мактаби иршод (роҳбари созмон иборат аз 15 нафар) мебошад, маҷлиси шуро, аъзоён ба дараҷаҳо ҷудо карда шуданд: муҳиб, ахи арраъй, муаяд, мунтасиб, ахи ал-амал, ки ҳар кадом вазифаи муайян дошта, ба якдигар тобеанд. Занҳо низ дар созмон вазифаҳои хоси худро доранд.
Бародарони мусалмон таъсиримуайяне қариб ба ҳамаи кишварҳои исломӣ доранд. Ин таъсир ҳам ѓоявӣ, ҳам дар сурати бунёди ташкилоти ба ихвоинҳо монанд мушоҳида мешавад, аз ҷумла дар Урдун таъсири онҳо зиёд аст, зеро вақте вазъияти ихвониҳо дар Миср дар давраи президент Носир бад шуд, онҳоро ба Урдун муҳоҷират карданд. Як гурӯҳ идеологҳои он дар ин кишвар макон ёфта, ҳатто дар донишгоҳҳои он то ба дараҷаи устодӣ кор карданд, аз ҷумла М. Ѓаззолӣ. Онҳо дар ин ҷо ба нерӯи пурқувати сиёсӣ табдил ёфтанд. Роҳбари онҳо Ҳамза Мансур дар соли 2011 аз номи ихвоинҳо талаб кард, ки сарвазири Урдун аз тарафи шоҳ пешиниҳод карда нашавад, балки интихобӣ бошад. Онҳо ба аъзоёни парламенти ин кишвар низ таъсир доранд. Миқдори онҳо аз рӯи баъзе маълумотҳо то ба 15 ҳазор мерасид. Дар Сурия солҳои 70-уми асри гузашта ихвониҳо ба созмони пурқудрат табдил ёфтанд. Онҳо дар ин кишвар хеле фаъол буда, амалётҳои ҳарбӣ мегузаронанд. Ташкилоти онҳо бо номи «Пешоҳанги ҳарбӣ» машҳур шудааст. Дар соли 1980 роҳбарии ихвониҳои Сурияро Саид Хава ба уҳда дошт. Ба гуруҳи роҳбарони он чунин идеологҳои ифротгаро ба монанди Аднон Саид ад-дин, Алӣ ал-Боякунӣ, Аднон Оқла ва ѓ. дохил буданд. Аднон Оқла роҳбари гуруҳи ташкилоти зикршуда «Ат-талиъа ал-муқотила» буд. Ихвониҳои Сурия дар мубориза бар зидди Асад бо дигар созмонҳои муқобили Асад ҳамкорӣ мекарданд. Гуруҳи «Ат-Талиаъ ал- муқотила» сӯиқасд нисбати шахсони шинохтаи сиёии Сурияро ташкил карданд. Дар соли 1972 аз ҷониби онҳо ректори донишгоҳи Димишқ Муҳаммад Фадел кушта шуд. Терор рӯз ба рӯз афзуда мешавад. Соли 1978 прокрори Димишқ Адел Минӣ ба қатл расонида мешавад. Соли 1979 курсантҳои омӯзишгоҳи артилерии Алепо ( 2-юми август) кушта мешаванд. Дар ин ду зудухӯрди охир бештар аз сад нафар кушта мешаванд. Экстрремистҳои ихвонӣ ҳар соле зуд- зуд ягон ҳодиса террористӣ анҷом медоданд. 31-уми соли 1980 Шайх Муҳаммад Солеҳ Оқла кушта шуда, соли 1981 дар Ал-Аҷталил (Димишқ) таркиш ба вуҷуд омад, ки 90 кас ба ҳалокат расонида шу д ва 155 нафар захмдор шуданд. 2-юми феврали соли 1982 шуриш дар хеле минтақаҳо ба вуҷуд омад, шуриш аз тарафи нерӯҳои ҳукуматӣ пахш карда шуд, ки дар ин задухӯрд 25 ҳазор кушта шуданд. Дар ҳодисаҳои Сурия ихвониҳо нақши муҳим доштанд. Ташкилоти асосии онҳо дар ин давра «Фелак аш-Шом» буд. Ҳоло ҳам дар Сурия ихвониҳо созмонҳои худро доранд.
Давом дорад
Саидов Аҳмад -д.и.ф.